Нашрияи Омӯзгор

Вусъати омӯзиши илмҳои дақиқ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 871        Шарҳ: 0

 

Қабули «Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 – 2008» қадами ҷиддӣ дар роҳи омӯзиши илмҳои бунёдӣ гардид ва барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табииву риёзӣ роҳи васеъ кушод.

Вобаста ба ин, ба пешрафти илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, барои рушди он заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ «Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2015» қабул гардид.

Дар асоси ин санад дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмиву таҳқиқотӣ паркҳои технологӣ таъсис дода, муҳаққиқону омӯзгорони навовар ба корҳои илмиву истеҳсолӣ ҷалб карда шуданд. Дар натиҷаи фароҳам овардани шароити зарурӣ дар марказҳои истеҳсоливу таълимӣ завқи ҷавонон ба ихтироъкорӣ тавсеа пайдо кард. Дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби олимону ихтироъкорон як қатор навгониҳо ва таҷҳизоту воситаҳои техникӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Дар баробари ин, сатҳи рушди илм, технологияҳо ва суръати пешрафти техникиву технологии кишварҳои рушдёфтаи дунё барои олимону ихтироъкорон ва махсусан, наврасону ҷавонони мо бояд намунаи ибрат ва омӯзиш бошад. Аз ин рӯ, мо бояд ба корҳои илмӣ бисёр ҷиддӣ машғул шавем ва аз равандҳои муосири илму технологияҳои ҷаҳонӣ қафо намонем. Ҳукумати кишвар маҳз бо дарназардошти талаботи замон ва аҳаммияти бузурги илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар ҷодаи таъмин намудани пешрафти кишвар «Барномаи рушди неру ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020», «Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010 – 2020», «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмиву таҳқиқотӣ барои солҳои 2011 – 2015»–ро қабул намуда, барои амалисозии онҳо шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё кардааст. Ҳоло кишвари мо дар марҳалаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад. Дар ин марҳала ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишварро амалӣ месозем. Барои расидан ба ин ҳадаф, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Зеро фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ шарти зарурии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Машғул шудан ба фаъолияти инноватсионӣ ва ба вуҷуд овардани маҳсулоти инноватсионӣ яке аз омилҳое мебошад, ки ба пайванди илм бо истеҳсолот мусоидат карда метавонад. Натиҷаи чунин фаъолият ба вуҷуд омадани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад. Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон барои пешрафти фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат, ташаккули низоми самараноки инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатнокии истеҳсолот, ба бозори дохиливу хориҷӣ баровардани маҳсулоти инноватсионӣ, истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот, суръатбахшии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамояд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ», «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» ва «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020» асосҳои ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ муҳайё гардидаанд.

Бояд гуфт, ки на танҳо омӯзгорон, балки тамоми кормандони соҳаи маориф, бояд масъулияти баланд эҳсос намуда, насли наврас ва ҷавононро дар рӯҳияи ҳисси миллӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ, таблиғу ташвиқи фанҳои табиӣ  ва риёзӣ тарбият намоянд.

Ноима Солиева,

 омӯзгори математикаи

мактаби №6, шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш