Нашрияи Омӯзгор

238 ҳамоиш дар шаш моҳ

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 764        Шарҳ: 0

- Нишастҳои матбуотӣ, ки соле ду маротиба баргузор мешаванд, дар тақвияти кори таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва густариши ҳамкории рӯзноманигорон бо устодон нақши муассир мегузоранд, - бо ҳамин суханон оғоз бахшид ба нишасти матбуотӣ дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ  ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ.

Сипас, ректор оид ба паҳлуҳои фаъолияти аҳли донишгоҳ вобаста ба раванди таълиму тарбия дар давоми шаш моҳи охир ва умуман, дар иртибот ба ҷамъбасти соли таҳсил суханронӣ кард.

Нишасти матбуотӣ дар заминаи пурсишу посух бо рӯзноманигорон идома ёфт. Дар ин замина таъкид гардид, ки донишгоҳ дар давраи мазкур ба як силсила дастовардҳои шоиста ноил гардидааст. Махсусан, дар боби таҳия, тарҷума ва нашри китобҳои гуногун комёбиҳои аҳли донишгоҳ шоистаи таҳсинанд. Теъдоди китобҳои дарсӣ ва дастуру роҳнамоҳои таълимӣ, ки дар соли 2018 бо қарори Шӯрои илмиву методии донишгоҳ ба нашр расиданд, аз 70 номгӯй иборат аст. Дар маҷмӯъ дар соли сипаришуда 14 омӯзгори донишгоҳ рисолаи илмии хешро бомуваффақият дифоъ карданд ва  ҳамбаста ба ин ду нафар ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳо ва 12 нафар ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳо ноил гардиданд.

Моҳи апрели соли 2018 конфронси илмӣ-назариявии устодон, кормандон ва донишҷӯён таҳти унвони «Самтҳои нави рушди устувор: рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда буд. Дар ин конфронс 519 маърӯза аз тарафи устодон ва 757 маърӯза аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод ва дар бахшҳо шунида шуд. Ҳамчунин, ба ифтихори 140-солагии устод Сад-риддин Айнӣ 16-17 апрел дар донишгоҳ ҳамоиши байналмилалӣ бо номи «Садриддин Айнӣ – асосгузори адабиёти реалистии халқҳои Осиёи Марказӣ» созмон дода шуд, ки дар он теъдоди зиёди олимони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд. Маърӯзаҳои ба ин ҳамоиш пешниҳодшуда дар шакли китоби алоҳида ба нашр расиданд. Умуман, дар шаш моҳи аввали соли равон дар донишгоҳ 238 ҳамоиши гуногунсатҳи илмию маърифатӣ ва методӣ баргузор карда шуданд.

Донишгоҳ дар байни 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии олимпиадаи фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2017-2018 ҷои 3-юмро ишғол кард. Дар ин давра робитаҳои байналмилалии таълимгоҳ боз ҳам густариш ёфтанд. Донишгоҳ бо Донишгоҳи байналмилалии тадқиқотии Ҷетсзяни ҶХЧ  ва макотиби олии Бухоро, Андиҷон, Деҳнав ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳо ба имзо расонд. Ҳоло дар донишгоҳ беш аз 200 шаҳрванди хориҷӣ аз Турк-манистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркия, Афғонистон таҳсил менамоянд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ М.Салимӣ аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо аҳли донишгоҳ боз ҳам тақвият бахшанд.

А. Илёспур,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш