Нашрияи Омӯзгор

Иншои хонагӣ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 850        Шарҳ: 0

 

Мавзӯи иншои навбатии муаллим Сабурӣ «Оилаи мо» буд. Ин мавзӯъ дар барномаи таълим чандин сол боз идома дошт. Муаллим наметавонист аз иҷрои супориш сар тобад. Вале аз ин мавзӯву навиштаҳои шогирдон дилгир шуда буд. Зеро мудом иншои ҳама як шаклу мазмун дошт. Ҳеҷ кас сирру асрори оилаи худро рӯшод наменавишт. Ҳама ҳақиқатро пинҳон дошта ба таърифу тавсифи аҳли оилаи худ, хусусан, падару модар мепардохтанд. Фарқи асосии мазмуни иншои онҳо дар нуфуси оила ва ҷойи кори падару модар буду бас.

Аз ин рӯ, ин дафъа муаллим ҷойи мавзӯъҳои озоди синфию хонагиро иваз кард. Ва мавзӯи «Оилаи мо»-ро барои навиштан ба хона супурд. Аз ин кор ғаразаш ду чиз буд. Аввалан, шогирдон ҳақиқатро нависанд ва ҳақиқатнигориро омӯзанд. Сониян, худи ӯ, ки нав ба ин синф роҳбар шуда буд, дар хусуси вазъи оилавии ҳар кадом шогирд маълумоти дақиқу кофӣ пайдо кардан мехост. Вай ҳатто мақсадашро аз шогирдон пинҳон надошт. Ва таъкид кард, ки ҳақиқатро нависанд, аз ибрози воқеият ва андешаҳои шахсӣ истиҳола накунанд. Қавл дод, ки ҳама сир танҳо байни ӯву шогирд мемонад. Агар бихоҳанд, ки иншояшонро шахси дигаре нахонад, онро дар дафтари расмии кори хаттӣ нею дар варақи алоҳида нависанд. Пас аз хонда баҳо гузоштан онро баргардонда ба дасташон месупорад…

Инак, ӯ иншои хонагии шогирдонро месанҷад. Воқеан, ин дафъа шогирдон матлабро хеле воқеӣ ва ҳақиқатнигарона навиштаанд. Махсусан, иншои духтараке бо номи Мино басо ошкоро ва муассир эҷод шудааст. Ӯ нигошта буд:

…Намедонам оилаамонро калон гӯям ё хурд. Аниқтараш замоне калон буд ва ҳоло хурд аст. Балки чанд фарозу нишеб, чанд зиёдию камиро дид. Ҳоло дар оила мо се нафарем –модарам, ман ва хоҳараки маҷрӯҳам, ки роҳ рафта наметавонад ва аз афташ, ҳеҷ гоҳ роҳрав нахоҳад шуд.

Замоне оилаи мо яке аз оилаҳои хушбахт ба шумор мерафт. Он давронро ба ёд меораму дилам гум мезанад. Дар байни аҳли хонадон ҳамеша хандаю шӯхӣ ва хушҳолӣ ҳукмфармо буд. Модарам дар хона, мудом бо мо-фарзандон. Падарам дар завод кор мекард. Гарчи бегоҳҳо ҳамеша дар хона мешуд, мо ӯро бо пазмонӣ интизор мешудем, баробари дидан бо шӯру шавқ ба сӯяш медавидему ба доманаш мечаспидем ва худро ба гарданаш меовехтем. Ӯ низ, гарчи мондаву хаста меомад, бо шодӣ ҳар кадомамонро ба оғӯш мегирифт, мебӯсид, сару рӯямонро сила мекард, баъд якеро сари даст мебардошт, дигареро ба гардан мешинонд, сеюмиро аз дасташ мегирифт ва дигареро пеш андохта, сӯйи хона роҳӣ мешуд.

Чун ба сари хони таом менишастем, волидайн мисли очагунҷишкон бо меҳру навозиш луқмаро ба даҳонамон мегузоштанд ва ҳама нозунузамонро мебардоштанд. Сари якеамон дард кунад, дар гирдамон парвона мешуданд, хобу хӯрро фаромӯш месохтанд. Ҳамчунин, байни ҳам чунон меҳрубон буданд, ки ҳаваси мардум меомад. Муносибаташон бо ҳамдигар ошиқу маъшуқро мемонд. Гоҳи муошират бо якдигар аз забонашон шаҳду шакар мерехт. Оре, он лаҳзаҳо дар дунё аз мо хушбахттар касе набуд.

Вале ба шодиву шодмонии мо чашм расид. Сафинаи бахтамон ба боди мухолиф дучор омаду шикаст. Бахти нагун моро пароканда кард ва бархеро нобуд сохт. Қиссаи ин ҳама дилхарош ва ҷигарсӯз аст.

Бемории гул (оспа) омаду акою апаамонро аз мо рабуд ва захми носуре бар ҷигари аҳли байт боқӣ гузошт. Баъдтар боз як хоҳараки дастёрамон гоҳи гӯсолабонӣ ногаҳон ба дарё афтода ғарқ шуд. Падару модарам аз ғам чунон афсурдаву фигор гаштанд, ки зоҳиран хӯсаҳои ҷунбонро мемонданд. Аксаран хапу хомӯш ва саргарангу андешаманд буданд. Мо аз меҳру навозишҳои пешинаи онҳо маҳрум монда будем, зеро ба ин маҷол надоштанд.

Барои мо - ду хоҳар ягона воситаи хушӣ хоҳараки дусолаамон буд, ки ҳамроҳаш бозӣ мекардем ва аз суханони ширини кӯдаконааш завқ мебурдему меболидем. Вале аз қазо рӯзе ӯ ҳам аз пуштораи ман афтоду сутунмуҳрааш шикаст ва маҷрӯҳи барҷомонда шуд. Ин охирин зарбаи муҳлике буд, ки қисмат ба сари мо зад. Ва дигар ҳеҷ яке аз мо ба худ наомаду қомати хамашро рост карда натавонист.

Хандаву шӯхӣ ва меҳрубониҳои пешина аз мо қаҳр карда рафтанд. Акнун ҳамеша хонаи мо мотамкадаро мемонд. Бе зарурат  касе ба касе ҳарф намезад. Ҳама табассуму хандаро фаромӯш карда буданд.

Мо аз ваҷоҳати падару модар метарсидем. Онҳо, ба назари мо, ҳамеша бадқаҳр ва омодаи танбеҳу задану кӯфтан буданд. Зану шавҳари замоне меҳрубон ҳоло қаҳрӣ барин мегаштанд. Рост ба рӯйи якдигар наменигаристанд. Гӯё барои бадбахтиҳои ба сари оила омада яке дигареро айбдор медонист. Акнун ба ҷойи шӯхию зарофатҳои пешина яке ба дигаре пичинг мегуфт, адоватомез чашм мепесонд, ба рафтору гуфтори якдигар хӯрдагирӣ мекарданду эрод мегирифтанд.

Аз ин вартаи авҳом роҳи халосӣ меҷустем, аммо намеёфтем. Ба ақли кӯтаҳи бачагонаи мо, агар модари ҳомилаамон писар таваллуд мекард, шояд ин вазъият андаке тағйир мехӯрд. Ва шабу рӯз интизор будему аз Худованд талаб мекардем, ки додарчаи эҳтимолии моро ҳар чӣ зудтар сиҳату саломат ба олами ҳастӣ биёрад. Вале фалак ба коми мо нагашт. Фарзанди охирини модарамон духтар таваллуд ёфт ва дер ҳам назист. Дигар моро ҷуз он намонда буд, ки ба тақдир тан бидиҳем ва ҳукми қазову қадарро интизор шавем.

Аз афташ, мусолиҳаи андаки падару модарамон ҳам ба умеди писар таваллуд шудани фарзанди охирин будааст. Акнун мо бо чашми сар медидем, ки онҳо якдигарро чашми дидан надоранд, нақши ҳамдигарро аз девор метарошанд. Барои андак гапу кори ночиз муноқиша мекарданд, ҳамдигарро таъна мезаданд. Падар модарамонро «духтарзо» мегуфт. Модар бошад, гоҳо сӯз медод, ки «писар ҳам зоидам, дар пешонаи танги ту нағунҷад, чӣ кор кунам?» Умумияти ягонаи эшон ин буд, ки барои духтари маъюб дилу ҷигар, мағз-мағзи ҷонашон месӯхт.

Модарам ё аз инҷиқиҳои шавҳар ба ҷон омад, ё ояндаи ӯву фарзанди маъюб ва бепаноҳии мо-духтаронашро пеши назар овард, ки боре ба падарам пешниҳод кард: «Мардак, ростӣ, аз ман чизе надидӣ. Зан гир. Шояд аз зани нават писарони тандурусту аҳли солеҳ ба дунё оянду хушбахт шавӣ». Падарам ин ҳарфҳоро чун киноя қабул кард, ё ин масъала дар гӯшаи гумонаш набуду онро як кори ношуданӣ донист, ки ситезид: «Гапҳои аҳмақона назан». Ва бо қаҳр хесту бадар рафт. Пас аз чанде модарам пешниҳодашро боз такрор кард. Падарам бо қаҳр сӯйи модарам як чашм песонду чизе нагуфт. Бори сеюм ба пешниҳоди модарам сар хам кард ва ба хаёл рафт…

Ба ҳар ҳол ташвиқоти зиёди модарам беасар намонд. Падарам ба хона зани нав овард. Ӯ як зани ҷавони фарбеҳи бефарзанди аз се шӯ монда буд. Азбаски нокому номурод ва аз зиндагӣ дилмонда буд, хеле бадҷаҳлу бадқаҳр менамуд. Ҳар чӣ бошад, палонҷҳо моҳи аввал бо созишу мадоро зиндагӣ карданд. Дар моҳи дуюм байнашон ҷанҷолу хархаша сар шуд. Аслан барои гапу корҳои майда-чуйдаву беҳуда. Мисли норӯфта мондани ҳавлӣ, шӯр ё камнамак омадани хӯрок, дар рӯзи «мамнуъ» ҷомашӯйӣ кардан ва амсоли ин. Вале дар зимн рашкутоби палонҷӣ.

Моиндар аввал бо мо дар як ҳуҷра мезист. Баъди ҷанҷолҳо падарам ҳуҷраашро ҷудо кард. Бо вуҷуди он, хархашаи байни палонҷҳо басанда нагашт. Баръакс, суханчинҳо ба оташи кину ғазаби онҳо равған рехта меистоданд, ки он торафт боло мегирифт. Ниҳоят хонаи мо ба бозори маҳшар табдил ёфт. Дигар тоқат карда он ҷо зистан муҳол буд.

Оқибат падарам боғамонро, ки аз хона андаке дуртар воқеъ буд, бо майли хотир ду тақсим кард ва дар ҳудуди як қисмаш кулбае сохт. Баъд ҳама хонаву ҳавлӣ, молу ҳол ва чизу чораро ба модарам бахшиду ҳамроҳи зани наваш ба он ҷо кӯчида рафт.

Мо зиндаятим шудем. Дигар обу оташи дили модарамро ҳадду андоза набуд. Албатта, падарам ҳар гоҳ назди мо меомаду аз ҳоламон хабар мегирифт ва кумаки моддиамон мерасонд. Вале ин модарамро қаноат намекунонд. Алами ӯ аз он буд, ки кадом як зани бе аслу насаби тагидоргурехта аз куҷое омада, соябони сараш ва такягоҳу пуштибони фарзандонашро аз ӯ даррабудааст. Бино бар он, дар ҳолҷӯйии навбатии падарам арбада кард ва ӯро аз хона ронд. Бо ҳамин қадами падар аз хонаи мо канда шуд.

Дугонаву дӯстони модарам, бо чӣ мақсад бошад, ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба воситаи суд аз падарам ҷудо шавад, гӯё мо аз ин кор бурд мекарда бошем. Модари содаам ҳамин тавр ҳам кард. Яъне, аз падарам расман ҷудо шуд. Вале мо бохти калоне кардем. Охир, суди бечора чӣ ҳам мекард, ҷуз он ки бачаҳоро ба тарбияи модар диҳаду аз падар алимент рӯёнад. Аслан падарам молу мулкашро аз судя ҳам боинсофонатар тақсим карда буд. Балки тақсим накарда ҳамаро ба, мо-фарзандонаш, бахшида буд. Ӯ аз хона ғайр аз либосҳои тани худ ва ҷиҳози зани наваш чизе набурдааст. Ниҳояташ аз ҳаётаамон як ҷойи хона гирифт. Акнун мо аз ӯ ба ҷуз алимент дигар чизе умедвор шуда наметавонистем. Ҳол он ки вай ҳар моҳ чанд баробари алименти муқарраркардаи суд ба мо пулу чиз меовард. Муҳимтар аз ҳама, мо аз дидораш, дилҷӯйиҳояш ва навозишҳояш, ки бароямон аз ҳама чиз қиматтар буданд, маҳрум шудем.

Касе наздамон намеомад. Ҳама аз хонаи мо пой кашида буданд. Ҳатто дӯстону дугонаҳои маслиҳатдеҳи модарам дидорашонро нишон намедоданд. Файзу баракати хонаамон парид. Кумак расондан чӣ, ки як кас намепурсид чӣ ҳолу рӯзе дорем. Модарам аз карда пушаймон буд. Вале намедонист сарашро ба куҷо занаду додашро ба кӣ гӯяд. Акнун ягон-ягон дар дафъи ҳолпурсии беғаразонаи баъзе пиразанони қади кӯчаю лаби обу сари пода ҳасрат мекард, ки саги соҳибзада шудем. Як кас намепурсад, ки зиндаӣ ё мурда. Ҳатто ҳамон дугонаҳои «ҷонсӯз»-ам як бор дидорашонро нишон намедиҳанд. Он бедардони худобехабар аввал маро ба васваса андохтанд, ки ба шавҳарат зан деҳ. Он гоҳ муттаҳам шуда нафасаш дарун мезанад. Занаш бошад, канизак барин хидмататро карда мегардад. Бори дуюм шӯр андохтанд, ки аз шавҳарат расман ҷудо шав, алименти бачаҳоятро бе музду миннат хӯрда мегардӣ. Шавҳарат то кай бо он зани зунг мегардад. Оқибат алимент додан зӯраш меояду хумори дидори бачаҳояш мегирад ва боз хушомад гуфта ба наздат меояд. Мани сода аблаҳӣ карда ба гапи онҳо даромадаму хонавайрон шудам. Акнун онҳо ҳама бо шавҳару фарзандонашон хушбахтанд. Аз дур ҳоли маро тамошо мекунанду механданд. Ҳо, одамони қадим беҳуда нагуфта будаанд, ки «гурба шӯ шуд-обрӯ шуд». Бевагӣ кӯйи сахте будааст. Рӯзи маро Худо ба душмани кас нишон надиҳад…

Модарам баъди ҷудошавиаш моро аз вохӯрӣ бо падар манъ кард. Мо ба дидори падар, ба суҳбату навозишҳояш, сарамонро сила карданаш зор шудем. Ман падару модар-ҳар дуро дӯст медорам. Ба хотири яке аз баҳри дигаре гузаштан намехоҳам. Саҳару бегоҳҳо ҳангоми ба кор рафтану аз кор омадани падар бо баҳонае худро ба кӯча мезанам, ки шояд аз дур ҳам бошад, дидорашро бинам. Аммо аксаран комёб намешавам. Ягон-ягон ва як лаҳза мебинаму халос. Дар ин лаҳзаҳо мехоҳам, ки ӯ ҳам маро бинад ва сухане бигӯяд. Вай бошад, аз ҳоли ман бехабар аст. Ё аз қаҳру ғазаби модарам метарсад, ё меҳри фарзандон аз дилаш зудудааст, ки ба сӯйи ман нимнигоҳе намекунад, балки аслан маро намебинад ва ман дар хаёлаш ҳам нестам. Ҳо, «аз дил биравад, ҳар он чӣ аз дида бирафт». Падар дар хамгашт панаҳ мешаваду ашкҳои ман жолавор рӯйи доманам мерезанд. Ва дидаҳоямро поккунон сӯйи хона роҳӣ мешавам. Ҳо, ман аз ошкор шудани ашки чашмонам истиҳола мекунам. Аз мардум шарм медораму аз модарам метарсам. Охир, ман пинҳонӣ ба сари роҳи падар баромадаам. Ин ҳоли маро танҳо касе мефаҳмаду дарк мекунад, ки ба чунин ҳолу ба чунин рӯз гирифтор шудааст…

Бо вуҷуди эҳтиёткориҳоям модар ин рафтори маро пай бурд. Аз пасам поид. Маро ғофилгир кард. Дар лаҳзаи интизорӣ, дар ҳоле ки бо падар чашм ба чашм задам, боздошт. Барқасди падар чанд мушту лағади обдор ба сару танам заду аз пой афтонд. Як лаҳза дидам, ки падарам фиғони маро шунида, зор-зор ба сӯям нигарист ва ашки чашмонаш ба замин чакид. Аммо чизе нагуфт, ба қафо нагашт. Баръакс, ба пеш қадам тез кард. Он ашки чашмони падар ҳамеша пеши назарам аст ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Ман рӯзе сад бор бо зорӣ ба падарам муроҷиат мекунам: «Падарҷон, дидоратонро аз мо дареғ надоред. Дасти шафқат аз сарамон дур накунед. Ҳар нигоҳу ҳар суханатон марҳами ҷисму рӯҳи афгори мост. Чун оби ҳаёт ба диламон қувват мебахшад. Бе он ниҳоли умеди мо пажмурда ва хушк хоҳад шуд». Хаёлан аз модар илтиҷо мекунам: «Модарҷон, моро аз дидор ва меҳру навозиши падар маҳрум насозед. Охир, ҳеҷ ҷонзоде бе навозишу ғамхорӣ зиста наметавонад. Наход ба мо дилатон насӯзад? Наход ба марги мо-ҷигарбандони худ розӣ бошед?»… Афсӯс ки ин зориҳои беовози ман ба ҷое намерасанд…

Албатта, ин аҳволи мо аз чашми мардум пинҳон намонд. Атрофиён ҳамаро медиданду медонистанд. Бино бар он, чанд шахси хайрхоҳ ба миёна даромаданд, ки падару модарамро ба ифоқа кашанду оштӣ диҳанд. Вале ҳар ду ба аспи қаҳру ситез савор буданд, ки ғурурашон имкон надод, оштӣ шаванд. Баръакс, коҳҳои пӯсидаро бод доданду бӯяшонро бароварданд. Аламҳояшон тоза шуд. Суханони миёнаравону тарафгирон ба оташи  ғазабашон доман зад. Модар таъна мезад, ки зан гирифтию ба хотири як зани бидав (нозо)-и бесару бепо аз баҳри фарзандонат гузаштӣ. Падар худсофӣ мекард, ки ту маро ба ин кор ташвиқ кардию ба ботлоқ тела додӣ, вагарна дар гӯшаи гумонам набуд, ки аз ҷигарбандонам ҷудо шаваму «зиндагӣ аз сар гирам». Ва гоҳе ки тарафҳо андак ором мешуданд, ногоҳ хешовандони яке ё ҳар ду пайдо шуда меомаданду тарафгирӣ мекарданд, ҷониберо бод медоданд ва корро вайрон мекарданд. Яъне, аз нодонӣ хизмати хирсона мекарданд. Оре, амалан ба туфайли падару модарам ду авлод ба ҳам адоват пайдо карда буданд.

Шояд ба эътибори он ки «сахтдилонро сухани сахт ба ислоҳ орад», миёнҷиҳо ҳам ба падару модарам суханҳои сахт мегуфтанд, ки ба ҷигари мо корд барин мехалид, вале ба хотири сулҳу салоҳи хонавода таҳаммул мекардем.

Муаллимони таъриху адабиётамон қариб дар ҳар дарс такрор ба такрор мегӯянд, ки мо халқи пурсабр, сулҳдӯст ва мутамаддин ҳастем. Мутаассифона, ман дар муносибату рафтори падару модар ва хешовандон акси ҳолро мебинам. Биёед, ана ба ҳамин масъалаи одии муносибати оилавӣ назар андозем. Аз хондаву шунида, тамошои кино, нақлҳои муҳоҷирон ва гуфтаҳои омӯзгорони забонҳои хориҷиамон медонем, ки аврупоиён дар ҳалли масоили оилавӣ хеле одиланд. Билфарз, агар касе бо ҳамсараш зиндагиро давом додан нахоҳад, бе ҳамҳамаю дағдаға ва ҷангу ҷанҷол ба суд муроҷиат мекунад. Суд аз рӯйи қонун ақди никоҳи эшонро бекор месозад. Дар доираи қонун ва ризоияти тарафҳо чизу чора ва фарзандонро тақсим мекунад. Ҳамсарони собиқ бе ҷанҷолу хархаша зиндагии худро давом медиҳанд. Ҳатто, агар дубора хонадор шаванд ҳам, алоқа ва дӯстиашонро давом медиҳанд. Ба муносибати онҳо на хеш дахолат мекунаду на бегона. Онро кори шахсии ҳар кас медонанд. Яъне, дил дили Зайнаб. Падар ё модар бемалол ба хонаи ҳамсари собиқаш рафта аз ҳоли фарзандонаш хабар мегирад. Лозим ояд, ба онҳо кумаки молию маънавӣ мерасонад. Ана ин аст инсофу адолат, ин аст ақлу шуур. Аз афташ, ба падару модари ман ва атрофиёни онҳо ана ҳамин чиз намерасад. Пас, куҷост адолат, куҷост диёнат, куҷост маданияту фарҳанг ва ақлу шуури мо?!

Модарам ору номус карда бо ҳаммолӣ, ба ивази нури чашмаш барои дӯхтани либоси мардуму таҳияи ҷиҳози арӯсон ду духтарро ба шавҳар баровард. Ӯ падарро ҳатто ба тӯйҳо хабар накард. Аз ин рӯ, вай ҳамчун туҳфа ба духтарон яктогӣ қолин фиристоду бас. Аз ин бештар на ҳиммат дошт, на бизоат. Ҳо, ҳиммат ҳам аз доштан мешавад. Дар ҳақиқат, ӯ пасандози кофие надошт. Охир, сию панҷ фоизи маошаш ба алимент мерафт. Боқимондааш барои хӯроку пӯшоки ду нафар ва шикастани орзую ҳавасҳои зани ҷавонаш ба зӯр мерасид. Аз рӯйи шунидам, гоҳ-гоҳ аз дукондорон қарздор ҳам мешуд.

Аммо афсӯс, ки апаҳои ман дар оилаҳояшон хушбахт нашуданд. Онҳо нуқсе надоштанд. Аз ҳеҷ кас кам набуданд. Айбашон ин, ки ба хонаи шавҳарон кам ҷиҳоз бурдаанд. Бино бар ин, аз қадами аввал ба назари хушдоманҳо бад намуданд. Онҳо қариб ҳар рӯз бо баҳонаҳои ночиз писаронро шӯронда, арӯсони бечораро гирифтори шаттаву озор мекунанд.

Апаҳоям аз чанд ҷиҳат ба падару модарам нафрат, ё ақаллан кароҳият доранд. Аввалан, агар волидайн аз ҳам ҷудо намебуданд, онҳо ба хонаи шавҳарон ҷиҳози кофӣ мебурданду рӯйсурх намешуданд. Сониян, тарафгиру пуштибон медоштанд. Солисан, ҳоло аз ҳар ду тараф рӯйхунук буданд. Якҷониба бо модар дар иртибот бошанд, аз падар хиҷолат мекашанд. Ба хонаи падару моиндар равуо кунанд, модар ба ғазаб меояд. Намедонанд чӣ кор кунанд.

            Беандешагиву ҷудоии падару модар қалбҳои моро ба дард овардааст. Оре, зиндаятимӣ аз ятимӣ бадтар аст. Зеро ятим танҳо аз муҳтоҷӣ азоб мекашад. Зиндаятим бошад, ҳам аз муҳтоҷӣ озор мебинад, ҳам аз айбу шарми мардум. Зеро мардум, албатта, яке ё ҳар ду ҳамсари ҷудошударо ба нокасӣ маҳкум мекунанд. Ва аксар дар андешае ҳастанд, ки аз нокас кас намерӯяд. Пас, хоҳу нохоҳ фарзандони ин гуна шахсон нописанду номанзур ва беэътибор мешаванд. Шояд як сабаби беқадрии апаҳои ман низ ҳамин бошад. Ана аз ҳамин ҷиҳат ҳамеша банди дили маро як санги гарон тазйиқ медиҳад.

Ман аз духтар таваллуд шуданам ҳазор бор пушаймон ва норизо ҳастам. Агар ман ё яке аз хоҳарони хурду бузургам писар мешудем, шояд бунёди оилаи мо футур намерафт. Зеро мард ҳамеша посутуни хонадон буду ҳаст. Аз он, ки мани ноуҳдабаро хоҳаракамро афтондаму ӯ як умр маъюбу маслух шуд, ҳамеша дар хиҷолатам, мудом худро гунаҳгор ҳис мекунам. Ҳар гоҳ, ки ӯ бо шунидани шарфаи пое ба берун нигоҳ мекунад ё бо чашмони маҳзун ба дар менигарад, гумон мекунам, ки роҳи падарро интизор асту аз вай мадад меҷӯяд. Дигар тоқати дидани чашмони зору интизори ӯро надорам. Ба худ марг металабам, то ки дарду доғашро набинам.

Ба хотири андаке кам кардани гуноҳи худ аксар вақт ба парастории ӯ машғул мешавам. Гоҳе ки модарам бо мақсади пайдо кардани қути лоямуте барои муздурӣ ба хонаҳои мардум меравад, дилам намешавад, ки хоҳараки маъюбамро дар хона танҳо гузорам ва аз дарсравӣ даст мекашам. Муаллимон бошанд, инро намедонанд, ё донистан намехоҳанд, ки маро сарзаниш мекунанд, суханони заҳрогин мегӯянд ва ба ҷароҳати дилам ханҷол зада, онро хуншор месозанд…

Муаллим, ки то ба ин ҷойи иншо расид, ба дидагонаш ашк ҳалқа заду дигар хонда натавонист. Сарашро бо ду даст дошт. Чашмонашро пӯшид. Лаҳзае қади ниҳолаки наҳиф, чеҳраи заҳиру пажмурда, лабони бехуни мудом баста ва чашмони маҳзуну фурӯрафтаи Миноро пеши назар овард. Ва худ ба худ гуфт: «Яке аз онҳое, ки ба ин духтараки маъсум заҳр задаву дилашро хуншор кардааст, манам… Вой бар ман!»...

Эҳсон Субҳон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш