Нашрияи Омӯзгор

Нақши маърифат дар оиладорӣ

Сана: 2018-07-19        Дида шуд: 757        Шарҳ: 0

Дар бораи  оила ва аҳамияту моҳияту вазифаҳои он мақолаву рисолаҳои зиёде навишта шудаанд. Тавсифи оила хеле доманадор ва бавусъат буда, олимону пажӯҳишгарони соҳаҳои иҷтимоӣ кӯшидаанд, ки дар нигоштаҳои хеш муҳимтарин ҷанбаъ ва ҷабҳаҳои оилаву оиладориро муайян созанду ташреҳ бахшанд. Дар маҷмӯъ муқаррар шудааст, ки оила иттиҳоди марду зан буда, замина ба меҳру муҳаббат ва эҳтироми ҳамдигар дорад.

Зану мард зиндагии якҷоя ва аҳлона ихтиёр карда, ин тасмими неки худро қонунан асосманд мекунанд ва бо анъанаҳои динӣ низ тасдиқ менамоянд. Дар «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила ва бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар як шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдадориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад». Ин нишондоди ҳуқуқӣ таъкид бар он мекунад, ки оила чӣ нақши муҳиму маърифатборе дар ҷомеа дорад ва аз кадом имконот бархӯрдор аст. Воқеан, ба таъкиди аксар муҳаққиқон, оила бунёди ҷамъият буда, нерую тавоноӣ ва устувории мамлакат, пояндагии хусусиёту анъанаҳои неки миллӣ аз он вобастагии зиёд дорад. Ин нуктаи муҳим дар бисёр суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли ҷомеа ва дар Паёмҳои ҳамасолаи Сарвари кишвар батакрор зикр ва таъкид шудааст. Пешвои миллат, аз ҷумла, зикр намудаанд, ки «оилаи фаъолу солим неруи давлату миллат буда, барои рушди минбаъдаи кишвар нақши сазовор мебозад».

Дар аҳкоми дини мубини ислом низ ба оилаву оиладорӣ арҷ гузашта шудааст. Дар яке ҳадисҳои Расули Акрам чунин омада: «Дар ислом ҳеҷ биное сохта нашудааст, ки назди Худои таъоло маҳбубтар аз бинои издивоҷ бошад».

Маълум, ки ҳеҷ як иттиҳод, ба вижа, иттиҳоди оилавӣ бидуни қонуниятҳову муқаррарот ва ҳуқуқу вазифаву таъинот буда наметавонад. Оиладорӣ амри ихтиёрист, вале чун ба вуқӯъ пайвасту заминаи  ҳуқуқиву иҷтимоӣ пайдо кард, як силсила омилҳои муҳим ба миён меоянд, ки тавъам ба рисолати оиладорианд. Таъминоти маишии оила, таваҷҷуҳ ба шикастурехти рӯзгор, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани  заруриёту эҳтиёҷот, ба олам овардани фарзандон, заминагузорӣ ба рушди ҷисмонию маънавии онҳо… дар рисолати оиладорӣ мавқеи барҷаста доранд. Махсусан, солимии муҳити маънавии оила масъалаи дараҷаи аввал аст, ки таваҷҷуҳи ҳамешагиву ҷиддӣ тақозо дорад.

Маърифат дар оила омили муҳимест, ки имрӯзу фардои онро муайян месозад ва ҳамчун гарави хушбахтиву пойдорӣ ва ояндадории он шинохта мешавад. Маърифатро метавон чун шаҳсутуни бинои оила тавзеҳ бахшид. Умуман, маърифат ва маърифатмандӣ масъалаи умда ва созандаву пешбари ҷомеа мебошад. Барканорӣ аз маърифат дар ҳама гуна давраву иттиҳоду макон маънои дар варта қарор доштанро дорад. Ин нуктаро теъдоди зиёди бузургонамон таъкид кардаву ҳамагонро ба маърифатгароӣ даъват бинмудаанд.

Танҳо муҳити маърифатбор ба камолоти инсон, ба ташаккули маънавии ӯ, ба амалишавии ормонҳояш мусоидат мекунад. Ин ҳикмати пурсуду воқеӣ дар байти  зерини Ҳофизи Шерозӣ тақвият ёфтааст:

Бе маърифат одамӣ чӣ кор

ояд? Ҳеҷ!

Мақсуд зи одамӣ ҳамин

маърифат аст.

Оилае, ки дар он маърифат тантана дорад, монанди бӯстони шукуфонест, ки баҳри дилро мекушояд, бо ҳусну тароваташ ҳамагонро мафтуну мамнун мекунад. Чунонки дар оғоз таъкид шуд, оила аз иттиҳоди зану мард ибтидо мегирад. Аз ин рӯ, ҳар ду-ҳам мард ва зан бояд соҳибмаърифат бошанд ва дар ин самт ҳамдигарро дастгирӣ намоянд, ҷаҳони маънавии ҳамро тақвият бахшанд. Дар як шоҳбайти дигари адабиёти классикиамон таъкид шудааст:

Зану марданд асоси зиндагонӣ,

Зан аввал дар ҳисобу  мард

сонӣ.

Чун нақшу мавқеи зан муҳимтар арзёбӣ мешавад ва ин воқеият ҳам дорад, масъалаи маърифатнокии зан низ афзалият пайдо мекунад. Занро «вазири мард» мегӯянд ва вазир бояд оқилу бамаърифат, тадбирсозу хушкирдор озодарафтор бошад. Ҳақиқат аст, ки ба гуфтаи хирадмандон, «Зани хубу фармонбару порсо кунад марди дарвешро подшо» Модар, воқеан ҳам, дар оила нақши барҷаста дорад, махсусан, дар тарбияи фарзандон. Нахустзинаи тарбияи инсон оила бошад, нахустин  зинаи тарбия зан-модар аст. Маърифатмандии модар ба таълиму тарбияи шоиставу босамари фарзандон мусоидат мекунад, боиси рост гузошта шудани хишти аввали кохи тарбия мегардад.

Ба масъалаи аҳамияти маърифатмандии зан дар оила дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо диққати махсус дода мешавад. Бо ибтикори Пешвои миллат барои бонувон дар таҳсил, ҳунаромӯзӣ ва таъмин бо ҷойи кор имтиёзҳо муқаррар шудааст. Солҳои зиёдест, ки духтарон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи квотаи Президентӣ дар мактабҳои олӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар кишвар барои соҳибмаълумоту соҳибҳунар гардидани духтарон-модарони оянда тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи нишондодҳои оморӣ, саҳми бонувони дорои таҳсилоти олӣ дар кишвар пайваста афзоиш меёбад. Далели маъмул гаштааст, ки солҳои охир таваҷҷуҳу майли мардон ва волидони онҳо ба аз шумори бонувони соҳибмаълумот соҳиби арӯс гаштан бештар мешавад. Ҳамагон хуб дарк кардаанд, ки зани бомаърифат яке аз омилҳои асосии баракату файзи хонадон ва хушбахтии он мебошад.

Чун дар паҳлуи зани маърифатманд марди бафазлу бохирад қарор мегирад, ба қавли маъруф, «нуран ало нур» мешавад, машъали маърифат дар хонадон бештар фурӯзон мегардад. Яъне, маърифатмандии мард низ дар оила муҳим арзёбӣ мешавад, зеро кӯшишҳои зани маърифатоинро дар рӯзгордорӣ ва тарбияи фарзандон неруи маърифатии мард тақвият мебахшад. Ҳикмати маъруфест, ки «Чун мураббӣ шуд падар, фарзанд қобил мешавад». Муҳим он аст, ки падару модар дар тарбияи фарзандон ҳаммарому ҳамқавлу ҳамандеша бошанд, дар ин самт бо маслиҳат амал намоянд, тадбирҷӯиҳо бикунанд. Маърифати волидон муҳимтарин гарави рушди комилу дурусти маънавии фарзандон аст, омилест, ки ворисонро ба ҷодаи нек, ба омӯзиш ва ба маърифатгароӣ ҳидоят менамояд, ба рӯшан гаштани арсаи фардояшон мусоидат мекунад. Фазои маърифатбори оила фарзандонро дилбастаи омӯзиши пайваставу одоби ҳамида месозад. Дар назар бояд дошт, ки нахустин амал, мушоҳида ва бардоштҳои кӯдакон дар оила сурат мегирад ва ин аввалин зарраҳои шахсияти ояндаи онҳоро ба вуҷуд меоварад. Ин нукта волидонро боз ҳам водор ба он менамояд, ки ба ҳар гуфтору рафтори хеш дар назди фарзандон таваҷҷуҳманд бошанд ва кулли амалиёташонро дар заминаи маърифати баланд ба роҳ монанд. Маърифат ба сони хуршедест, ки ҷаҳони моро мунаввар мекунад, аз ҷумла, фазои оилаҳоро. Пас, бояд пайваста баҳри тақвияти сатҳи маърифати хеш бикӯшем, то соҳиби зиндагии хушбахтона ва оилаи солиму устувор бошем. 

 

Фотима ҲОҶИЕВА,

муаллимаи калони кафедраи

фалсафаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш