Алоқаи байни фанҳо дар ҷараёни дарс яке аз ҷузъҳои муҳимтарин буда, он дар ташаккул ва инкишофи ҷаҳонбинии хонанда таъсири муайян мерасонад. Хонанда тавассути алоқаи байни фанҳо боз бештар дарк менамояд, ки таълими як фан нишондоди фанни дигарро инкор накарда, балки онро пурра ва мустаҳкамтар мегардонад. Дар ин ҳолат ӯ ба дурустии дониши аз ҳар як фан гирифтаи худ бовариаш зиёдтар шуда, мекӯшад, ки дар омӯзиши ҳамаи фанҳо фаъол бошад.
Алоқаи фанни забони модариро ба адабиёт дар ҳар як мавзӯъ ба амал овардан мумкин аст. Барои мисол, мавзӯи «Ҷумлаи пайрави мубтадо»-ро дар синфи IX мегирем. Дар китоби дарсӣ зимни ҳамин мавзӯь чунин мисол оварда шудааст:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти
рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Муаллим ҳангоми хондани ин байт як лаҳза диққати хонандагонро ба таҳлили мазмуни ин байт равона мекунад. Ӯ мефаҳмонад, ки ин байти Рӯдакӣ дар бораи таҷриба гирифтан аз рӯзгор гуфта шуда, он чунин маъниро дорост: касе, ки аз баду неки ҳаёт ба ягон хулоса намеояд, яъне таҷриба намегарад, вай аз ягон омӯзгор чизе омӯхта наметавонад. Рӯзгор беҳтарин омӯзгори инсон аст.
Пас аз он, муаллим ба хонандагон супориш медиҳад, ки акнун. сарҷумла ва ҷумлаи пайрави ин ҷумларо ёбанд. Хонандагон ба ин кор шурӯъ мекунанд. Дар натиҷа онҳо ҳам бо мазмуни байт ошно мешаванд ва ҳам бо сохти он.
Ё ин ки ҳангоми гузаштани мавзӯи «Ҷумлаи пайрави шарт» муаллим метавонад ба тахтаи синф ин байти А.Лоҳутиро нависад:
Агар мардӣ, ҳимоят кун
Ватанро,
Бихар бо хун гуноҳи
хештанро.
Байти якум худ мисоли хубест барои ҷумлаи пайрави шарт. Муаллим ба хонандагон аввал мазмуни байтро фаҳмонида, дар бораи мардӣ ва вазифаи мардони ҳақиқӣ будани ҳимояти ватан сухан меронад ва пас аз он сохти онро таҳлил менамояд. Дар ин ҷумла - Ҳимоят кун ватанро - сарҷумла аст. Ҷумлаи пайрави шарт бошад - агар мардӣ – буда, ба саволи ба кадом шарт? ҷавоб мешавад.
Ҳангоми рузаштани мавзӯи «Зарфи макон» ба тахтаи синф ҷумлаи зеринро ки дар дарси навбатӣ зимни гузаштани ҳикоятҳои «Гулистон» -и Саъдӣ хонда будем, навиштам:
Дарвеше дар Бағдод падид ояд.
Ба хонандагон савол додам, ки ин ҷумла аз кӣ ва аз кадом асар аст?
Хонандае ҷавоб дод, ки ин ҷумла аз «Гулистон»-и Саъдист ва аз ҳикояти «Дуои дарвеш Ҳаҷҷоҷро». Дар ин ҷо диққати хонандагон як лаҳза ба фанни адабиёт дода шуд. Пас аз он ба ёфтани зарфи макон дар ҷумла шурӯь карда шуд. Ҳамин тавр, аз шеъру достон ва ҳикоятҳои классикон овардани мисолҳо дар дарси забони модарӣ на танҳо дониши бачагонро афзун мекунад, балки ҷанбаи тарбиявии дарсро мукаммал мегардонад. Охир, адабиёт одамият меомӯзад.
Ҳангоми дарси адабиёт бошад, ба таҳлили сохт ва таркиби ҷумлаҳои алоҳида диққат додан мувофиқи мақсад мебуд.
Масалан, ҳангоми гузаштани ҳикояти «Султон Маҳмуд ва Талҳак» - и Убайди Зоконӣ ҷумлаи аввали ин ҳикоятро мехонем: Султом Маҳмуд рӯзе дар ғазаб буд. Пас аз он ба хонандагон савол медиҳам, ки ин ҷумла зарф дорад ё не? Хонандагон ҷавоб медиҳанд,- «рӯзе» зарфи замон аст. Ҳамин тавр, мавзӯи якчанд рӯз пеш аз забони модарӣ гузашта боз такрор карда мешавад ва пас аз он ба хондани ҳикоят давом мекунем.
Хулоса, алоқамандона таълим додани забони модарӣ яке аз воситаҳои хуби ба нишондиҳандаи назаррас ноил шудани омӯзгор ба шумор рафта, маҳорати баланди ӯро нишон медиҳад.
Қурбонмат Дадоматов,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №37,
ноҳияи Ашт
Иловакунӣ
Иловакунии фикр