Нашрияи Омӯзгор

Талқини ҳисси зебоипарастӣ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Эҳсосоти эстетикӣ дар ҳаёти инсон нақши бузург мебозад. Қобилияти дидан, дарк кардан ва эҷоди зебоӣ ҳаёти рӯҳии инсонро ғанӣ ва ҷолибтар мегардонад. Рафтори инсон дар ҷомеа бо зебоӣ ва нафратоварӣ, пастию баландӣ, хаёлот ва фоҷиа рӯ ба рӯст. Тавассути зебоӣ инсон ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, аҳамияти бо ҷамъият хушмуомила ва хушрафтор буданро эҳсос менамояд. Дар тарбияи эстетикии хонандагон фарҳангу мусиқӣ, театр, санъати тасвирӣ нақши муҳим доранд.

Майли ҳар як кӯдак ба зебоӣ аз овони тифлӣ пайдо мешавад. Хонандагон бисёртар ба калонсолон ва ҳамсолоне, ки арзишҳои эстетикиро соҳибанд, пайравӣ мекунанд. Агар оид ба ягон намуди санъат маълумоту малака мавҷуд бошад, аз ҷониби онҳо хуб қабул карда мешавад. Агар инсон маълумот надошта бошад, забони санъати тасвириро нафаҳмад, дар ӯ ба вуҷуд овардан ва ё бедор намудани ҳиссиёти чуқур номумкин аст. Барои ҳамин, хонандагонро ба омӯхтан ва сарфаҳм рафтан ба намудҳои гуногуни санъат одат кунонидан лозим аст.

Бозиҳои гуногуни миллӣ, рассомӣ, нақшакашӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, дӯзандагӣ, ресандагӣ, қолинбофӣ, дуредгарӣ, санъати кулолӣ, оҳангарӣ, боғпарварӣ дар тарбияи эстетикии хонандагон нақши бузург мебозад.

Мақсади тарбияи эстетикӣ дар он аст, ки ба хонандагон ҳиссиёти эстетикӣ ва мулоҳизаҳоро ташаккул дода, зебоиро дида тавонистан ва аз он ҳаловат бурданро омӯзад. Мактаб дар хонандагон на танҳо зебоиро дар санъат, дар рафтору кирдори одамон ва дар фаъолияти меҳнатӣ диданро меомӯзонад, балки ба ӯ ҳаракат ва қобилияти ҳамаи ин зебоиро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ офариданро тарбият менамояд. Вазифаи омӯзгор дар он аст, ки бо ёрии санъат ба ақидаҳои ахлоқии хонанда таъсир расонида, ҷаҳонбиниашро васеъ намояд.

Тарбияи эстетикӣ ва ахлоқии хонандагон на танҳо бо таъсири омӯзгор амалӣ мешавад, балки бо мустақилона хондани китоб ва шеър, тамошои филм, гӯш кардани мусиқӣ, ба ҳамаи ин мустақилона сарфаҳм рафтанро имконият медиҳад.

Фанни «Санъати тасвирӣ» дар муассисаҳои таълимӣ аз синфи 1 то 7 ҷорӣ шудааст. Дар ин ҷо хонандагон оид ба зебоӣ на танҳо маълумот мегиранд, балки худи онҳо фаъолона дар офаридани асарҳои хурди худ иштирок мекунанд. Омӯзгор бояд, ки аёниятҳои санъатро натанҳо пешниҳод намояд, балки ба худи хонандагон имконияти эҷод кардани шоҳасарҳоро пешкаш намояд. Ин ба хонандагон қадр кардани санъат ва ба шахсоне, ки барои рушду инкишоф ёфтани он кумак мерасонад, ёрӣ медиҳад.

Аксар вақт омӯзгорон барои тарбияи эстетикии мактаббачагон дар мактаб ташкил кардани намоиши расмҳо, ё ин ки як-ду маротиба дар бораи рассомон суҳбат гузаронида, бо ҳамин эътиқоди эстетикӣ, идеалу завқи бадеии ононро тарбиякардашуда мепиндоранд. Ин нуқтаи назар нодуруст аст. Вазифаи тарбияи эстетикиро танҳо бо вазифаи таълими эстетикӣ баробар донистан ғалат аст.

Барои боз ҳам шавқовар гаштани фанни «Санъати тасвирӣ» бояд дар мактаб маҳфилҳои эҷодӣ гузаронида шавад. Ғайр аз ин, барои ҷалб кардани хонандагон ба ин фан ҳамоишҳо ташкил кардан лозим меояд. Масалан, метавонем чорабиниҳоро бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти рассоми тоҷик Камолиддини Беҳзод гузаронем. Иштирокчиёни шабнишинӣ дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ин рассоми мониқалам маълумот тайёр карда, аз намунаи расмҳои кашидаи ӯ албоме тартиб медиҳанд. Аз китобҳои дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ навишташуда намоишҳо ташкил карда мешаванд. Муаллим метавонад намоиши корҳои хонандагонро ташкил кунад. Дар хотимаи чорабинӣ хонандагон метавонанд дар бораи рассом маърӯза кунанд. Дар рафти маърӯза бо воситаи тахтаи электронӣ корҳои рассомро нишон додан мумкин аст.

Тарбияи эстетикӣ зинаи мақсадноки омӯзгорӣ буда, дар хонандагон қобилияти дарк кардан, эҳсос намудан, санъатро қадр кардан ва аз он баҳра бурданро меомӯзонад.

Инчунин, дар хонандагон қобилияти бадеию эҷодиро низ инкишоф медиҳад, ки хонанда метавонад чизеро эҷод кунад, тасвир намояд. Ҳиссиёти эҷодии ӯ водор месозад, ки қалам ба даст гирад.

 

У.БОБОҶОНОВА,

омӯзгори санъати

тасвирии  гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш