Нашрияи Омӯзгор

Оҳангҳои  иҷтимоӣ дар ашъори Сайидо

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Сайидои Насафӣ шоири рангинхаёлест, ки эҷодиёти худро аз пайравӣ ва тазмин ба асарҳои устодони бузурги каломи бадеъ чун Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ сар карда, дар ин роҳ хешро шоири хуштабъу соҳибистеъдод нишон додааст. Аммо ба мушоҳида мерасад, ки Сайидо бештар дар пайравӣ бо офаридаҳои шоири бузурги адабиёти форсу тоҷик Соиби Табрезӣ сухансароӣ кардааст. Шоир маҳз дар эҷоди навъи ғазал ба Соиб, ки намояндаи сабки ҳиндӣ мебошад, пайравӣ намудааст.

 Ба қавли донишманди тоҷик Зоҳир Аҳрорӣ, «аз баҳри саршори Соиб дурдонаҳои гаронбаҳое овезаи гӯши арӯси табъу каломи худ сохта, аз ганҷинаи андешаҳои ҳакимонаи ӯ баҳраҳои фаровон бардоштааст».

Мундариҷаи ғазалиёти шоир бештар аз мазмуну мавзӯъҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои зиндагӣ, ахлоқ, панду андарз  иборат буда, дар баробари идома додани анъанаҳои беҳтарини шоирони маъруфи даврони пешин ба мавзӯъ, мазмун ва ҷиҳатҳои шаклии он як силсила тағйироту навигариҳо ворид кардааст. Ӯ ба ғазал, ки асрҳо боз ишқро тараннум менамуд ва мавзӯъҳои ишқиро инъикос мекард, мазмунҳои ҳаётӣ ворид сохта, бад-ин васила ғазалро ба зиндагии воқеӣ наздик ва доираи имконияту мавзӯъҳои ин навъи шеърро васеътар кард.

Фарқияти чашмраси осори пурғановати Сайидо аз дигар шоирони ғазалсаро дар он аст, ки ӯ аз шоирони пештар ва ҳамасри худ беш аз ҳама ба масъалаҳои иҷтимоӣ рӯ овардааст. Тафовутҳои асосии қаҳрамони ғазалҳои Сайидо дар он аст, ки ӯ як инсони одии рӯзгор рӯзмарра буда, бо авзои иҷтимоиву моддии як инсони эҷодкор пайвастагӣ дорад.

Ӯ дар замони ҳукмронии амирони Бухоро –- намояндагони хонадони салтанати Ҷониён (дар осори илмӣ сулолаи Ҷониён аксар вақт Аштархониён ном гирифтааст) Абдулазизхон, Субҳонқулихон ва Убайдуллохон ҳаёт ба сар бурда, рӯзҳои тира ва мудҳишеро, ки истибдоди феодалӣ ба сари оммаи заҳматкаш оварда буд, бо чашми худ дидааст.

Сайидо дар давраи аввали эҷодиёти худ, зоҳиран бо мақсади пайдо кардани сарпараст ва мураббие бо баъзе намояндагони табақаи ҳоким ва муҳити одамони дарбор наздик шуд ва таъсири ҳамин муҳит буд, ки чанд қасидаи худро ба Абдулазиз ва Субҳонқулихон бахшид. Аммо вақте ки вай аз тамоми фисқу фуҷури дарбор ва разолати аҳли он воқиф шуд, ҳарчи зудтар худро аз муошират бо ин тоифа ба канор бурд.

Пас аз дилмондагӣ аз давлатдорону зимомдорони замон Сайидо  чашми тамаъу интизор аз «аҳли карам»  надошта, кому муроди хешро дар остону манзили худ ёфтааст:

Дар хонаҳои аҳли карам, Сайидо, марав,

Он ҷо ба ғайри сурати одам намондааст.

Шоири озодандешу сарбаланд то поёни умр  ба хотири рӯзгузаронӣ ва дарёфти василаи  рӯзгор пой дар ҳалқаи банди аҳли сарват доштанро нанг дониста, аз рафтан ба дари ин тоифа парҳез кардааст. 

Шоири бузург бо носозиҳои ҳаёт рӯҳи носозгор дорад. Ӯ дар чакидаҳои табъу қалами тавонои хеш аз ҳолу аҳволи худ, зулму бедоди давр, харобии авзои ватан, нокомӣ ва номуродии мардуми меҳнатӣ, беқадрии матои сухан, касодии бозори фазлу ҳунар, хориву зории аҳли ҳунар шикваҳои дардолуде мекунад. Шоир бо дили аламбор дар  панҷ ғазали худ, ки дар онҳо радифи «намонд» истифода шудааст, аз намондани «осудахотирӣ», «ранги ҳаё», «маҷоли сухан», «сахо», «обуранг», «кори ҳақ», «карам», «эътибор ба аҳду вафо», «муттако» «осоиш», «меҳр» дар ватан шиква мекунад.

Ситоиши гурӯҳҳои заҳматкаши ҷамъият, ҳамраъйиву ҳамнишинӣ бо аҳли ҳунар, дастгириву мададгории муҳтоҷону бенавоён ва дигар масъалаҳои ба онҳо алоқаманд ӯро ба назар ҳамчун шоири инсондӯсти бузург ҷилвагар месозанд. Нуктаи бисёр муҳиму ҷолиби эҷодиёти Сайидои Насафӣ  боварӣ ва эътиқоди зиёди ӯ ба қувваи азими халқи заҳматкаш мебошад. Вай дар шахси халқ қувваи бузургеро дидааст.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки Сайидо алоқамандона бо масъалаҳои зикргардида ба қалам овардааст, танқид ва тамасхури риёкорони дин, ки дар эҷодиёти Сайидо, ба вижа ғазалҳояш бештар дар образҳои зоҳид, шайх ва муҳтасиб сурат гирифтааст, мебошад.

Ҳамин тариқ, шоири халқпарвару адолатхоҳ,  ҳақиқатҷӯю балеғсухан Сайидои Насафӣ бо ашъори баландғояву  гуногунмавзӯи худ дар таърихи адабиёти тоҷик мавқеи босазо дорад ва дар баробари дигар адибони номвари тоҷику форс меистад. Ӯ дар муддати ҳаёти хеш, бо вуҷуди маҳрумият ва гирифториҳо, асарҳои баландпоя эҷод намуда, ба насли оянда мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст.

Фотима Мирзоева,

омӯзгори мактаби №1, ба номи Сафармуҳаммад Айюбии шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш