Нашрияи Омӯзгор

Экстремизм ва терроризм - хатар ба аҳли башар

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо афсарони коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи “«Сабаб ва омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳои ифротгаро» конфронс баргузор намуданд. Директори муассиса Обидзода Саймуҳаммад Рустам дар оғоз қайд намуд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ солҳои охир дар ҷомеа, махсусан, дар байни насли ҷавон ба як бемории сирояткунандае табдил ёфтааст ва бояд дар табобати он тамоми равшанфикрони ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Месазад, ки имрӯз мо ҷавононро  дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намуда, ба кору амалҳои нек ҷалб намоем. Дар конфронс намояндаи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева, имомхатиби масҷиди  ҷомеи  Ҷамоати деҳоти Даҳана  Рӯзихон  Ғуломов  бо суханҳои пандомези худ  таъкид намуданд, ки ҷавонон аз имконияту шароити фароҳами имрӯза истифода бурда, дониш омӯзанд ва саҳмашонро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд.

Саодат Абдулҳакимзода,

корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ  дар шаҳри Кӯлоб 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш