Нашрияи Омӯзгор

Падар ва ёвари адибони ҷавон

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Раҳмон Сафар, ки марди низомӣ буд, дар бораи саргузашти Сафар Амиршоев маводи фаровоне бо заҳмат гирд оварда, хостааст, ки дар шакли китобе нашр шавад. Вале касе пайдо карда натавонистааст, ки кумакаш намояд. Кадом як шахс тавсия медиҳад, ки ба Мирзо Турсунзода муроҷиат намояд. Бо устод вомехӯрад ва маводро дар ихтиёри устод мегузорад. Устод ба директори нашриёте телефонӣ суҳбат мекунанд ва хоҳиш менамоянд, ки барои таҳрири китоби Раҳмон Сафар як муҳаррири хуб ёбад ва дар нашри китоб ёрӣ расонад. Раҳмон Сафар бо хурсандӣ аз кабинети кории устод баромада, ба тарафи нашриёт раҳсипор мегардад.

Нависанда Юсуф Акобир дар мавзӯи истгоҳи барқи обии Норак роман менавишт. Мехостааст, ки дар мувофиқа бо муҳаррир асарро хотима бахшида, кори таҳрирро ба сомон расонад. Ба унвони устод М.Турсунзода ариза менависад, то ки моҳе рухсатӣ бигираду таҳрири романи «Норак»-ро анҷом диҳад. Устод аз ӯ мепурсанд:

 - Ба куҷо рафтанӣ?

Юсуф Акобир ҷавоб медиҳад:

- Ин тарафашро фикр накардаам.

Устод мепурсанд:

- Аз саробӯстони шаҳрии Девони вазирон ҷой гирем, кор карда метавонед?

Юсуф Акобир дар ҳайрат мемонад. Масъаларо устод бо мудирияти Девони вазирон телефонӣ ҳал мекунанд. Юсуф Акобир дар муддати се моҳ таҳрири «Норак»-ро ба охир мерасонад. Харҷ аз ҳисоби ҳукумат буд.

 Садҳо чунин мисолҳоро овардан мумкин аст аз ёддоштҳою хотираҳои адибони ҳам калонсолу ҳам ҷавон. Ҳамаи шоирону нависандагони ҷавони солҳои панҷоҳуму шастум ва ҳафтодум аз устод М. Турсунзода некиҳо дидаанд чун фарзанд аз падар. Ҳамеша мекӯшиданд, ки барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам оваранд.

Мирзо Турсунзода, чунон ки дар ёддоштҳои шогирдону ҳамкоронашон омадааст, аз хушомадгӯён канора меҷустаанд, зеро тамаллуқро дӯст намедоштанд.

 Ҳар вақте ки ба Маскав мерафтанд ва аз дигар кишварҳо ба Маскав бармегаштанд, шоирон - тарҷумонҳои русро дар маъракаҳои ташкилкардаашон гирд меоварданд. Ин корҳоро танҳо ва танҳо ба хотири тарҷумаю тарғиби осори гузаштагон ва асарҳои пухтаи адибони ҷавон ба роҳ мемондаанд. Аз шоирон - тарҷумонҳои рус хоҳиш мекардаанд, ки асарҳои адибони ҷавонро тарҷума намоянд.

Зимни мулоқотҳо ва таҳлили эҷодиёти адибон, бахусус, адибони ҷавон бисёр боназокату муҳаққиқона сухан мегуфтанд. Асарҳоро худ мутолиа карда, барои тасдиқи гуфтаҳояшон далелҳо меоварданд. Таъкид мекарданд, ки ҳадафи баҳсу мунозираҳои мо ин аст: «адабиёт бояд ҳамқадами замон бошад ва ҷараёни зиндагиро ҳаққонӣ, мушаххас ва пуртаъсир тасвир намояд, обуранги тозаи бадеӣ пайдо кунад; дар суханҳои шоиронаи мо садои замон, садои дил ва меҳнати халқ шунида шавад. Роҳу мароми эҷодии ҳамаро якхела пиндоштан ё ягонагии услубро ба ҳама талқин кардан норавост. Бигзор ҳар як шоир дорои услуби эҷодии худ бошад, садои шоиронаи худро дошта бошад…».

Нависанда ва роҳбари собиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Рашидов дар яке аз ҷашнҳо ба зодрӯзи М. Турсунзода муроҷиат карда чунин мегӯяд: «Бисёр шоирони ҷавони ӯзбек роҳҳои ҳалли мавзӯи имрӯза, бозёфтҳои чизи асосӣ ва масъалаи актуалии ҳаёти мо равона карда тавонистани қувваи эҷодӣ ва маҳорати худро аз Шумо омӯхтаанд. Онҳо дар назди Шумо худро қарздор ҳисоб мешуморанд ва Шуморо шахси қарин, дӯсти беҳтарин ва омӯзгор медонанд».

Олими намоёни Эрон Сайид Нафисӣ фармудааст: «Асарҳои нависандагони намоёни тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, М.Миршакар, С.Улуғзода, Ҷ. Икромӣ барои ҷавонони мо дар роҳи ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ ва ҳақиқатан халқии худ намунаи сазовор мебошанд».

Адиби қазоқ Анварҷон Олимов зимни сухани табрикотиаш ба ифтихори 60- солагии устод Турсунзода навиштааст: « Мирзооғо на танҳо мураббӣ ва сабақомӯзи ман, балки устоди мананд… Суханони орому оҳиста ва дасти дӯстона ба китфам гузоштаи ӯ борҳо изтироб ва ранҷу таабро аз дӯши ман дур андохтаанд... Барои некиҳоятон, барои одамгариҳоятон, барои ашъоратон, барои панди падаронаатон ба Шумо, Мирзооғо, ташаккур мегӯям!».

Раҷабалӣ Қудратов дар «Назми ҷаҳонтоб» оид ба ғамхории М. Турсунзода нисбат ба Чингиз Айтматов ҳарф зада, аз гуфтаи Фотеҳ Ниёзӣ овардааст: «Дар хотирам ҳаст: чӣ тавр М.Турсунзода аз аввалин қадамҳои пурҷасорати эҷодии Чингиз Айтматов шод гашта, дар чандин ҷаласаи баландпоя ва дар вохӯриҳои адибон асарҳои ин нависандаи ҳанӯз ҷавони Қирғизистони бародариро аз ҳамлаҳои ноинсофонаи мухолифони ӯ муҳофизат менамуд…».

 Дар навиштаҳои ҳамқаламону шогирдон, дӯстону ҳамкорон, адибони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики зиёди ҷаҳон бо чунин гуфтаҳо вохӯрдан мумкин аст, ки яке устод, дигарӣ падари маънавӣ, севумӣ бародар ном бурдаанд.

Баъзан чунин ҳодисаҳое ҳангоми роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданашон рух додаанд, ки шогирде то ба «боло» шикоятҳо кардааст. Масалан, боре шоир Ғаффор Мирзо ба ҲК ИҶШС аризаи шикоятӣ менависад. Барои аниқ сохтан ҳайати дахлдор нуктаҳои дар эътирозномаи Ғаффор Мирзо омадаро дақиқ месанҷад, вале ягон камбудию нуқсоне пайдо намекунад ва ошкор месозад, ки кулли даъво туҳмат асту бас.

Хулосаи ҳайат дар маҷлиси ҳизбии Иттифоқи нависандагон муҳокима мегардад. Дар музокира қариб ҳама баромад карда, андешаҳояшонро нисбат ба эътирози беасосу туҳмати маҳз будани аризаи шикоятии Ғаффор Мирзо баён намуда, сахт маҳкум мекунанд. Пораеро аз гуфтаҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, ки бо Ғаффор Мирзо дӯстӣ ва рафтуомади хонаводагӣ доштааст, меорем:

« - Рафтори ту, ҷӯра, аз бахилӣ ва нотавонбинист. Устод аз ҳама зиёд ба ту некӣ кардаанд ва аз бис-ёр балоҳо ҷонхаридат шудаанд. Шуҳрати он касро чашми дидан надорӣ. Гӯё ин шуҳрат пеши роҳи туро мегирад, монеаи пешравиат мегардад. Хуб нест. Мардони майдон тандеҳ мешаванд, ба қулла, ки баромада наметавонанд, ба он ки фотеҳи қулла аст, мардона тан медиҳанд. Ту ба шуҳрати муаллим қоил шудан намехоҳӣ, ҳол он ки тан додан ва қоил шудан лозим буд.Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар аст. Аз ёд набояд бурд ва кӯрнамак набояд шуд. Кӯрнамакӣ мағзи ҷони касро месӯзад».

Ба ҳамаи адибон, хосса ба ҷавонадибони боистеъдоди Тоҷикистон то чӣ андоза меҳрубону ғамхор, мададрасону пуштибон будани устод М. Турсунзодаро Лоиқ Шералӣ дар яке аз мусоҳибае бо рӯзноманигори «Комсомоли Тоҷикистон» (26 апрели соли 2001) Салими Зарафшонфар чунин ифода кардааст: «Агар Турсунзода намебуд, ман на фақат ҳамчун шоир, балки ҳамчун одам низ гумном мешудам. Турсунзода намебуд, ман ҳам намебудам. Ман дар ин дунё ба ду тан сари таъзим фуруд меорам ва аз замин то осмон қарздорам.

- Ба Турсунзода ва …?

- Ба модарам ва Турсунзода. Якумӣ маро ҳаёт бахшид, дувумӣ ҳаётамро имтидод бахшид. Ман эркашогирди Турсунзода будам».

 

Саидамир АМИНОВ,

Ҳалимабону ЁРМУҲАММАДОВА,

кормандони МҶТМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш