Нашрияи Омӯзгор

Дар Мастчоҳ аз Лоиқ Шералӣ ёд карданд

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Дар мактаби №41, ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори 80-солагии шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ чорабинии адабию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он фарзанди устод Лоиқ - Диловари Шералӣ, узви маҳфили адабии «Зарафшон», омӯзгорону аҳли зиё ва намояндагони маҳалла ширкат варзиданд.

Ҳамчунин, санъаткорони ансамбли созию овозии «Борбад» бо сурудҳои дилнишин аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ хотири иштирокчиёни чорабиниро болида гардонданд.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи маҳфили адабии «Зарафшон» маҷмӯаи дастаҷамъӣ бо номи «Ёдномаи Лоиқ» ба нашр расид, ки армуғони шоиста ба ҷашни 80-солагии шоир маҳсуб меёбад.

Толибилмони муассиса аз ашъори шоир шеърҳо қироат карданд. Диловари Шералӣ зимни суханронӣ хотираҳои хешро дар бораи падараш нақл карда, барои баргузории чунин як чорабинии адабию фарҳангӣ дар яке аз дурдасттарин муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ арзи сипос намуд.

Дар маҳфил табрикоти Исмоил Лашкарӣ, шоир ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кобул, тариқи онлайн ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш