Нашрияи Омӯзгор

Биёмӯзу бишнав...

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 780        Шарҳ: 0

 

Дар шароити рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои русӣ ва англисиро хуб медонанд ва қобиланд, ки аз ин забонҳо дар шароити муоширати ҳаррӯза ва касбӣ самаранок истифода баранд, меафзояд. Бинобар ин, андешидани чораҳои самарабахш барои такмили рушди минбаъдаи шаклу усулҳои таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи муҳими муоширати байни миллатҳо зарур аст.

Дар давоми солҳои 2004-2014 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014” бомуваффақият татбиқ гардид. Вазъи имрӯзаи фаъолияти забони давлатӣ ва бисёрзабонӣ дар ҷумҳурӣ аз натиҷаҳои муносибатҳои сиёсӣ нисбат ба забони ин давра муайян мегардад. Илми забоншиносӣ қонуниятҳои вобастагии сатҳи бисёрзабониро аз дараҷаи донистани забони модарӣ ба таври назаррас муқаррар намудааст. Хуб донистани забонҳои русӣ ва англисӣ бе амиқ донистани забони модарӣ имкон надорад.

Забони англисӣ яке аз забонҳои дар тамоми ҷаҳон хеле паҳншуда мебошад. Дар Амрико, Аврупо, Австралиё, Африқою Осиё бо ин забон гуфтугӯ мекунанд ва онро мефаҳманд. Забони англисӣ яке аз забонҳои бузургтарини ҷаҳон ба шумор рафта, шумораи одамоне, ки дар ҷаҳон бо он гуфтугӯ менамоянд, зиёда 1,5 млрд. мебошанд. Забони англисӣ дар 58 давлати дунё мақоми давлатӣ дошта, ба яке аз шохаҳои забонҳои олмонӣ шомил буда, дар маҷмӯъ, ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил мешавад.

Пешвои миллат, муҳ-тарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисиро низ махсус қайд намуда, заҳмати устодону омӯзгоронро баланд арзёбӣ намуда, дар айни ҳол онҳоро бо назардошти пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология муваззаф намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем».

Аз ин рӯ, маҳз илму дониши замонавӣ, риояи меъёрҳои одоби миллӣ ва арзишҳои волои умумибашарӣ, ба таври комил аз худ кардани забонҳои русию англисӣ, омили асосии ноил шудани ҳар як шахс ба пирӯзию комёбиҳо ва дастовардҳои арзанда мебошад.

 

Темур БОТУРОВ,

 мушовири забонҳои хориҷии  шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш