Рӯзноманигори муваффақ ва адиби соҳибистеъдод, устод Эҳсон Субҳон соли равон 75-умин солгарди умри пурбаракату файзбори хешро истиқбол гирифтанд. Рӯзгорони устод хеле рангину пурҳаводис буда, бо хидмати содиқонаву ошиқона ба халқу миллати азиз ва ба матбуоту адабиёт иртиботманд аст. Устод солҳои тӯлонӣ (аз солҳои 70-ум то солҳои 90-уми садаи бист) дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» ба сифати корманди масъул ва муҳаррири шуъба кор карда, дар такмили мазмуну муҳтавои ин нашрияи нуфузманди кишвар саҳми босазо гузоштаанд.
Дар баробари таҳрири хушсифату борикбинонаи нигоштаҳои гуногуни муаллифон устод худ пайваста оид ба умдатарин масоили рӯз, вазъи мактабу маориф, навгониҳои илму фарҳанг, риояи қавоиди забон ва ҳусни баён, сифати китобҳои дарсӣ, вижагиҳои одоби муошират, мавқеи адабиёт дар ҷомеа… мақолаҳои судманду дилписанд ба нашр расондаанд. Махсусан, нигоштаҳои ғамхоронаю мӯшикофонаи устод перомуни покизагии забони тоҷикӣ ва арҷгузорӣ ба ин забони тавонманд аз тарафи доираи васеи хонандагон самимона пазируфта шудаанд. Як ҷанбаи пурбори фаъолияти устод Эҳсон Субҳонро эҷоди бадеӣ ташкил медиҳад. Устод ҳамчун адиби пурмаҳсул муаллифи чандин китоби ҳикояву қиссаву роман (аз ҷумла, китобҳои «Донаи умед», «Ташнаи дидор», «Дили сӯхта», «Қадаҳои шикаста», «Чашмандоз», «Шишаи номус», «Ғариби хонаи хеш», «Ашки қалам», «Номаи гумшуда», «Қатраборон», «Санг ҳам диле дорад») мебошанд, ки ҳама бо сабку услуби хос ва бо бадеияти баланду забони шево эҷод гардидаанд.
Мо ифтихормандем, ки устоди арҷманд солҳо боз дар нафақа бошанд ҳам, қалам аз даст нагузоштаанд ва аз ҷумла, бо нашрияи азизи худ –«Омӯзгор» риштаи иртибот накандаанд ва ҳар гоҳ мақолаеву ҳикояе ба нишонии мо ирсол менамоянд. Устоди муҳтарам ва инсони наҷиб Эҳсон Субҳонро ба ифтихори 75-солагиашон табрику таҳният мегӯем ва барояшон идомаи рӯзгори пурбаракат, саломатии устувору азму иродаи пойдор таманно дорем.
Аҳли қалами ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр