Нашрияи Омӯзгор

Инкишофи кӯдак бояд муназзам бошад

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Дар муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани раванди омӯзиш ва тарбияи кӯдакон метавонад ба инкишофи дурусти шахс аз хурдӣ асос гузорад. Мутахассисон, алалхусус, мураббиёни муассисаҳои томактабиро зарур аст, ки вобаста ба хусусиятҳои синнусолии кӯдак ва нақшаи муайян машғулиятҳоро бо тарбиятгирандагон дуруст ба роҳ монда, пеш аз ҳама, барои инкишофи қобилиятҳои фикрронию зеҳнии онҳо сайъ намоянд.

Мусаллам аст, ки муассисаҳои томактабӣ ҳамчун зинаи асосии низоми маълумоти муттасил дар татбиқи мақсади муҳимтарини ҷомеа нақши асосӣ мебозанд. Бо дарназардошти пешравиҳои ҷомеа муассисаҳои томактабӣ фаъолияти тарбиявии худро тағйир дода, бояд шакл, омил ва методҳои навтарини кори таълиму тарбияро таъмин созанд.

Вазифаи волидон дар оила ва мураббиён дар кӯдакистон (дар асоси баҳисобгирии қонуниятҳои инкишоф ва вазифаҳои таълиму тарбия дар ҳар як соли ҳаёт) дуруст ба роҳ мондани роҳбарии педагогӣ ба инкишофи кӯдак, ташкили бозӣ, меҳнат, машғулиятҳои таълимию маишӣ мебошад.

Таъсири психологӣ ва педагогии мураббӣ ба инкишофи кӯдакон аз рӯзи аввали ба муассисаи томактабӣ дохил шудани онҳо оғоз меёбад. Дараҷаи инкишоф, такомули кӯдак ва чӣ гуна сифатҳои маънавӣ пайдо намудани ӯ аз маҳорат ва таҷрибаи мураббии гурӯҳ вобаста мебошад.

Тавре маълум аст, бозӣ шакли асосии фаъолияти кӯдакон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, инкишофи ҳаматарафаи тарбияи бадан, солимии ҷисму ҳифзи саломатӣ, мустаҳкам намудани системаи асаб, тарбияи шавқу завқ оид ба намудҳои гуногуни фаъолияти ба кӯдакон дастрас, ташаккули хислатҳои мусбати фарҳангию маънавии шахсият ва сифатҳои неки инсонӣ дар барномаи тарбиявию таълимӣ дар кӯдакистон дар назар дошта мешавад. Пеш аз ҳама, дар хусуси тарбияи ҷисмонии ҳар як кӯдак ғамхорӣ карда, мунтазам бозӣ, махсусан, бозиҳои серҳаракат бояд ташкил намуд, то шавқ ва майлу рағбати кӯдакон, ки ҳамеша дар ҳаракат буданро мехоҳанд, афзояд. Иҷро кардани машқҳои мухталиф, ба мисли давидан, ҷаҳидан, часпида баромадан, ҳаво додану доштани тӯб... аз бозиҳоеанд, ки дар кӯдакон рӯҳияи хуби эмотсионалӣ, ғайрату кӯшиш, зиндадилию хушҳолиро ба вуҷуд меоранд.

Фаъолияти фикрии кӯдакон дар натиҷаи муошират бо калонсолон, бозӣ бо ҳамсолон ва инчунин, дар раванди омӯзиши мунтазам ташаккул меёбад. Ба муррабӣ зарур аст, ки дониши андӯхтаи кӯдаконро ба тартиби муайян дарорад, ба шогирдон дуруст мушоҳида намудани ҳодисаҳои табиат ва қонуниятҳои он, дониста гирифтани муҳити атрофро омӯзонад.

Мусаллам аст, ки машғулият шакли асосии таълим дар кӯдакистон мебошад. Машғулиятҳо ҷиҳати азхудкунии донишҳои нисбатан мураккаб ва инчунин, ҳосил кардани маҳорату малака барои ташаккули қобилиятҳо ёрӣ медиҳанд. Аз ин рӯ, бозиҳои дидактикӣ ва усулҳои омӯзиши он ба таври даркорӣ бо риояи талаботи педагогӣ, методӣ ва психологӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Замони нав тақозо дорад, ки дар оила ва ҳамчунин, дар кӯдакистонҳо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ роҳандозӣ карда шавад. Ин, албатта, аз салоҳият ва касбияти омӯзгор вобаста аст. Аксари оилаҳои муосир бо техника ва технологияҳои комютерӣ таъмин ҳастанд, вале бо онҳо дуруст кор гирифтанро ёд додан зарур аст.

Мадина ИСМОИЛЗОДА,

мудири кӯдакистони

“Ситорача” - №148,

ноҳияи Сино              


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш