Нашрияи Омӯзгор

Раҳнаварди ҷодаи илмҳои дақиқ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Устоди варзидаву инсони комил, мутахассиси соҳаи назарияи ададҳо, доктори илмҳои физикаю математика, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зарулло Раҳмонов аз зумраи олимонест, ки  ӯро на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам мешиносанд.

Ӯ 10-уми декабри соли 1959 дар ноҳияи зебоманзару донишпарвари Деваштич чашм ба олам кушода, пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд ва соли 1979 таҳсилро дар факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов идома бахшид. Мавсуф соли 1986 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Тақсимшавии характерҳои Дирихле” (зери роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика, профессор А.А.Каратсуба) бомуваффақият ҳимоя намуд.

Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, соли 1986 фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси ассистенти кафедра оғоз намуда, аз соли 1987  ҳамчун муаллими калон ва  аз соли 1991 бошад, ҳамчун  дотсенти кафедра фаъолият дошт.

Устод З. Раҳмонов соли 1992 ба шуъбаи докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1994 онро ба итмом расонд ва соли 1996 рисолаи докториашро бо унвони “Ададҳои сода ва қиматҳои миёнаи функсияи Чебишев” бомуваффақият ҳимоя кард. Мавсуф аз соли 1996 ба ҳайси мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Тоҷикистон интихоб гардида, соли 1999 то кунун вазифаи директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи  миллии илмҳои  Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Аз соли 2000 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012 сазовори унвони илмии профессор ва соли 2017 бошад, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ростӣ, дар баробари донандаи илмҳои зиёду гуногун будан, он сифатҳои неке, ки Худованд барояш ато кардааст, боз ҷамоли нуронии ӯро муҷаллотар сохтааст. Чун рафтору кирдор ва пиндори ӯро мушоҳида мекунем, бароямон хуш меояд, ки пайравӣ аз кори ӯ дошта бошем. Чунон ки К. Галветский фармудааст: “Касеро, ки дар ҳақиқат ба таърифу тавсиф меарзад, таърифу тавсиф кардан хеле душвор аст”.

Оид ба дастовардҳои илмии академик З.Раҳмонов роҳбари ӯ, профессор А.А. Каратсуба изҳор доштааст: “З.Раҳмонов яке аз мутахассисони барҷастаи соҳаи назарияи аналитикии ададҳо аст. Натиҷаҳои назаррас ва бесобиқа оид ба тақсимшавии ададҳои Голдбах ва Харди-Литвуд дар прогрессияҳои арифметикии кӯтоҳ дар муаммои қиматҳои миёнаи функсияи Чебишев ва муаммои нулҳои дзета-функсияи  Риман, ки дар росткунҷаҳои кӯтоҳи тасмаи критикӣ мехобанд, дар баҳодиҳии суммаҳои кӯтоҳи тригонометрӣ, дар муаммои Голдбах бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар ба ӯ мансуб аст. З.Раҳмонов дар солҳои охир натиҷаи рекордиро дар муаммои Селберг, марбут ба нулҳои дзетафунксияи Риман, ки дар фосилаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ мехобанд, ба даст овард. Вай, инчунин, мутахассиси олидараҷаи қисмати алгебра, таҳлили математикӣ, топология ва назарияи функсияҳои комплексӣ мебошад”.

Академик З.Раҳмонов дар тайёр кардани наслҳои ҷавони даврони истиқлол  саҳми назаррасе доранд ва обрӯи ватанию берун аз онро касб карда,  марди комилу беназир ва ҷасуру шинохтаи кишвар муаррифӣ гардидааст.

Номбурда дар соҳаи назарияи таҳлилии ададҳо яке аз мутахассисони барҷастаи кишвар маҳсуб шуда, сарвари мактаби илмии назарияи таҳлилии ададҳо дар Тоҷикистон мебошад. Фарзандони устод З. Раҳмонов ҳам касби падарро интихоб карда, номзади илм ва таълимгирифтаи мактаби падарашон мебошанд. Дар зери роҳбарии устод зиёда аз 17 рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя гардид ва шогирдонаш дар бештари донишгоҳҳои ҷумҳурӣ кору фаъолият доранд.

Огоҳ будани ҷавонон аз зиндагиву фаъолияти ин марди некрой ва олими пуртаҷриба барои соҳиби малакаву маҳорату дониши касбӣ, хислатҳои хуби инсонӣ шудан раҳнамоӣ мекунад. Ман аз он ифтихор дорам, ки дар назди чунин донишманди нотакрор, устоди соҳибназару дилсӯз  касби илм намуда, дар паҳлуи ӯ фаъолият дорам, аз таҷрибаву машваратҳояш баҳравар мешавам. Орзуманди онам, ки ба тану ҷонашон газанде нарасад, ҳама паҳлуҳои ҳаёташон – оила, кору эҷодашонро комёбиҳои зиёд пайгирӣ намоянд.

Алишер Раҳимов,

муовини директори Институти математикаи АМИТ, номзади илмҳои физика-

математика


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш