Нашрияи Омӯзгор

Ҳақиқати бадеии воқеияти зиндагӣ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 843        Шарҳ: 0

 

Ҳар фарде, ки қалам ба даст гирифта, азму саъй ва талоши ба риштаи тасвир кашидани пораи зиндагӣ ё ҳодисаеро дорад, бояд танҳо ба орзую ҳавас қонеъ нагардида, ба ранҷу заҳмати бардавоми тоқатфарсою тавонкоҳ омода бошад ва накуву амиқ дарк кунад, ки бори масъулияти замон ва инсонҳоро бар дӯш гирифтааст.

Имомназари Холназар бо ҳамин умеду орзу китоби нави насрии худро, ки «Ёди модар» унвонгузорӣ шудааст, пешниҳоди хонандаи закию нуктасанҷ ва сахтгир намудааст. Ин китоб аз ҳикояҳои воқеӣ таркиб ёфта, дар онҳо ҳодисаҳои  гуногуни зиндагӣ, ки дар меҳварашон одамони касбу кори мухталиф қарор доранд, бо тамоми паҳлуҳову мураккабиҳои  худ инъикос ёфтааст.

Як хусусияти ҷолиби навиштаҳои муаллиф дар он аст, ки нақлу воқеаҳои муқаррарӣ, ки ҳамарӯза дар ҳаёт рух медиҳанд, дар ҳикояҳои ӯ дар либоси бадеӣ таҷассум ёфта, бо ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ ва хушдордиҳандаи худ ибратбахш мебошанд. Нахустҳикояи маҷмӯа, ки «Дили модар» ном дорад, саршори андешаҳои воло ва воқеоти омӯзанда аст. Қаҳрамони ҳикоя Саша бадхисолу майзада буда, ба истеъмоли маводу мухаддир машғул аст. Оқибати ин афъоли нохуши ӯ он мешавад, ки модарашро зарбу лат мекунад ва пиразан аз як даст маҳрум мешавад. Саша ба ҷазои аъмоли бадаш  мерасад ва равонаи зиндон мегардад. Манзараҳои ҷолиби зиндагӣ, драматизму Шиддати воқеаҳо, бархӯрди қаҳрамонон дар лаҳзаҳои гуногун, офаридани симои афроди мусбату манфӣ дар ҳикояҳои «Дотсент», «Дари хона», «Подоши баҳои «5», «Дастрӯймоли тоҷикӣ» ва ғайра равшан ба мушоҳида мерасад. Забон ва ҳусни баёни муаллиф зебову рангин буда, дар навиштаҳо сухану лавҳаи зиёдатӣ тақрибан ба чашм намерасад. Имомназари Холназар мавзӯи ҳикояҳои худро аз ҳаёт гирифтааст, аз ин рӯ, бархе аз онҳо қиссаю саргузашти давраи донишҷӯӣ, воқеаҳои рӯзмарра ва лавҳаю лаҳзаҳои пандомӯзу ҷаззоб мебошанд ва оҳанги зарофату хайрхоҳона доранд. Тарзу шеваи нигориши муаллиф анъанавӣ ба назар расад ҳам, мавсуф дар ҳунару маҳорати образофарӣ, сохтани муколамаҳо, тасвири симо (портрет)-и қаҳрамонҳо, хислату хӯ, нақлу бозгӯйи муназзами воқеаҳо, мантиқи қавии ташаккули образҳо дасти боло дорад. Дар забону баён аз муғлақбаёнию такаллуфот ва дар тасвири воқеаҳо аз сохтани манзараҳои сунъӣ иҷтиноб меварзад.

Дар китоби «Ёди модар» ҳамчунин, тарҷумаҳои Имомназари Холназар ҷой дода шудаанд. Мавсуф бо  ҳунару лаёқати баланд ҳикоя, қиссаю драма ва мазҳакаҳои адиби машҳури Миср Тавфиқ-ал-Ҳаким-«Ношинос», «Вазъияти ногувор», «Шайх-ал-Билбейси», «Вазир Ҷаъфар». «Нӯшбод», «Суруди марг» ва ғайраро тарҷума ва пешниҳоди хонанда намудааст.

Таманнои онро мекунем, ки Имомназари Холназар бо омӯзишу мутолиаи фаровон аз осори адибони ҷаҳон ва меҳнати бардавом,  қуллаҳои баландтари эҷодро фатҳ карда, бо қиссаю ҳикоёти пурмуҳтавою андарзбори хеш адабиёти тоҷикро пурбортар месозад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш