Нашрияи Омӯзгор

Тараннумгари ишқу муҳаббати самимӣ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Яке аз бузургтарин  шоирони машҳури ғазалсарои асри  XV, ки дар таърихи шеъри асили тоҷику форс бо ғазалҳои рангину диловезаш мақому мартабаи хосеро  ишғол намудааст, Хоҷа  Камолуддин Абӯаҳмад Муҳаммади  Хуҷандӣ  мебошад. Дар хусуси волидайни Камол маълумоти аниқе  нест, фақат метавон ба хуҷандиасл будани онҳо ва фарзанди ягона доштани эшон ишора намуд. Чун дигар шоирон Камол низ таҳсили ибтидоияшро дар зодгоҳаш гирифта, пайваста аз ашъори бузургони гузашта, ба мисли Саъдӣ, Ҳофиз ва Хоҷуи Кирмонӣ бархурдор буд ва кам – кам машқи шеър низ менамуд.

Сабаби аз Хуҷанд рахти сафар бастани шоир ва дар сарзамини Табрез зиндагӣ  ихтиёр намудани ӯро муҳаққиқон чанд хел тахмин кардаанд: шояд нодорӣ ва тангдастӣ ӯро маҷбур карда бошад, бекасию танҳоӣ, бо мақсади Ҳаҷ ба сафар мебарояд ва дигар баргашта наметавонад, роҳзанон ӯро ғорат менамоянд, боду ҳавои Табрез ба ӯ писанд меафтад ва ғайра. Ба ин маънӣ низ худи шоир ишора намудааст:

Зинҳор  ин замонаи бедодгар маро,

К – аз ёру шаҳри хеш ҷудо мекунад дигар.

Шояд ин андешаҳо дуруст бошанд, вале фаромӯш набояд кард, ки Камол шахси эҷодкор ва ҷӯяндаи илм буд. Он замон шаҳри Табрез аз нигоҳи амният нисбатан орому осоишта буд ва доираҳои адабӣ он ҷо макон доштанд. Мундариҷаи ғазалиёти шоир гуногунпаҳлу  буда, дар онҳо мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ишқи илоҳӣ, ишқи заминӣ ва ватандӯстӣ мақоми махсус доранд. Шоир ишқу муҳаббати  покро суруда, онро ба дараҷаи баланди хатти маънавии одамӣ бардоштааст. Ӯ нозуктарин эҳсосоти ошиқонаро ба тасвир гирифта, ба ин васила ба эътибори инсон арҷ гузошта, ӯро ба зиндагӣ дилгарм менамояд.

Дар замони зиндагии Камоли Хуҷандӣ инкишофи анъанаи таълимоти тасаввуф ва ирфон ба эътибори омилҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳадди камол  расида буд ва дар шеър нуфузи зиёд дошт. Дар робита ба ин мавзӯъ, шоир инсонҳоро ба касби камоли маънавӣ ва башардӯстӣ даъват менамуд:

Чӣ зиён, агарчи  гаштам чу Камол ринду

ошиқ,

Ки зи зуҳду  некномӣ ҳама умр буд орам.

Камол дар ғазалҳояш аз майу майгусорӣ  сухан меронад, вале майе, ки ӯ ба тасвир гирифтааст, на ҳама вақт майи маъмулист, балки дар аксари ҳолат шароби ваҳдат аст:

Зи майи шабона, соқӣ, қадаҳе нисори мо кун,

На аз он майе, ки моро ба саҳар хумор

бошад.

Ҳамин тариқ,  Камол шоири дақиқназару мушоҳидакор ва дорои табъи зариф аст. Лутфи сухани ӯ хориҷ  аз марзи тафаккуру мулоҳиза нест, балки онҳо заминаи воқеӣ доранд. Аз ин рӯ, асоси суханонаш бақувват ва мантиқи фикри бадеиаш устувору маҳкаманд. Чунонки худи шоир фармудааст:

Гар биҷӯянд ба сад қарн, наёбанд,

Камол,

Булбуле чун ту хушилҳон ба чаманҳои

Хуҷанд.

Фаришта НЕЪМАТОВА,

омӯзгори мактаби рақами 5,

ноҳияи Фирдавсӣ 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш