Нашрияи Омӯзгор

Он, ки аз кори ҳалоли худ саре дорад баланд

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 874        Шарҳ: 0

 

Дар нимаи дуюми асри бист ва аввалҳои асри бисту якум мактаби рассомии тоҷик рушд карда, мавқеи махсус пайдо намуд. Имрӯз номҳои рассомони тоҷик Суҳроб Қурбонов, Зуҳур Ҳабибуллоев, Сабзаалӣ Шарифов, Валимад Одинаев, Сайфиддин Шералиев, Мурувват Бекназаров, Юсуф Сангов, Аҳмад Юсупов, Раҳим Сафаров, Меҳрӣ Носирова, Фаррух Хоҷаев ва Акмал Миршакаров дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он маълуму машҳуранд. Мусаввири мониқалам, наққоши чирадаст, омӯзгори серталаб, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Анваршо Сайфуддинов низ дар ин радиф аст.

Анваршо Сайфиддинов узви Иттифоқи рассомони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (аз соли 1984) ва Тоҷикистон буда, аз соли 1979 дар намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок меварзад. Рассоми шинохта дар иҷрои сабкҳои наққошӣ, кундал, мозаика маҳорати хос дошта, бисёре аз биноҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо санъати баланд оро додааст. Ороиши монументалӣ-намо аз гаҷ дар тарабхонаи “Восточная кухня” дар шаҳри Владимири Федератсияи Россия (1979-1980), наққошии “Олами зериобӣ”  дар кӯдакистони ноҳияи Ёвон (1989), наққошии “Алломаҳои Шарқ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1982) намуна аз корҳоеанд, ки А. Сайфиддинов анҷом додааст.

Дар асарҳои номбурда унсурҳои миллӣ бештар истифода гардидаанд. Дар  асарҳои устод нақши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, асбобсозӣ ва гилкориро мебинем.  Дар офаридаҳои “Секунҷаи гулобӣ”, “Тирамоҳи тиллоӣ”, “Эҳё” кӯзаҳо дар шаклҳои гуногуни геометрӣ ба қалам дода шудаанд, ки бинандаро ба андеша мебаранд. Истифодаи рангҳои гуногун, ҳамоҳангӣ ва ҷаҳони объективии рангҳо дар ин асарҳо хеле ҷолибанд. Таҷассуми гулдӯзиҳои миллӣ дар эҷодиёти рассом Анваршо Сайфуддинов мавқеи алоҳида дорад. Рассом тавонистааст, ки дар мусаввараҳои худ намунаҳои гулдӯзиҳои манотиқи мухталифи кишварамонро мавриди истифода қарор диҳад. Дар натюрморти «Чойники сафед», ки дар он нақшу нигори чакан бо тобишу ҷилои рангҳои гуногун ба қалам дода шудааст, ин хусусиятҳо ба чашм мерасанд. Дар мусаввараи “Себҳои сафед” нақшҳои қуроқӣ, ки яке аз ҳунарҳои маъмули мардуми тоҷик мебошад, мушоҳида мешавад. Ҳамчунин, рассом чархчӯби қадимаи дӯғкаширо, ки хосси мардуми кӯҳистони тоҷик аст, дар яке аз асарҳояш бо маҳорати баланд тасвир кардааст. Ин шаҳодати он аст, ки муаллиф ба таъриху фарҳанги миллати худ меҳру муҳаббати беандоза дорад. Ҳар як ҳунарманди асил, рассоми мониқалам сирри касбие дорад, ки он дар ҷузъиёту резакориҳояш, дар навъҳои мухталифи офаридаҳои ҳунарияш таҷассуми худро меёбанд. Асарҳои ӯ “Чойники сафед”, “Вохӯрӣ”, “Корвон”, “Секунҷаҳои гулобӣ”, “Себҳои сафед”, “Нисфирӯзӣ”, “Тирамоҳи тиллоӣ”, “Занги гаҳвора”, “Навои помирӣ”, “Лухтакҳои Шарқ” ва “Ёди бачагӣ” аз ҷиҳати тасвир ва банду баст бисёр аҷибанд.  Анваршо Сайфудинов чунин мегӯяд:

- Омилҳое мав-ҷуданд, ки ба инсон таъсир мерасонанд, зеҳнро мусаххар месозанд, ба торҳои эҳсос нохун мезананд ва он гоҳ дигар чизеро дар атроф намебинӣ, ба ҷуз он ҳолате, ки саропо туро асири худ кардааст. Оҳанги рӯҳи худро хеле гуворо мешунавӣ, ки оромиятро барҳам мезанад ва он гоҳ тамоми қафасҳои гирифториро дур меафканӣ ва меравӣ ба олами зебои рӯъёи хештан. Хуш ба ҳоли оне, ки ин лаҳзаро дарёбад ва ба баёни ҳолати рӯҳонӣ ва кайҳонии худ пардозад...

Солҳои 90-уми асри XX рассом як силсила композитсияҳои беашёро офарид, ки онҳо навоварӣ дар санъати муосири тоҷик эътироф гардидаанд. Яқин аст, ки фаъолияти пурсамар доштани мутахассисони соҳибкасбу соҳибҳунар дар ҳар кишваре боиси пешрафти фарҳангу санъат гашта, барои ташаккул ёфтани он бахшҳо заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Анваршо Сайфуддинов аз соли 1977 дар омӯзишгоҳи рассомӣ-республикавӣ (ҳоло коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов) ҳамчун омӯзгор фаъолияти назаррас дошта, дар муддати 44 соли корӣ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Онҳо касби устоди худро идома дода, дар арсаҳои гуногуни ҳунар муваффақ гаштаанд.

Намоиши офаридаҳои А. Сайфуддинов соли 2001 дар Осорхонаи Камолиддини Беҳзод, соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Сирена”-и шаҳри Душанбе ва 27-уми апрели соли 2021 дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Чил калид”  бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардидаанд. Асарҳои рассом дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаву коллексияҳои шахсии Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия ва Аврупо нигаҳдорӣ карда мешавад. Анваршо Сайфуддинов ҳоло дар айни камолоти эҷодист ва умедворем, ки боз ҳам барои пешрафт ва гулгулшукуфии санъати рассомии тоҷик хизматҳои босазое хоҳад кард:

Он, ки аз кори ҳалоли худ саре дорад

баланд,

Дар ду дунё бар сари сабзаш намеояд

газанд.

Ҳабиба Солиева,

омӯзгори калони коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии

ба номи М. Олимов 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш