Нашрияи Омӯзгор

Донистани забон - тақозои замон

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан, англисӣ аҳамияти бузургеро касб кардаасту баҳри омӯзишу азхуд намудани фарҳангу санъат ва илму адабиёти кишварҳои олам нақши муҳим мебозад.

Ба масъалаи омӯзишу амиқу ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ Пешвои  миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таълими ин забонҳоро дар муассисаҳои таълимӣ бо роҳу шеваҳои муассири методӣ аз устодону ба таври ҷиддӣ тақозо карданд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо ин мақсад барномаи вижа  қабул карда шудааст. Воқеан, имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимӣ сафи мутахассисони варзида омӯзгорони соҳибмаълумот зиёд гардида, таълими фанни забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ ва созгор ба талаботи муосир ба роҳ монда шудааст. Машғулиятҳо аз забони англисӣ бояд бо истифода аз васоити аёнӣ ва технологияи муосир шавқовару рангин баргузор карда шаванд. Ба омӯзгори забони англисӣ зарур аст,ки тавассути видеофилмҳо ҳар гуна эпизодҳои ҷолибу ҷаззобро, ки ба синну соли хонандагони синф мувофиқ аст ва ба мавзӯи дарсӣ иртиботи зич дорад, пешниҳод намояд. Яке аз роҳҳои зуд аз худ кардани забони англисӣ ташкили муколамаҳо (диалогҳо) дар байни хонандагон ба шумор меравад. Дар машғулиятҳои забони англисӣ баҳри такомулу ташаккули нутқи хаттии шогирдон аз онҳо намудҳои гуногуни иншо ва эссе гирифта мешавад. Хусусан, иншо аз рӯйи расм, аз рӯйи манзара ва иншои озод дар мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла, «Тоҷикистони озоди ман» «Истиқлол - неъмати бебаҳост», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» «Чӣ тавр ман аълохон шудам?», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» ва ғайра судманду муассир буда, ҷиҳати озодона бо ин забон суҳбат кардани хонандагон мусоидат мекунад. Боиси хурсандист, ки дар таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани омӯзиши забони англисӣ синфхонаҳои лингофонӣ ташкил карда шудааст. Истифодаи ҳадафмандона аз китобчаҳои шавқовар, суратдору ранга аз китобхонаи мактабӣ бо тавсияи омӯзгор бо забони англисӣ низ дорои аҳамияти калон мебошад. Ҳамчунин, омӯзгорони фанни мазкурро лозим аст, ки маҳфили забони англисӣ ва дар маҷмӯъ, чорабиниҳои беруназсинфиро ба таври мунтазам баргузор намуда, дар ин маҳфилу чорабиниҳо мавзӯю масоилеро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, ки баҳри забондон гардидани шигирдон замина фароҳам меоранд. Як омили дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо аз фанни зикршуда он аст, ки омӯзгор бояд худ бо забони англисӣ бо хонандагон муошират намуда, кӯшиш кунад, ки шогирдон низ ҳамвора бо ҳамин забон ба саволҳо посух гӯянд. Яке аз дигар роҳҳои аз худ кардани забони англисӣ, ташкили саёҳатҳои фаннӣ ба театру осорхонаҳо ва китобхонаҳо, аз ҷумла, Китобхонаи миллӣ мебошад. Дар таълими забон англисӣ диққат додан ба қоидаҳои сарфу наҳв маҳсуб меёбад. Барои ин машқҳои талаффузи овозҳоро гузарондан ба муаллим зарур аст.

Умуман, машғулиятҳои забони англисӣ бо истифодаи муносибати босалоҳият ба таълим бояд ба он мусоидат кунанд, ки хонандагон  ин забонро ҳаматарафа аз худ карда, баҳри минбаъд дар макотиби олии хориҷ аз кишвар таҳсил кардан низ имкон пайдо намоянд.

Мавлуда Изатуллоева,

омӯзгори коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш