Нашрияи Омӯзгор

Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ амалӣ гашт

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар Паёмҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зарурати беҳтар намудани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат (минбаъд МТОК) пайваста таъкид мешавад. Бо ҳадафи тақвияти сифати таълим таҳти роҳбарии оқилонаи Сарвари кишвар дар ҷумҳурӣ  заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Дар ин самт кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ тариқи иштироки фаъолона дар Барномаи грантҳои озмунии Лоиҳаи рушди таҳсилоти олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор лоиҳаҳо баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш ба харҷ дода, дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.

Яке аз чунин лоиҳаҳои грантии озмунии ба даст овардаи донишкада дар доираи Лоиҳаи Рушди таҳсилоти олӣ “Самтҳои стратегии баландбардории сифати таҳсилот ва рақобатпазирии МТОК” пурра амалӣ гардид. Дар чаҳорчӯбаи мақсаду вазифаҳои лоиҳаи номбурда масоили коркард ва роҳандозии барномаҳои таҳсилот ва нақшаҳои таълимии якчанд ихтисос барномаҳои таълимии фанҳои таълимии ихтисосҳои таҷдиди назаршаванда, такмили методика ва методологияи таълим дар асоси таҷрибаи пешқадами шарикони хориҷи кашвар, омода намудани мутахассисони пешқадами ба тағйироти босуръати бозори меҳнат ҷавобгӯ ва дар маҷмӯъ, таъмини сифати баланди раванди таҳсилот ва рақобатпазирии донишкада мавриди пайгирӣ қарор дода шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки саҳми шарикони хориҷӣ дар самаранок амалӣ гардонидани лоиҳа зиёд буд. Ба лоиҳаи мазкур шарикони хориҷии зерин ҷалб гардиданд: Донишгоҳи Миколас Ромерис (Литва), Донишгоҳи менеҷменти Варна (Булғория), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург, Донишгоҳи тиҷорат, иқтисодиёт ва ҳуқуқи Белгород (Федератсияи Россия), Оҷонсии байналмилалии аккредитатсионии AQAS (Олмон).

Ҳамчунин, дар рафти амалигардонии лоиҳа бо шарикон-намояндагони бозори меҳнати маҳаллӣ барои коркарди барномаҳо ва воситаҳои аёнӣ ва дигар маводи таълимӣ барои лабораторияи “Бонки таълимӣ”-и ДИС ДДТТ, коркарди салоҳиятҳои касбӣ ва натиҷаҳои омӯзиши барномаҳои таълимӣ оид ба ихтисосҳои мақсадноки лоиҳа (“Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ”, “Иқтисодиёти ҷаҳон”, “Бизнес-маъмуриятчигӣ”, “Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)” ва “Информатикаи иқтисодӣ”) ҳамкории мутақобилан муфид ба роҳ монда шуд.

Татбиқи лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии рушди Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда шуда, амалигардонии лоиҳа зиёда аз ду сол идома ёфт. Новобаста аз мушкилиҳои пешомада, бинобар хурӯҷи пандемия, гурӯҳи кории лоиҳа дар расидани мақсадҳои асосии лоиҳа муваффақ гардид. Боиси қайд аст, ки дар чаҳорчӯбаи амалигардонии лоиҳа натиҷаҳои зерин ба даст оварда шуданд:

- Аз ҷониби коршиносони донишгоҳҳои шарики хориҷӣ аудити берунаи сифати таълим, барномаю нақшаҳои таълимӣ ва дигар маводи таълимӣ, аз рӯи 5 ихтисоси мақсадноки лоиҳа гузаронида шуд. Аз рӯи тавсияҳои коршиносони хориҷӣ нақша-чорабиниҳо тартиб дода, барои корбарии минбаъда роҳандозӣ карда шуданд.

- Бо дарназардошти ҷанбаҳои байналмилалигардонии таълим ва мутобиқати он ба раванди Болонӣ, барномаю нақшаҳои таълимӣ ва силлабусҳои намунавӣ аз рӯи ихтисосҳои мақсадноки лоиҳа, таҳия карда шуданд.

- Такмили тахассуси ҳайати омӯзгорони кафедраҳои мақсаднок тавассути ташкили семинарҳо ва конфронсҳои омӯзишӣ бо иштироки коршиносони донишгоҳҳои шарики хориҷӣ. Аз ҷумла:

- Семинар-тренингҳо оид ба таҳияи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълим бо иштироки 4 нафар коршиноси хориҷӣ барои зиёда аз 40 нафар ҳайъати устодон ва маъмурияти донишкада.

- Тренингҳо оид ба такмили усулҳои таълим ва тахассуси ҳайати омӯзгорон бо иштироки 23 коршиноси хориҷӣ барои зиёда аз 100 нафар ҳайати омӯзгорон ва маъмурияти донишкада.

- Анҷом дода шудани сафари омӯзишии 10 нафар профессорону омӯзгорон ва маъмурияти донишкада ба донишгоҳҳои шарики хориҷӣ барои коромӯзӣ ва такмили тахассус.

- Ташкили Конфронси байнал-милалӣ бо иштироки зиёда аз 70 нафар намояндаи шарикони хориҷӣ ва маҳаллӣ, инчунин, ҳайати омӯзгорон ва маъмурияти ДИС ДДТТ. Маводи конфронс дар маҷмӯи мақолаҳои конфронс ба табъ расидаанд.

- Дар беҳтар намудани инфрасохтор ва пояи моддию техникии донишкада натиҷаҳои судманд ба даст оварда шуд.

Байналмилалигардонии таҳси-лот ва бозори меҳнат, рақобати рӯзафзун байни МТОК, истифодаи ҳаддалимкони имкониятҳоро барои тақвияти заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ на танҳо дар доираи захираҳои худи муассиса, балки тавассути иштироки фаъолона дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ низ фароҳам меоварад.

Иномҷон АМИНОВ,

муовини директор оид ба робитаҳои  байналмилалии

ДИС ДДТТ,

доктори илмҳои

иқтисод, профессор,

Шуҳрат ҚОБИЛОВ,

сармуаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон,  менеҷери лоиҳаи грантӣ дар ДИС ДДТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш