Нашрияи Омӯзгор

Садоқат ба устод

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Адабиёт худ ба куллӣ сарчашмаи панду андарз ва манбаи маърифату ибратпазирист. Ҳар як асари бадеӣ, пеш аз ҳама, манбаи омӯзиш, намунаи ҳаёти шоиста, тарғибгари ғояҳои олии башарӣ мебошад. Аз ин хусус бисёр гуфтаву навиштаанд. Аммо дар адабиёт падидаи дигаре низ ба мушоҳида мерасад, ки ҳамчунон намунаи барҷаставу табиии омӯзишу пайравӣ ва ҳикмати зиндагӣ мебошад. Ин падида марбут аст бо дӯстиву бародарӣ, ҳамкории самимонаю ибратбахши аҳли адаб- шоиру нависандагон. Чун мардуми мо табиатан ба адибон - устодони каломи бадеъ ихлосу самимият доранд, ба ҳар рафтору гуфтори онҳо бо чашми ибрат менигаранд, маъние мебардоранд. Дар таърихи адабиёти тоҷик дӯстии самимонаю беғарази Рӯдакию Абулҳасани Муродӣ, Ҷомию Навоӣ ва чанде дигар маълуму машҳур ва мавриди ситоиш будааст. Дар  даврони нави адабиётамон низ биёре аз адибон бо ҳам дӯстию рафоқати ҳамешагӣ, ҳамкории файзбор доштаанд, ки  мардумро хеле писанд омада. Чунончи, устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ аҳди бародарӣ доштанду ҳамдигарро дастгирӣ мекарданд, дӯстии устод Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода маълуму машҳур аст.

Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири асили ватандӯст ва адабпарвар барои гурӯҳи калони адибони навқалам, истеъдодҳои умедбахш на танҳо ҳомию роҳнамо, балки дӯсти ҳақиқӣ ва мисли падару писар буданд. Дар ин хусус қаламкашони зиёде мақолаву ёдномаҳо навиштаанд. Устод  барои навсафарони роҳи адабиёт роҳ тоза мекарданд, ба онҳо маслиҳатҳо  медоданд ва мекӯшиданд, ки истеъдоди адибони ҷавон рушду сайқал ёбаду ба адабиёт хизмати шоиста кунанд, идомабахши сазовори корномаи адабии адибони куҳансол бошанд. Шоири маъруфи миллат истеъдодҳои тозападидро зуд мешинохтанду дастгирӣ мекарданд, падарвор насиҳат менамуданд, чакидаҳои хомаашонро таҳрир кардаву ба чопашон талош меварзиданд. Устод Турусунзода, аз ҷумла, истеъдоди баланду ҳунари шоирии Лоиқи ҷавону навсафари ҷодаи адабиётро зуд шинохтанду эътироф карданд ва ин шоири умедбахшро, ба қавле, зери қанот гирифтанду барои равнақи истеъдодаш шароити созгор фароҳам оварданд.

Бо ҷонибдорию тавсияи бевоситаи устод Лоиқи ҷавон бархилофи қоидаҳои маъмули Иттифоқи нависандагон (чопи як-ду китоб) ба узвияти ин иттифоқ пазируфта мешавад. Лоиқ дар марҳилаҳои аввали эҷодиёташ бинобар ҷавонию камтаҷрибагӣ ва шӯру шари ба худ хосаш ба як қатор нокомиҳо дучор меояд (мегӯянд, ки ҳатто хавфи аз арсаи адаб берун шуданаш буд), вале ҳамешаву дар ҳама ҳолат устод Турсунзода Лоиқро ба паҳлуи худ, ба паноҳи худ мекашанд, аз вартаҳо берун меоранд ва илҳомафзою таскинбахшаш мешаванд. Ин ҳама муносибати  ҳасанаи устодонаю шогирдона, воқеан ҳам, ҳикматбор аст ва дар тарғиби муносибатҳои дӯстона байни аҳли адаб нақши муассир дорад.

Устод Лоиқ ҳамчун ҷавонмарди намакшинос ва посдори накуиҳо ҳамеша кӯшидааст, ки эҳтироми устоди арҷмандашро ба ҷо орад, сазовори бовару эътимоди ӯ амал намояд. Силсилаи шеърҳои баландпояву пурихлосу самимиятбори устод Лоиқ бо номи «Сипоснома», ки ёздаҳ шеърро дар бар мегирад, пурра ба устод Мирзо Турсунзода бахшида шудааст. Дар ҳар сатри ин силсила муҳаббату эътиқоди бепоёну самимии шогирди вафодор нисбат ба устоди маъруфу маҳбуб амиқ эҳсос мешавад.

Дар шеъри «Дар қатори қуллаҳои Тоҷикистон»-и силсилаи мазкур омадааст:

Дар қатори қуллаҳои Тоҷикистон,

Дар қатори қуллаҳои сангу хок

Қуллаи дигар ба гардун сар кашид-

Қуллаи шеъри баланду рӯҳи пок…

Қуллаи шеъри баланду сода аст

Қуллаи Мирзои Турсунзода аст!

Дар шеъри «Ворисон»-и «Сипоснома» байти охир чун савганди шогирд дар ҷодаи садоқат ба устодон садо медиҳад:

Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм

Пайрави Айниву Турсунзодаем!

Ҳадиси дӯстиву рафоқат, устодию шогирдии бузургон дар таълимгоҳҳо барои насли наврас манбаи омӯзиш ва ибратпазирӣ мебошад.

Иброн Саидумаров,

омӯзгори забон ва адабиёти

мактаби асосии №79-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш