Ҳамбаста ба Истиқлоли давлатӣ дар кишвар тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Гарчанде Истиқлоли давлатӣ то ҷое ба осонӣ ба даст омад, аз халои сиёсӣ истифода намуда, гурӯҳҳои манфиатхоҳ кишварро гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ намуданд. Дар натиҷа мардум сарсону саргардон гаштанд ва мамлакат ба вартаи муҳлик кашида шуд.
Дар ҳамин лаҳзаи ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатро ба даст гирифтанд ва бо талошҳои хастагинопазир сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд. Тасвири қаҳрамонию ҷасорат ва ватандӯстии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёт ва публитсистикаи тоҷик таҷассуми воқеии худро ёфтааст. Китоби нави доктори илмҳои филологӣ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода бо номи «Тараннуми садоқат ва муҳаббат» маҳз ба корномаю фидокориҳои Пешвои миллат ва бунёдкориву созандагиҳо дар Тоҷикистон бахшида шудааст.
Китоб аз ҳафт бахш иборат буда, бобҳои он ба ҳамдигар робитаи қавии мантиқӣ доранд ва муаллиф ҳамчун публитсист раванди созандагиву бунёдкориҳо дар кишварро бо муҳаббату самимияти хоса тасвир менамояд. Бахши аввал «Пешвои миллати тоҷикон» унвон дошта, аз навиштаҳои «Рӯзи Президент – рамзи эҳтиром ва садоқат», «Ҳамнавои халқ», «Асли пирӯзии Пешвои миллат» ва «Давлатдорие, ки принсипҳои асосиаш илм, хирадсолорӣ ва такя бар таҷриба аст» иборат мебошад. Дар ин мақолаҳо муаллиф бо такя бо далелу асноди муътамад раванди бунёдкориҳо дар кишвар, сулҳу субот ва пешравиҳои чашмгирро, ки дар меҳвари ин ҳама Сарвари давлат қарор доранд, тавонистааст, ки ба таври воқеию боварибахш тасвир намояд. Забони навиштаҳо содаву фаҳмо ва рангин буда, хонандаро водор менамояд, ки ба қадри сулҳу субот бирасад. Муаллиф, аз ҷумла, ҳамчун публитсист бо овардани лаҳзаҳои ҷолиб симои Пешвои миллатро чунин тасвир мекунад: «Пешвои миллат аз оғоз ба қавли худ устуворанд. Ба ёд меорем, дар аввалин соатҳое, ки роҳбарии кишварро ба дӯш мегирифтанд, чӣ гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ба қавл вафо карданд ва бузургтарин неъматро барои ҳамватанонаш ҳадя карданд». Ҳар навиштаи ин бахш ба хидматҳои Пешвои миллат дар таъмини сулҳу ваҳдат бахшида шудааст. Мавсуф хидматҳои Пешвои миллатро марҳала ба марҳала дар давраҳои бисёр мушкилу хатарзову тақдирсоз бо овардани мисолҳои воқеӣ нишон додааст. Воқеан ҳам, ваҳдати миллӣ неъмати бебаҳост ва таҳкиму ҳифзи он вазифаи ҳар як нафари ватандӯст мебошад. Муаллиф бо муҳаббати беандоза дар ин замина менигорад: «Миллати тоҷик имрӯз нодор нест ва дар қиёс бо солҳои пеш аз ҳар лиҳоз фарқ дорад. Ганҷу сарвати мо муҳаббату ваҳдат аст, ки моро аз он рӯзҳои наҳси миллат берун овардааст ва он ваъдаву қавли Пешвои миллат аст, ки дар Иҷлосияи таърихии Хуҷанд садо дода буд. Ин ливои муҳаббат ҳамеша ҳамроҳи Пешвои миллат аст. Рӯзҳое, ки миллати мазлум овораву гурезон буд, Эмомалӣ Раҳмон ба халқи худ бо муҳаббату меҳр гуфта буд, ки як пора нонро бо ҳам мебинем. Он рӯз ва имрӯз мо ҳама чизро бо ҳам дида истодаем».
Бахши дуюми китоб «Истиқлолияти Ватан» ном дошта, фарогири мақолаҳои «Истиқлолияти Ватан неъмати бебаҳост», «Ҳикмат ва мантиқи ваҳдат», «Дар маърифати ваҳдатофарӣ» ва «Ном ва ҳувияти миллӣ» мебошад. Ин бахш мантиқан тақвиятбахши қисми аввали китоб буда, М. Имомзода ҳамчун фарди ватандӯсту донишманд мафҳуму таъбири истиқлол ва ваҳдати миллиро шарҳу тавзеҳ мебахшад, инчунин, инъикоси мавзӯоти мазкурро дар адабиёти тоҷик мавриди таҳлил қарор медиҳад. Ин навиштаҳо ҷанбаи таҳлиливу таҳқиқӣ низ доранд. Муаллиф менависад: «Истиқлолият муқаддас ва аз он муқаддастар, ҳифзу таҳкими он аст. Ин ақида ҳам саҳеҳ мебошад, ки истиқлолият неъмату мероси абадӣ нест, ки дар хазинае нигоҳ дошта шавад ва ҳар замони мувофиқ ба халқеву миллате ҳадя гардад. Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм бояд ҳар як хурду бузург муқаддас шумораду ҳифз намояд. Андаке ғафлату бетафовутӣ кифоя аст, ки ин ганҷ аз даст равад». Ҳамин гуна дар ин навиштаҳо аз тасвирҳои ҷолибу муассир истифода мекунад, ки ин яке аз хусусиятҳои муҳимми публитсистика мебошад ва ба хонандагон таъсири амиқ мерасонад ва онҳоро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия месозад. Ҳамчунин, муаллиф иттиҳоду ягонагиро асоси пешрафту такомули ҷомеаи тоҷикон меҳисобад ва босароҳат таъкид мекунад: «Фалсафаи маълуму возеҳи таҷрибаи таърихӣ боз ҳамон аст, ки аз ваҳдат кишварҳои кучак ба давлати бузург табдил меёбанд ва абарқудратҳои тавоно аз ихтилофу ҷудоиандозиҳо пароканда мегарданд. Аз ягонагӣ пораҳо бузург мешаванду аз нифоқу ихтилоф бузургҳо пора… Иттиҳоду эҳсоси муҳаббат ба Ватан, диёр ва миллат – ин бақои миллат аст». Ҳамин тариқ, муаллиф дар мақолаву матолиби фавқуззикр аз раванди бундёкориву созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷомеа, номгузории мавзеъҳо бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) сухан меронад.
Бахши сеюми китоб «Пайи илм чун шамъ бояд гудохт» ном дошта, мақолаҳои «Ҷавҳари илму дониш», «Гаҳвораи кадрҳои миллӣ» ва «Манфиат ва арзишҳои миллӣ»-ро дар бар мегирад. Дар ин навиштаҳо донишманди соҳибназар перомуни муҳимияти омӯзишу мутолиаи китобҳои бадеӣ, ки аз озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сарчашма мегирад, ба таври ҷолиб андешаронӣ намудааст. Дарвоқеъ, омӯзишу мутолиа инсонро ба камолоти маънавӣ мерасонад ва дар ҷомеа соҳибмақом мегардонад. Ин нуктаро муаллиф дар навиштаи «Ҷавҳари ақлу дониш» бисёр ҳадафмандона таъкид кардааст: «Ҷои инкор нест, ки мутолиа нафаси ақлу фаросат аст, ки онро фарди китобдӯст бештар эҳсос менамояд. Фарди китобдӯсту китобхон ҳамеша аз атрофиён фарқ дорад. Ситсерон чунин ақида дошт, ки хонаи бекитоб монанди ҷисми беҷон аст». Ҳар андешаи муаллиф бо такя бо афкори бузургони илму адаби тоҷику ҷаҳон тақвият ёфтааст, ки ба масъалаи ба омӯзиши мутолиа ҷалб намудани насли наврас мусоидат мекунад. Инчунин, мавсуф ба масъалаи умдаи замони муосир – амнияти иттилоотӣ низ таваҷҷуҳи махсус намудааст. Муаллиф ҳамчун муҳаққиқи соҳаи журналистика фазои иттилоотии кишварро хуб дарк менамояд ва баҳри таъмини сулҳу ваҳдат ва ташаккул бахшидани арзишҳои миллӣ андешаҳои судманд ироа кардааст. «Ҷаҳонишавӣ дар баробари дастовардҳои бузург паҳлуҳои манфӣ низ дорад, ки мубрамтаринаш тавассути ВАО таъсир ба ахлоқ, анъана ва арзишҳои миллии мо мебошад. Дар шароити муосир, ки муборизаву талошҳои геополитикӣ шаклу усулҳои навро касб кардаанд, расонаҳои ҳар кишвар манфиатҳои миллии кишвари худро дифоъ мекунанд».
Бахши чоруми китоб «Миллати созандаву бунёдкор» унвон дошта, мақолаҳои «НОБ-и «Роғун» олами нангу номус аст», «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими дипломатияи об» ва «Душанбе – маркази дипломатияи об»-ро фаро гирифтааст. Дар ин мақолаҳо доир ба раванди бунёдкорӣ дар НОБ-и «Роғун», ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бораи об, ки дар ин замина дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе баргузории конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифта буд, сухан меравад. Имрӯз масъалаи ташвишовар дар ҷаҳони муосир норасоии оби ошомиданӣ мебошад. Воқеан, нишон додани хидматҳои Сарвари кишвар дар ин самт омӯзандаву муҳим аст. «Дипломатияи об дар замони хоси таърихӣ дар оянда ба як сиёсати бузург табдил хоҳад ёфт. Дар давоми 50 соли охир 150 созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар байни кишварҳо баста шудаанд ва таҷрибаҳо собит намудаанд, ки ин созишҳо ба фоидаи коранд ва тавсияи ин созишномаҳо бояд давомдор бошад». Имрӯз вақти он аст, ки нависандагону шоирон бештар аз раванди бунёдкориҳо дар Неругоҳи обии барқии «Роғун» асарҳои мондагор офаранд, ки ин нуктаро мавсуф дар мақолаи «НОБ- и «Роғун» олами нангу номус аст» басе ҷолиб таъкид кардааст. Ӯ ҳамчун як фарди хештаншинос ба ин иншооти аср сафар мекунад, аз кору пайкори сохтмончиён аз наздик шинос мешавад, қаҳрамонию диловарии онҳоро тасвир мекунад: «Дар ҳақиқат, ин сохтмони аср аст ва онро афсонаи замон метавон номид. Дидан аз нақбҳову дарғот ва дигар минтақаҳои сохтмон гурӯҳи ҳамсафаронро ба ваҷд меовард. Дар ин ҷо садоқату муҳаббату қаҳрамонӣ идома дорад ва бо ин ҳама рӯди саркаши Вахш тобеи инсон гашта истодааст. Садҳо достон ҳам кифоя нест, ки диловариву матонати сохтмончиёнро бо тамоми паҳлуҳо фаро гирифт».
«Волоияти қонун» бахши панҷуми китоб аст. Ин бахш мақолаҳои «Ҷанбаи арзишӣ ва иҷтимоиву фарҳангии қонун», «Нақши қонунҳои даврони навин дар ташаккули давлатдории муосир», «Чанд махсусияти Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ» ва «Тафаккури нав тақозо дорад…»-ро фаро гирифтааст. Дар ин матолиб муаллиф бо таҳлили амиқ раванди татбиқи қонунҳои муҳимро дар замони муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.
Бахши шашуми китоб – «Меҳрнома» перомуни фаъолияту эҷодиёти нависандаи маъруфи тоҷик Абдулҳамид Самад, Рассоми халқии Тоҷикистон Кароматулло Ғайюров, олимон Абдураҳмон Бухоризода, Мукаррама Қосимова, Урватулло Тоиров, Ҳуснигул Талбакова ва дигарон иншо гардидааст. Як қисм аз ин навиштаҳо хусусияти илмию таҳлилӣ низ доранд. Ба гунаи мисол метавон нақди адабии «Мусаввири армонҳо»-ро таъкид кард, ки дар он муаллиф ҳамчун адабиётшинос эҷодиёти А. Самадро бо диди амиқ нақд кардааст. «Нависанда аз портрету пейзаж ва дигар воситаҳои тасвир устокорона истифода бурда, дар қисса (қиссаи «Баъд аз сари падар» дар назар аст. – Н. Н. Э. С. Н. О.) ҳар як ҷузъиёт, ҳар як санъат дар мавқеи худ мақому вазифаи муайянро иҷро кардааст».
Дар бахши ҳафтуми китоб мусоҳибаҳои профессор Масрур Абдуллозода бо номи «Ҳадаф ташкили давлатӣ миллӣ буд» ва рӯзноманигор Муҳаммадшарифи Рустам бо номи «Мактаб аз гаҳвора оғоз меёбад», ки солҳои гуногун бо академик М. Имомзода анҷом додаанд, ҷой дода шудааст.
Дар мусоҳибаи аввал М. Имомзода ҳамчун донишманди фарҳехта масъалаи ташкили давлати миллиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таври омӯзандаву муассир андешаҳои худро баён кардааст. Таҳлилҳои муаллиф дақиқ, бо такя бо асарҳои илмӣ ва андешаҳои созандаву омӯзанда ироа шудааст ва дар ин замина нақши шахсиятҳои бузурги миллат дар асри гузашта ва заминаҳои ба вуҷуд омадани давлати миллӣ ҳаматарафа баён гардидааст: «Нақши шахс дар таърих назаррас аст ва дар ин марҳалаҳо, ҳам марҳалаи аввала ва ҳам мараҳалаи дуюм шахсиятҳое меистоданд, ки онҳо байрақбардор ё пешсафу пешгоми ин ҷунбишҳо ба ҳисоб мерафтанд».
Дар маҷмӯъ, китоби нави доктори илмҳои филологӣ, академик Муҳаммадюсуф Имомзода «Тараннуми садоқат ва муҳаббат» навиштаҳои муаллифро дар солҳои гуногун фаро гирифта, дар он перомуни ташаккули худшиносии миллӣ, нақши шахсиятҳои таърихӣ дар бедории миллӣ, бозтоби бунёдкориҳои кишвар, волоияти қонун ва тасвири симои шахсиятҳои мондагор сухан меравад, ки барои аҳли илму адаб ва доираи васеи ҷомеа ҳамчун дастури худшиносиву худогоҳии миллӣ хидмат хоҳад кард.
Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,
Эҳсон САФАРЗОДА,
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр