Нашрияи Омӯзгор

Ҳомии лафзи равону шаҳдрез

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар

шумораи гузашта)

Соли 1965 рисолаи номзадӣ ва соли 1972 рисолаи докториро дар риштаи забони адабии тоҷик ҳимоя кардааст. Соли 1987 узви вобастаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб мешавад. Мавсуф Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001), барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Сино (2001) мебошад.

Профессор Ш. Рустамов пайваста ба он мекӯшид, ки забони адабии тоҷик аз ҳама гуна олоишҳо, таркибу вожаҳои бегона ва аносири нуқсовар тоза бошад. Ба ҳама ноҷӯриҳое, ки сари забони адабии  тоҷик оварданӣ мешуданд, дилаш месӯхт ва барои нигоҳдории асолати забони модарӣ мубориза мебурд. Ӯ аз аввалин афроде маҳсуб мешавад, ки солҳои ҳаштодуми садаи бистум сари масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми забони давлатӣ талош варзидаанд. Дар ҳимояти забони тоҷикӣ аз минбарҳои мухталиф ибрози назар мекард. Он солҳо роҷеъ ба ин масъала сухан кардан кори саҳл набуд. Ш. Рустамов борҳо бо «забонгумкардаҳо» баҳсҳои шадид карда, ба ҳимояи забони ширину ноби тоҷикӣ бархостааст. Эътимоди қавӣ бар он дошт, ки ин забон пояи устувор ва куҳани таърихӣ дорад ва ҳар нохалафе, ки ба ин забони куҳанбунёд санг мепартояд, он санг дер ё зуд ба сари худаш мезанад.

Забони тоҷикӣ забонест ширину гуворо. Ва маҳз ҳамин шириниву содагӣ ва ҷаззобияташ сабаб гашта, ки ҳазорсолаҳо воситаи муоширати расмии ҳокимону амирони сарзамини доманадори осиёӣ бошад. Иқбол беҳуда нафармудааст, ки:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Устод Ш.Рустамов дар таҳияву татбиқи Қонун «Дар бораи забони ҶШС Тоҷикистон” фаъолияти мондагор дошт. Ба қавли олими ҳақшинос Т.Ваҳҳобов, «дар подоши он мардуми одӣ ӯро бо унвони фахрии «академики мардумӣ» сазовор донистаанд». Ш. Рустамов дар ҳимояи забони тоҷикӣ аз сарчашмаҳои муътамад фаровон истифода кардааст. Масалан, менависад, ки «дар таълифоти академик Бобоҷон Ғафуров забон мавқеи махсус дорад. Забон дар ихтиёри ӯ на танҳо ҳамчун воситаи муошират, ифодаи марому мақсад, балки ба сифати мабдаи таҳқиқ низ хидмати шоиста кардааст. Олим таҳқиқи таърихи халқу забони ӯро дар ягонагии ҷудонашаванда мебинад, онҳо дар таҳқиқи воқеии якдигар мусоидат менамоянд».

Забоншинос Ш. Рустамов ба ҳама афкору ақидаҳои бемавриду ноҷои душманони забони тоҷикӣ ҷавоби нишонрасу боэътимод медод.  Доир ба он ки забони тоҷикӣ мутааллиқ ба кадом минтақаву кадом давру замон аст, олим навиштаҳои академик Б. Ғафуровро ҷонибдорӣ мекунад: «Забони адабиёти  классики тоҷику форс дар ҳудуди Мовароуннаҳр, Систон, Хуросон ташаккул ёфтааст. Маҳз дар ҳамин ҷо (асрҳои IX-X) пояи забони адабие, ки дар ҳаёти таърихию мадании Осиёи Миёна, Эрон ва мамлакатҳои дигари Шарқи Наздик ва Миёна роли бузург бозидааст, устувор гардид. Маҳз аз Бухоро, Самарқанд, Балх, Ҳирот, Тӯс ва дигар вилоятҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон аввалин эҷодкорони бузурги ин адабиёт ба зуҳур омадаанд».

Дар муайян намудани пайдоиш ва густариши забони адабии тоҷикӣ Ш. Рустамов хизматҳои беназири С. Айниро борҳо зикр намуда, ақидаи зерро ҷонибдорӣ кардааст. «Маҳз дар Бухоро, на дар ҷойи дигар ташаккул ёфтани забони адабӣ ва адабиёти классикии тоҷик низ аз назари нависандаи забардаст ва олими беназири халқи тоҷик устод Айнӣ дур намондааст...

Дар ягон асару мақолаи олимони дигар, ҳатто забоншиносон, замина ва омилҳои асосии ташаккули забони  адабӣ ин тавр равшану возеҳ дарҷ нагардидаанд. Дар навиштаи устод Айнӣ омилҳои ҷуғрофӣ, яъне аз Бағдод дур будани Бухоро, демографӣ, яъне ба истифодаи забони модарии хеш ҳавасманд будани аҳолии қаламрави Давлати Сомониён, омили сиёсӣ, яъне мавҷудияти давлати миллӣ ва барои ба забони миллӣ ба роҳ мондани корбарии расмӣ ва ба ин забон муомила ва эҷод кардан ҳавасманд, ҳатто ҳарис будани ин давлат, омилҳои маданиву фарҳангӣ, яъне бо ин забон аллакай ба кори эҷодӣ шурӯъ намудани аҳли илму адаб ва сиёсат, ба пойтахти мамлакат – шаҳри Бухоро гирд омадани онҳо дарҷ гардидаанд».

Бо ин гуфтаҳо профессор Ш. Рустамов пойдории забони тоҷикӣ ва ҳамчун забони адабӣ вуҷуд доштани онро то аҳди Сомониён таъкид ва таъйид намудааст.

Мавсуф ба илми забоншиносии тоҷик теъдоди зиёди мақолаҳо ва китобҳои илмиро ба мерос гузоштааст. Ба қалами ӯ беш аз 200 мақолаи илмӣ ва 20 китоб мансуб буда, маҷмӯаи мақолаҳои «Мушкилоти синтаксис», «Таснифоти ҳиссаҳои нутқ ва мавқеи исм», «Калимасозии исм дар забони адабии ҳозираи тоҷик», «Забон ва замон», «Исм (категорияҳои грамматикӣ, калимасозӣ ва мавқеи исм дар системаи ҳиссаҳои нутқ)», «Дуруст ва шавқовар нависем», «Истилоҳот ва ҳусни сухан» аз зумраи онҳоянд. Саҳми ӯ дар таълифи китоби «Грамматикаи забони адабии тоҷик» низ бағоят калон аст.

Дар баробари заҳматҳо ва ковишҳои илмӣ профессор Ш.Рустамов ба тарбияи донишҷӯён ва олимони ҷавон ва сайқал додани донишу малакаи онҳо дар соҳаи забоншиносии тоҷик машғул гаштааст. Ш. Рустамов дар Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ солҳои зиёд ба ҳайси устод кор кардааст. Шогирдони ӯ Ф.З икриёев, М. Набиев, М. Илҳом,  О. Қосимов, С. Раҳматова, З. Холназарова, Д. Баҳриддинов ва  дигарон давомдиҳандагони равияву мактаби забоншиносии устоди хешанд.

Банда низ ифтихор дорам, ки солҳои донишҷӯиям дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз мактаби забоншиносии профессор Ш. Рустамов баҳра бурдаам. Ш. Рустамов лаҳни содаю равони гуфтори худро доштанд. Ва ин тарзи гуфтор мо - донишҷӯёнро ба худ ҷалб накарда наметавонист. Ҳама саропо ҳушу гӯш ба дарс мешудем ва аз шеваи сабақгӯии устод лаззат мебурдем. Ҳамин тариқ, сарф (морфология) – и забони тоҷикиро саҳеҳ азхуд намудем.

Имрӯз чун ба саҳифаҳои китоби тозанашри «Кохи илму адаб» назар меафканам,  корвони бузурги пажӯҳишгарону адабсароёнеро чун Ш. Рустамов мебинам, ки коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм карданд. Воқеан, дастпарварони коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент боиси ифтихор ва сарбаландии аҳли ин даргоҳ мебошанд.

Осорхонаи муассиса макони ёдоварӣ, хотирот ва лаҳзаҳои ширину гуворои онҳост. Ҳамчунин, саҳни даромадгоҳи коллеҷро тасвирҳои шогирдони беҳтарин ва тавсифномаи хурдҳаҷме аз бузургони ин даргоҳ оро медиҳанд, ки яке аз онҳо профессор Шарофиддин  Рустамов мебошанд.

Ҷовид Холов,

директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, доктори илмҳои филологӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш