Нашрияи Омӯзгор

Робитаи фанҳо файзбахш аст

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

 Дар ҷомеаи мо вобаста ба Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ ва рушди пайвастаи муносибату робитаҳои байналхалқӣ аҳамияту моҳияти забономӯзию забондонӣ мунтазам меафзояд. Ҳар чӣ бештар эҳсос мешавад, ки забон калиди муваффақияти  иртиботи халқу миллатҳост ва он имкон фароҳам меоварад, ки муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ дар байни тамоми мамлакатҳо вусъат ёбанду самаровар бошанд. Забондонӣ имконоти ҳар як шахсро низ меафзояд, барои зиндагии шоиста, кори мувофиқ ва мавқеи фаъолу обрӯю эҳтиром доштани ӯ шароит фароҳам меоварад. Бо дарназардошти ин ҳама омилҳо дар ҷумҳурии мо барои забономӯзӣ дар тамоми мактабҳо шароити мувофиқ ба вуҷуд оварда шудааст. Омӯзгорони забонҳои хориҷӣ пайваста такмили  ихтисос мекунанд ва аксарон бо воситаҳои техникии таълим таъминанд. Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм барои таълими босамараи забонҳои хориҷӣ дар мактабҳои кишвар барномаву дастурҳои махсус таҳия ва тавсия намудаанд. Садҳо маркази омӯзишӣ, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дабистонҳои хусусӣ ба насли наврас дар доираи асноди муайян иловатан забонҳои хориҷиро тадрис медиҳанд. Яке аз забонҳои машҳур ва хеле паҳншуда дар замони мо дар арсаи ҷаҳон забони англисӣ маҳсуб мешавад. Дар аксар давлатҳои олам ин забон чун забони муоширати байналмилалӣ қабул шудааст ва теъдоди донандагону омӯзандагонаш мунтазам меафзояд. Забони англисӣ, воқеан ҳам, тавонову ғановатманд ва дорои хазинаи луғавии фарогир мебошад. Он яке аз забонҳои расмии Созмони Милали  Муттаҳид буда, чун забони илму фарҳанг, техникаи рушдёфта низ шинохта шудааст. Омӯзгори забони англисиро мебояд, ки мунтазам ба такмили ихтисосу худомӯзӣ машғул шавад, то ҳамқадами замон ва дар тадриси ин забон муваффақ бошад. Бояд гуфт, ки забони англисӣ бо фанҳои дигар робитаи файзбахши ҳамешагӣ дорад ва дар омӯзиши он ин нуктаро ҳатман бояд ба назар гирифт. Чун забонҳои дигар забони англисӣ, пеш аз ҳама, бо адабиёт пайванди қавӣ пайдо кардааст. Барои рушди адабиёт, ғанигардии таркиби луғавии  он забон нақши барҷаста мебозад ва дар навбати худ, барои тадриси қонуниятҳои забони англисӣ адабиёти он далелҳои собитгар пешниҳод мекунад. Забон унсури асосии адабиёт аст ва адабиёт барои равнақи ҳамаҷонибаи забон хизмат мекунад. Забон ва адабиёт бе робитаи ҳамдигарӣ мавҷуд будаву такомул ёфта наметавонанд.

Робитаи забони англисӣ бо таърих низ вусъатманд мебошад. Тавассути таърих марҳилаҳои тараққии забон, ҳодисаву воқеаҳои таъсиргузор ва вазъи забон дониставу омӯхта мешаванд. Таърихи баромади калимаҳо, таърихи иншои китобҳои марбут ба забоншиносӣ, таърихи зиндагии забоншиносҳои варзида ва монанди инҳо низ аз далелҳои боризи робитаи забон бо таърих ба шумор мераванд.

Бо фанни мантиқ низ забони англисӣ робитаи ҳамешагӣ ва пурсамар дорад. Ин фан ба устувории тарзу мантиқи баён, ба риояи комили фасоҳату балоғати забон мусоидат мекунад. Риояи мантиқ забонро шевою фаҳмо ва дилчасп менамояд, ҳусни каломро меафзояд. Дар ин бора дар забони англисӣ рисолаву мақолаҳои зиёде иншо шудаанд.

Ҳамчунин, забони англисӣ бо фанҳои психология физиология, фалсафа, информатика, математика робитаи устувор дорад ва ин робитаҳо тавонбахши забонанду зимни таълими забони англисӣ аз ҷониби омӯзгор ҳатман бояд дар назар дошта шаванд. Ин боиси бештар пурсамар будани таълиму омӯзиши забони мазкур мегардад.

 

Чамангул Усмонова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш