Нашрияи Омӯзгор

Ҳамсояҳои некукор

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Амаки Зайдулло, зодаи деҳаи Карсанг, бо аҳли хонаводааш зиндагии хушбахтона дошт. Вай ронанда шуда кор мекард. Он рӯзҳо ба сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак оғоз намуда буданд. Аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ коргарон ва ронандагонро ба кор даъват мекарданд. Амаки Зайдулло ҳам ба неругоҳ ба кор даъват гардид. Ба амак аз кӯчаи «Бародарон» хона доданд. Ӯ бо меҳнати ҳалол дар байни ҳамсояҳо ҳурмату эҳтиром дошт. Солҳо пайи ҳам сипарӣ мешуданд. Фарзандони амаки Зайдулло гоҳҳо ба аёдаташ меомаданд ва баъзе вақт амаки Зайдулло худ ба дидани набераҳояш мерафт. Чӣ ҳамсояҳои хубе дошт вай. Рӯзе агар ӯро намедиданд, бегоҳ ба хонааш омада, суҳбати гарме оғоз мекарданд. Баъди се сол маросими тантанавии ба кор даромадани агрегати якуми Неругоҳи Норакро ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯзҳо хурсандии амаки Зайдуллоро, ки ба нафақа баромада, бо завҷаи меҳрубонаш - холаи Зарафшон давлати пирӣ меронд, ҳадду канор набуд. Амаки Зайдулло рӯзе бемор шуду аз олам чашм пӯшид. Фарзандон ва ҳамсояҳо ӯро ба хок супориданд. Писарон баъди ба ҷо овардани маросими оши худоии падар ба дар қулф зада, модарро бо худ гирифта, ба зодгоҳашон баргаштанд. Холаи Зарафшон бо писари хурдӣ зиндагӣ мекард. Боре, саҳаргоҳон, аз хоб бархоста, оҳиста-оҳиста аз дар баромад. Касеро дар рӯйи ҳавлӣ надид. Се набераи хурдсолаш дар рӯйи кат нишаста бозӣ мекарданд. Дастархон кушода ва як пора нон дар рӯйи он меистод. Дар чойник чой хунук буд. Модар дар лаби кат нишаста, ҳамсояҳояшро ба ёд овард. Субҳидам духтари ҳамсоя дар даст косаи шири гарм ва нони гарм дари хонаро мекушоду бо чеҳраи хандон салом дода, зуд дар газ чой мемонд. Чойро дам карда, холаро ба ноништо кардан даъват мекард. Баъд аз ноништо зарфҳоро шуставу хонаро рӯфта, бо хола хайру хуш карда ба хонааш бармегашт.

Модар он рӯзҳоро ба ёд оварда, оҳи бадард кашид. Вай ба хонаи писари дуюм даромада келинро дид, ки дастони хамиролудаашро мешуст. Келин аз ҷой хеста ба модар салом дод ва ӯро рӯйи кат шинонд, дастархон кушода, ба наздаш нону чой гузошт.

Келин аз душвории шароит шикоят кард. Хола гуфт, ки ба ҳаминаш ҳам шукр ва пораи нонро ба чой тар карда ба даҳон бурд… Бегоҳӣ писараш аз кор омад ва дари хонаро кушода ҳолу аҳвол пурсида, модарро рӯйи кат даъват кард. Модар ба қаду қомати писараш бо меҳру муҳаббат назар карда гуфт, ки мехоҳад дам гирад. Писар дари модарро пӯшида, ба рӯйи кат баромад. Ду писараку духтараки нозанинаш дар бари ӯ нишаста, суҳбати ширини кӯдаконаи худро оғоз карданд. Завҷааш суҳбати ширини фарзандонро бо падар дида, наздашон омада нишаст.

Модар, ки рӯ ба рӯйи тиреза менишаст, ин манзараро тамошо карда, давраи ҷавонияшу соҳиби фарзандон шуданаш ба ёдаш расид.

…Рӯзи дигар холаи Зарафшон саҳарии барвақт аз хоб хеста, писарашро ба кор гуселонид ва ба рӯймоле куртаҳояш ва як нонро баста, ба роҳ баромад...

Холаи Зарафшон вақте ба кӯча ворид гардид, бачаҳо ӯро шинохта, ба пешвозаш давиданд ва модар бачаҳоро ба оғӯш гирифта, ашки шодӣ мерехт. Ин дам духтарон ва занони маҳалла аз хона баромада, холаро гарму ҷӯшон пазироӣ карда, ба хонааш бурданд. Дар як лаҳза холаро аз боло гузаронда, суҳбатро оғоз карданд. Хола ба ҳамсояҳояш гуфт, ки бе шумо зиндагӣ карда натавонистам. Суҳбати ширини ҳамсояҳо холаро шоду мамнун гардонида буд. Яке шеър мехонду дигаре дафтари хотираҳоро варақ мезад, сеюмин мерақсид.

Шодии холаи Зарафшон ҳадду канор надошт. Ҳар рӯзи хола ҳамин тавр мегузашт. Аз байн солҳо гузаштанд. Баъди зимистони қаҳратун баҳор омад. Мардум ба иди Наврӯз омодагӣ медиданд. Дар кӯчаи «Бародарон» низ марду зан ба ин иди хуҷаста тайёрӣ медиданд. Яке гандум мекӯфт, дигаре суманак мемонд, сеюмин хонаашро рӯбучин мекарду палосу гилемҳоро метаконид.

Духтарон бошанд, хонаи холаи Зарафшонро рӯфта, тоза карданд. Бегоҳӣ баъди хӯроки шом модар лаби кат нишаста, ёди писарон кард. Онҳо ваъда доданд, ки дар Наврӯз ба хабаргирияш меоянд. Хола боз як бори дигар хонаро аз назар гузаронд ва чашмаш ба расми девор афтод, ки амаки Зайдулло ва холаи Зарафшон бо се писараш дар он акс ёфта буданд. Расм каме каҷ овехта шуда буд. Инро дида, модар хост расмро рост гузорад. Ба баландӣ баромада, даст ба сӯйи сурат дароз карда буд, ки сарозер ба замин афтод ва сараш ба кати оҳанин бархӯрд. Баъди чанд лаҳза ҳамсоязан дар зарфе себи сурх хост холаро хабар гирад. Аммо ӯро дар рӯйи замин афтида дида, ба доду фарёд даромад. Ҳама ҳамсояҳо ҷамъ шуда, холаи Зарафшонро аз замин бардоштанд, аммо хола дигар ба ҳуш наомада, аз олам абадӣ чашм пӯшид. Аҳли кӯча дар ин бора ба писаронаш хабар доданд. Ҷасадро ба мошин гузоштанд ва ҳама аҳли кӯчаи «Бародарон» ба деҳаи Карсанг омада, дар шафати қабри шавҳари азизаш, амаки Зайдулло холаро ба хок супурданд.

Ба рӯҳи хола дуои фотеҳа хонда, ба писаронаш сабри ҷамил хоста, ба Норак баргаштанд. Оре, беҳуда нагуфтаанд, ки «ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур».

 

Гулсуной ГУРЕЗОВА,

омӯзгори мактаби №22-и

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш