Нашрияи Омӯзгор

Имконот барои пешрафт мавҷуданд

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Мошини мо охирин чорраҳаи маркази ноҳияро, ки дар самти рости он бинои шуъбаи алоқа ҷойгир шудааст, мегузарад ва пас аз тай шудани 200-250 метр ғайричашмдошт вориди дунёи дигар мегардем.

Ҳар қадаре пеш меравем, аломату нишонаҳои замони гузашта бештару бештар мешавад: биноҳои таъмирнадидаи замони Шӯравӣ, роҳҳову пиёдагардҳои аз рафту омади мошинҳову одамон фарсуда ва ҷо-ҷо фурӯрафта, ба чашм нахӯрдани ягон иморати тозабунёд... “Марзи” ин дунёи куҳан то ба наздикӣ баробари расидан ба ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ шурӯъ мешуд. Хушбахтона, бо дастгирии Ҳукумати кишвар, махсусан, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд мавзеи маркази он биноҳои нави замонавӣ қомат афрохтаанд.

Билохира, ба макони ҳадафи сафар, яъне коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ расидем. Мо баръакси қаҳрамонҳои қиссаву филмҳои фантастикӣ бидуни савор шудан ба “мошини вақт”, дарҳол худро дар дунёи солҳои 70-80 қарни гузашта дарёфтем. Маҷмааҳои омӯзишӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён, майдончаҳои варзишӣ, парки техникӣ бо трактору мошинҳо ва дастгоҳу таҷҳизоти он замон ҳамагӣ пойбарҷо боқӣ мондаанд.

Ин манзара осорхонаи зери осмонро мемонад ва танҳо бо он фарқ мекунад, ки ба ҷойи ҷаҳонгардони кунҷкову ҳайратзадаи дурбинбадаст муаллимону донишҷӯёнеро дидем, ки ҳангоми танаффус дар саҳни муассиса ва роҳравҳои миёни биноҳои он гаштугузор мекарданд. Дар чеҳраи ҳар кадомашон мешуд азми анҷоми коре ва умеде ба ояндаро дид.

Сарфи назар аз қадимӣ будан ва эҳтиёҷ ба таъмири асосӣ доштани биноҳо масъулони коллеҷ кӯшиш кардаанд, ки онро дар ҳолати муносиб нигоҳ доранд. Ҳатто як дона хишт ҳам аз ҷой беҷо нашудааст. Талаву тороҷ нагаштани ин моликияти давлатӣ аз он дарак медиҳад, ки дар ин муассисаи таълимӣ ҳамеша роҳбарони дилсӯзу бо дасту дили пок дар сари кор будаанд.

Якбора садои занг баланд шуд ва муаллимону донишҷӯён ба дарс баргаштанд ва дар саҳни муассиса ба ғайр аз чанд нафар корманди техникӣ ва ду-се нафар корафтода касе боқӣ намонд.

Коллеҷ - интихоби ҷавонони ноҳия

Падару модароне, ки аз мавҷуд будани ин коллеҷ дар ноҳия хабар доранд, одатан ҳангоми интихоби касби фарзандонашон аз ин муассиса ёд мекунанд: “Коллеҷи худамон чӣ камӣ дорад? Мутахассисони хуб тайёр мекунад!” Барои тасдиқи дурустии интихобашон аз хатмкардагони номдори он як-як ном мебаранд: Қаҳрамонони кори сотсиалистӣ Ҳоҷӣ Амиров, Сафарбек Давлатов, Наврӯз Раҷабов, Додоҷон Набиев ва инчунин, аввалин президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Зарифов ва ғайра.

Ин боргоҳи илму амал дорои таърихи 90-сола буда, чун дигар муассисаҳои омӯзишии куҳнабунёд, анъана ва суннатҳои ба худ хос дорад.

Директори коллеҷ, номзади илми иқтисод Муҳаммадғаюр Сабурзода аз сулолаи кишоварзони номдори кишвар аст. Фарзанди Муҳаммадрауф Сабурови зиндаёд шуғли барзгариро аз гузаштагони боору номуси худ аз бар карда, солҳои сол низ дар мақомоти баланди ҳукуматӣ фаъолият доштааст.

Бардошти худро аз он чӣ дар ин муассиса дидам, бо чанд ҷумла ба директор нақл кардам. М. Сабурзода шахси ҳозирҷавоб будааст. Бо табассуми каме ҳузнангез мисраи устод М. Турсунзодаро ба забон овард: «Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон»... Сипас, аз рӯи мизи кории худ китобчаеро ба дастам дода, ”То омадани ман бо ин чиз ошно шавед, баъд суҳбат мекунем”, гуфту аз пайи коре берун шуд.

Маблағҳои фаромӯшшуда

Ин китобча “Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020” ном дошт. Мувофиқи ин барнома барои таъмир ва ободонии кабинетҳои дарсӣ, хариди таҳҷизоти нави озмоишгоҳҳо ва китобҳои дарсӣ барои ин муассисаи таълимӣ 170 0000 сомонӣ ихтисос дода мешуд.

Директор баргашт ва атрофи ин масъала суҳбат кардем. Маблағи ёдшударо бояд раёсати молияи вилояти Суғд ҷудо мекардааст, аммо тайи ин муддат бо баҳонаҳои гуногун ҳатто як дирам ҳам дар ихтиёри коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ гузошта нашудааст.

Дар соли 2020 раёсати молияи вилоят тасмим гирифта буд, ки барои таъмиру тармими биноҳои коллеҷ 80 000 сомонӣ ҷудо мекунад, аммо ба сабаби бемории Ковид-19 ин маблағ низ то муассиса нарасид. Агар ин дафъа вируси корона баҳонаи ҷудо нагаштани ин маблағ шуда бошад, пас, чаро солҳои гузашта маблағи ҷудогардидаи ҷумҳурӣ то коллеҷи кишоварзии Мастчоҳ нарасид? Посухи ин пурсишро кӣ бояд диҳад?

Дар ҳукумати вилоят барои маблағгузорӣ нашудани коллеҷ ҳамеша сабаби дигар пеш меоранд. Мегӯянд, ки коллеҷ 89 гектар замини обӣ дорад. Дар шароити кунунии коллеҷ, аз ҷумла, камбуди об барои обёрӣ, куҳнаву фарсуда будани техника, гаронии сӯзишвориву нуриҳои минералӣ чӣ гуна метавон даромад ба даст овард? Бо вуҷуди ин, мудирияти коллеҷ ҳамасола барои таъмири ҷории биноҳо аз ҳисоби даромаде, ки аз замин ҳосил мешавад, 50-100 ҳазор сомонӣ харҷ мекунад. Ин иқдом боиси он шудааст, ки биноҳо ба вуҷуди куҳна буданашон дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дошта шаванд.

Назари хушбинона ба оянда

М. Сабурзода ба рушди ояндаи коллеҷ назари хушбинона дорад.

Коллеҷ имконият ва шароити мусоиди омӯзишу парвариши кадрҳои хуби кишоварзиро доро буда, дар сурати таъмиру тармими биноҳои таълимӣ, бо таҳҷизоти замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳо ва барқарорсозии парки техникӣ ҳамасола метавонад садҳо мутахассиси хуб омода кунад. Баъди таъмири асосӣ хобгоҳҳои коллеҷ метавонанд бо шароити муносиб 1000 нафар донишомӯзи аз манотиқи дигар омадаро бо ҷойи хоб таъмин намояд.

Барои аз байн бурдани монеаҳо, ки айни замон садди роҳи пешрафти коллеҷ ҳастанд, хуб мешуд, ки Ҳукумати кишвар онро ба филиали Донишгоҳи кишоварзӣ ё коллеҷи кишоварзии зертобеъи он табдил дода, барномаи таълимии онро мувофиқи ниёзҳои замон бознигарӣ кунад, то хатмкардагон тавонанд дараҷаи бакалаврӣ дарёфт намоянд. Дар ҳоли ҳозир барои ба даст овардан дараҷаи бакалавр донишомӯзони коллеҷро зарур аст, боз се соли дигар дар Донишгоҳи кишоварзӣ таҳсил намоянд. Дигар ин ки мавқеи ҷуғрофии коллеҷ метавонад боиси ҷалби донишҷӯён аз кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон шавад, ки бо ноҳия фосилаи зиёде надоранд. Дар замони Шӯравӣ донишҷӯёни ҷумҳуриҳои ёдшуда дар ин коллеҷ таҳсил мекараданд.

Хулоса, коллеҷи кишоварзии Мастчоҳро метавон аз як муассисаи дастнигару муҳтоҷ ба як таълимгоҳи муосири парвариши кадрҳои кишоварзии кишвар табдил дод.

Неъмат НЕЪМАТЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш