Нашрияи Омӯзгор

Падидаи тоза дар педагогика

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Неруи асосии ҷомеа, ҷавҳару меҳвари он маҳз инсон аст, инсони фаъолу комил, бофаросату боҷасорат, хушодобу накукирдор, суханвару маърифатманд ва ба як сухан: тарбиятдида. Воқеан ҳам, инсони ҳақиқӣ зодаву парвардаи тарбия аст ва бидуни тарбия чунин инсон ҳеҷ гоҳ арзи ҳастӣ карда наметавонад. Метавон гуфт, ки зиндагии шоиста, рӯзгори саодатмандона ва рушду такомули ҷомеа иртиботманд аст бо тарбия.

Ин ҳама нукоти бебаҳсро олимону пажӯҳишгарон, аҳли хирад батакрор таъкид кардаву тарбияро «абарнеруи инсонсоз» номидаанд. Донишманди маъруфи илми педагогика, академик Муҳаммад Лутфуллозода бо эҳсоси баланду суханони дилписанд перомуни тарбия чунин нигоштаанд: «Тарбия! Чӣ сирру асроре ва чӣ муъҷизае нуҳуфта зери мафҳуми ин калима. Чӣ қадар умрҳои ширин сарф шуда дар ин роҳ ва гоҳе ба мақсад расида ва гоҳе дар нимароҳ монда. Чун ин калимаро ба забон мегирем, мӯи сафеди модарон, қомати чангзадаи падарон, заҳмати беандозаи мураббиён, муаллимон, омӯзгорон, устою устодон пеши назар ҷилвагар мешавад». Тарбия бо тарбиятгар иртиботманд аст ва ончунон ки дар иқтибоси боло зикр шудааст, падару модар, мураббию муаллимон тарбиятгарони асосии ҳар инсонанд. Тарбиятгар ба гунаи оби ҷонбахшест, ки ба тани нахли навбар дамида, онро тару тоза, тануманду бенуқсу боровар месозад, боиси нумӯи ҳамешагияш мешавад. Муҳимтарин омили ҳастию рушди ҳар фард аст тарбия ва аз ин ҷост, ки Ҳофизи малакутӣ таъкид карда:

Гуле, ки тарбият аз дасти

боғбон нагирифт,

Агар ба чашмаи хуршед қад

кашад, худрӯст.

Ин ҳама гуфтор қотеъона таъкид бар он мекунанд, ки тарбия чӣ нақши барҷастаеро дар тақдири инсонҳо дорост ва тарбиятгар чӣ рисолатеро ба дӯш гирифта. Тарбиятгари асосии ҳар шахс устод, омӯзгор аст. Ӯст, ки пайваста заҳмат мекашад, талош меварзад, ҷидду ҷаҳд менамояд, то тифлаконро дасту по рост шаваду рафтору гуфтор писандида ва доираи афкору пиндор, хираду андеша ботадриҷ густурда. Барои ин омӯзгорро мебояд, ки заминаи қавии маънавӣ дошта бошад, асосҳои пешаашро хуб донад, аз ҷанбаҳои умдатарини як силсила фанҳои бо тарбия ҳамҷавор огаҳ бигардад ва пайваста биомӯзад. Дар тарбияи наврасон, ба вижа, омӯзгорони зинаи аввали таҳсилот масъулияти бештару ҷиддитар ба дӯш доранд, онҳо ба маҷоз, дар саргаҳи рӯд мавқеъ гирифтаанд ва ба таъбири маъмул, об аз сар бояд соф бошад. Ҳангоми омодасозии омӯзгорон барои ин зинаи таҳсилот дар мактабҳои олию миёнаи махсус ин нукта ҳамеша дар мадди назари масъулин аст. Табиист, ки фаъолияти устодони муассисаҳои мазкур бо дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ҳамбаста буда, маҳз ин гуна китобу дастурҳо омӯзгорони ояндаро дастгиру раҳнамои ҳамешагиянд. То ин ки донишҷӯён мутахассисони шоиста шаванд, дар дарозои чор-панҷ соли таҳсил онҳоро мебояд, ки бо ҳидояту тавсияи устодон як силсила мақолоту дастуру раҳнамою маҷмӯаву маҷаллаҳо ва китобҳоро амиқу дақиқ мутолиа намоянд, чанде аз ин манбаъҳоро батакрор варақ зананд. Китобҳое ҳастанд, ки аз ин лиҳоз заҳмату ташвиши донишҷӯён – омӯзгорони фардоро сабуктар мекунанду вақташонро сарфа. Ин гуна китобҳо асосҳои донишҳоро оид ба тарбия ба ҳам овардаву хусусияти бунёдӣ пайдо кардаанд ва ба ибораи маъмул, китоби рӯимизии алоқамандони ҷабҳаи тарбияанд. Китоби тозанашри устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, профессор Абдулбоқӣ Нуров бо номи «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» (Душанбе, ҶДММ «Меҳроҷ граф», 2021, 222 саҳ.) аз ҷумлаи китобҳоест, ки ҳамин гуна хусусиётро доранд. Он дастури таълимиест барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳу коллеҷҳое, ки омӯзгорони ояндаро барои зинаи аввали таҳсилот омода менамоянд.

Бамаврид аст зикр намоем, ки устод Абдулбоқӣ Нуров аз олимони номвару муваффақи соҳаи педагогикаи тоҷик буда, солҳои тӯлонист, ки ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғул аст ва шогирдони зиёдаш имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти умумии тамоми манотиқи ҷумҳурӣ, кишварҳои ҳамсоя ва дар мақомоти бонуфузи марбут ба соҳаи маориф муваффақона кор мекунанд ва иддае ба таҳқиқоту пажӯҳиш гаравидаанду ба комёбиҳо расидаанд. Корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор А.Нуров дар радифи таълиму тарбияи шогирдон мунтазам ба таҳриру таълифи осори илмию методӣ машғул буда, дастуру китобҳои зиёде ба нашр расондаву дар рушду такомули илми педагогика ҳиссаи сазовор гузоштааст. Китобҳои устод «Кори якҷояи мактабу оила дар тарбияи ахлоқии мактаббачагони хурдсол», «Мазмуни барномаи тарбияи ҷавонон», «Педагогика» (дар ҳаммуаллифӣ), «Нақши арзишҳои маънавӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол», «Арзишҳои миллию умумибашарӣ, зами-наҳои пайдоиш, инкишоф ва нақши онҳо дар тарбияи инсон», «Мақоми менталитети миллӣ дар ҷаҳон» (дар ҳаммуаллифӣ), «Таърихи педагогикаи ҷаҳон» (дар ҳаммуаллифӣ)… раҳнамои донишҷӯён ва илҳомбахшу дастгири аҳли пажӯҳишу омӯзишанд. Профессор А.Нуров дар таҳияи барномаҳои таълимии марбут ба илми педагогика низ ҳиссаи чашмгир дорад.

Китоби «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» асарест, ки таълифу нашри онро аҳли маориф солҳо боз интизор буданд. Он ҳамчун дастури таълимӣ таълиф шудааст ва хеле фарогиру муҳтавоманд асту бо сабку услуби хос эҷод гардидааст. Ин дастур нуҳ мавзӯи меҳварии тарбия дар синфҳои ибтидоиро фаро мегирад ва дар навбати худ ин мавзӯъҳо аз зермавзӯъҳои зиёде иборатанд.

Дар оғози ҳар як мавзӯъ нақшаи фишурдаи он оварда шудааст, ки ин ба омӯзиши дақиқи мавзӯъ, таъкиди нуктаҳои асоси он мусоидат мекунад, таъкид месозад, ки ҳангоми омӯзиши мавзӯъ ба кадом масоил бештар мутаваҷҷеҳ бояд шуд. Маълум, ки мундариҷаи методикаи корҳои тарбиявӣ хеле вусъатманд аст, тафсилоти густурдаро тақозо дорад, вале профессор А.Нуров дар заминаи омӯзиши фарогир ва таҷрибаи ғании хеш тавонистааст, ки умдатарин мавзӯоти вобаста ба тарбияро муқаррар намояд ва дар ин доира арзишу моҳияти китобашро биафзояд. Номгӯи ин мавзӯъҳо – мақсад ва вазифаҳои омӯзиши фанни методикаи корҳои тарбиявӣ, методикаи танзими корҳои тарбиявии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, методҳои таъсиррасонии педагогӣ, методҳои омӯзиши талабагони синфҳои ибтидоӣ, методҳои гузаронидани ахбори даврӣ ва соати тарбиявӣ, тавсиф ва таснифи методҳои корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ, тартиб додани шаклҳои гуногуни нақшаи тарбиявӣ, методҳои гузаронидани чорабиниҳои таълимию тарбиявии берун аз дарс - худ ҳам баёнгари аҳамияти китоб ва ҳам собитгари вусъати муҳтавои он мебошад. Дар сарсухани китоб таъкид шуда, ки омӯзгор бояд дастпарварони худро дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, сулҳдӯстӣ, инсонпарварӣ, ахлоқи ҳамида ва арзишҳои умумибашарӣ мусаллаҳ намояд. Барои ин ба донишҷӯён – омӯзгорони оянда зарур аст, ки методикаи корҳои тарбиявиро хуб донанд ва онро дар амал татбиқ намоянд.

Дар нахустмавзӯи китоб ҳушдоре омада, ки омӯзгор, махсусан, дар синфҳои ибтидоӣ масъулияти ҷиддӣ ба дӯш дорад ва бояд, ки пеш аз ҳама, аз методикаи корҳои тарбиявӣ хуб огаҳ бошад, ҳаргиз дур аз хотир накунад, ки тарбия раванди том ва яклухт аст; тарбияи фикрӣ, меҳнатӣ, ахлоқӣ, ҷисмонӣ, ватандӯстӣ, эстетикӣ, экологӣ, иқтисодӣ… дар алоқамандӣ бо якдигар роҳандозӣ мешаванд ва дар фарҷом шахсияти фаъолро ба миён меоваранд. Вобаста ба ин нукта муаллифи китоб ба таърихи омӯзиши масоили муайян руҷӯъ кардаву ҳамзамон намудҳои тарбияро мухтасаран тавзеҳ бахшидааст.

Ин махсусият дар шарҳу тафсири тамоми мавзӯъҳо риоя шудааст. Ба масал, дар баррасии мавзӯи методҳои омӯзиши талабагони синфҳои ибтидоӣ ба ташреҳи мухтасар, вале саҳеҳи мафҳумҳое, чун дониш, маҳорат, малака, анализ, синтез, машқ, назорат, дастурдиҳӣ, такрор… таваҷҷуҳ зоҳир шудааст, ки ин ба ҳар чӣ бештару дақиқтар тавзеҳ ёфтани мавзӯъ мусоидат карда. Ба ин гуна, зимни тавзеҳи мавзӯи методҳои гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ тариқи ташкили тадбирҳои тарбиявие, чун хониши берун аз синф, саёҳат, маҳфилҳои гуногун… шарҳу тафсир шудааст. Ё худ, тавзеҳоте, ки вобаста ба мавзӯи ҳафтуми китоб оид ба тартиб додани шаклҳои гуногуни нақшаи тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ оварда шудааст, ҳам омодагии донишҷӯёнро барои фаъолият дар мактаб комил месозад ва ҳам ба омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мададгорӣ менамояд. Мавзӯъҳое, ки дар тавзеҳоти намунавӣ пешниҳод шудаанд, хеле муҳиманд, мавзӯъҳоеанд, ки перомуни онҳо омӯзгор бояд ҳамасола бо шогирдон машғулиятҳо баргузор намояд. Ба ин гуна, оид ба ҳар мавзӯи дар китоб шарҳёфта метавон сухане чанд ба миён овард. Дар поёни шарҳу тафсири ҳар як мавзӯъ (боб) савол ва супоришҳо, ҳамчунин, рӯихати адабиёт барои кори мустақилона оварда шудааст, ки ин аҳамияти дастури таълимиро боз ҳам меафзояд ва низ нигоҳи донишҷӯёну омӯзгоронро ба соҳати мавзӯъ вусъат мебахшад. Истифодабарандагони китоб ба ин васила имкон пайдо мекунанд, ки аз адабиёти дигари вобаста ба мавзӯи мавриди омӯзиш огаҳӣ дарёбанд ва дар зарурат аз пайи дастрас намудани онҳо шаванд. Ба ин тариқ, усули нигоришу таҳияи китоби «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» созгор ба беҳтарин ва мақбултарин сохтори таҳияи китобҳои таълимии муосир буда, бешубҳа, мақбули омӯзгорону донишҷӯён хоҳад гашт.

Қисмати дигари китобро шарҳи истилоҳот ва мафҳумҳои асосии фанни методикаи корҳои тарбиявӣ, рӯихати адабиёти асосӣ, замимаҳо (матни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд») оварда шудаанд, ки бо муҳтавои китоб бастагии қавӣ доранд, дарки зарурату моҳияти мавзӯъҳоро амиқтар мекунанд. Чунончи, шарҳи 44 истилоҳ ва мафҳуми асосии фанни методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ доираи донишҳои донишҷӯёнро вусъат мебахшад ва дар азхудкунии мавзӯъҳо ва татбиқи онҳо дар амал ба онҳо мадад мерасонад. Зимни баррасии мавзӯъҳо муаллиф аз олимону муҳаққиқони варзидаи ватанию хориҷӣ дар чандин маврид иқтибосҳои ҷолиб оварда, ҳам сухани худро тақвияту неру бахшидааст ва ҳам ба ошноии бештари донишҷӯён бо афкори педагогҳои маъруф мусоидат кардааст.

Китоби «Методикаи корҳои тарбиявӣ дар синфҳои ибтидоӣ» падидаи тозаву деринтизор дар илми педагогикаи тоҷик буда, марҳилаи тозаест дар фаъолияти эҷодии олими маъруфу пуркор, профессор Абдулбоқӣ Нуров.

Дар ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас зинаи аввали таҳсилот нақши бағоят муҳим дорад ва айни муддао хоҳад буд, ки вобаста ба умдатарин масоили марбут ба омӯзишу парвариш дар ин зинаи таҳсилот, ба вижа, вобаста ба методҳои таълиму тарбияи хонандагони хурдсол ҳар чӣ бештар дастуру раҳнамою китобҳо ба табъ расанд.

 

Абдурауф МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш