Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти муовинони директор беҳбудӣ мехоҳад

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 853        Шарҳ: 0

 

Нақши муовинони директор дар муассисаҳои таълимӣ дар раванди назорати таълиму тарбия муҳим ба шумор рафта, танзими системаи назорати дохили муассиса ба уҳдаашон вогузор карда шудааст.

Муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия тибқи «Дастурамали вазифавии муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-12-2013 , № 20/31 тасдиқ шудааст, амал намуда, фаъолияти муассисаро роҳандозӣ мекунанд. Тибқи банди 33-и «Тартиби музди меҳнати кормандони соҳаи маориф» барои муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия то 16 соат дарс дар як ҳафта иҷозат дода шудааст. Айни замон муовинони директорони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамин меъёр дарс дода истодаанд, аммо иҷрои вазифаҳои хизматии онҳо як тараф мондааст. Муовиноне ҳастанд, ки онҳо то 10 соат дарс гирифта, вазифаи хизматии худро дар муассисаҳои таълимӣ софдилона адо карда, тибқи меъёр дар дарсҳои омӯзгорон иштирок мекунанду дар асоси таҳлилҳо, тавсияҳо ва ёрии методиро ба омӯзгорон сари вақт мерасонанд. Агар муассисаҳои таълимӣ чунин муовинони болаёқат дошта бошанд, сифати таълиму тарбия ва сифати кадрии муассисаҳои таълимӣ беҳтар ва муассиса ба натиҷаҳои назаррас соҳиб мешавад. Мувофиқи банди 3.4-и «Тартиби ба дарсҳои омӯзгорон иштирок намудани маъмурияти муассисаи таълимӣ», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-12-2013 , № 20/28 тасдиқ шудааст, мёъёри иштирок дар дарсҳои омӯзгорон на кам аз 170 соат муқаррар карда шудааст. Маълум аст, ки бо 16 соат дарси доштаашон муовинони директор оид ба таълим ба 170 дарси омӯзгорон иштирок карда наметавонанд ва дар дафтари мушоҳидаи дарсҳо иштирокро қалбакӣ пур мекунанд. Аз ҳамин сабаб, дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дарсҳои омӯзгорон таҳлил нашуда, тавсияҳои методӣ ба онҳо кам дода мешаванд. Аз сабаби аз тарафи муовинони директор иҷро нашудани иштирок ба дарси омӯзгорон, таҳлили дарс ва ёрии методӣ дар мактабҳо дар ҳолати паст қарор дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муовинони директор ба дарсҳои омӯзгорони ҷавон хеле кам иштирок мекунанд. Агар имконият пайдо карда ба ягон дарси омӯзгор иштирок намоянд ҳам, дарси омӯзгорро ба таври муфассал таҳлил намекунанд. Бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва сайқал додани маҳорати касбии омӯзгорони ҷавон, тибқи фармоиши директори муассиса онҳо ба омӯзгорони ботаҷриба вобаста карда мешаванд, аммо омӯзгорони таҷрибадор низ дар навбати худ бо омӯзгори ҷавон софдилона кор накарда, дар муддати соли таҳсил дар ягон дарси онҳо иштирок намекунанд. Ҳол он ки, онҳо дар на кам аз 20 соат дарси омӯзгорони ҷавон бояд иштирок намоянд. Ҳамеша ин суханонро такрор ба такрор мешунавем, ки омӯзгорони ҷавон шавқ надоранд, кӯшиш намекунанд, маҳорати педагогӣ надоранд, ба дарсҳои омӯзгорони дигар иштирок намекунанд. Агар ба таври воқеӣ нигоҳ кунем, дарсҳо фақат аз тарафи роҳбарони иттиҳодияи методии омӯзгорони фаннӣ ҳар моҳ дар ҷаласаи иттиҳодияҳои методӣ таҳлил карда мешаванду халос. Чунин ҳам мешавад, ки дар вақти тайёр кардани маълумотномаҳои вазъи таълими фанҳо барои Шӯрои педагогӣ, омӯзгори фаннӣ ягон бор дар хусуси муваффақиятҳо ва норасоиҳои худ аз забони муовинонаш ҳарфе намешунаванд. Хуб мешавад, ки маоши муовинони директор оид ба таълиму тарбия баланд ва сарбории онҳо поён фароварда шавад, он гоҳ сифати дониши хонандагон ва дар маҷмӯъ, сатҳи таълиму тарбия беҳтар хоҳад шуд.

Бахтовар ДАВЛАТҚАДАМОВ,

директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ  дар ноҳияи

Рӯшони ВМКБ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш