Нашрияи Омӯзгор

Хатлон: омӯзгорон ба имтиёзҳо таъминанд?

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» (соли 2006) бо мақсади аз байн бурдани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи омӯзгорӣ ба тасвиб расидааст.

Тибқи иттилои масъулини раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилоят 46 ҳазору 756 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Аз соли 2007 то соли 2021 дар асоси қарори болозикр 2079 нафар омӯзгори ҷавон бо замини наздиҳавлигӣ, 152 нафар бо заминҳои полезӣ ва 603 нафар бо қарзҳои имтиёзнок таъмин шудаанд. Дар давоми се моҳи аввали соли 2021 28 нафар омӯзгори ҷавон соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ ва 23 нафар соҳиби қарзҳои имтиёзнок гардидаанд.

Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, Исломиддин Нарсов, аз соли 2009 то соли 2020 дар ҳудуди ноҳияи мазкур 81 нафар омӯзгор соҳиби замини наздиҳавлигӣ гаштаанд. Инчунин, ба 46 нафар омӯзгори ҷавон 43 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар умум, аз соли 2009 –ум то соли 2020-ум 129 нафар омӯзгори ҷавони ноҳияи Ёвон мавриди дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ қарор гирифтанд.

Омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Кӯшониён Қосим Давлатзода изҳор дошт, ки зимни фаъолият дар муассисаи таълимии №60-и ноҳияи Кӯшониён соли 2015 ба Ҷамоати деҳоти Заргар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ариза чун ниёзманди замин пешниҳод кардаам. Ғайр аз ин, солҳои 2016 ва 2020 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ниёз доштанам ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчун омӯзгори ҷавон ариза ирсол кардам. То ҳол интизорам, ки бароям замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Имрӯз ин омӯзгори ҷавон бо бародаронаш дар як хона (4 оила иборат аз 18 нафар) зиндагӣ доранд. Омӯзгори ҷавон бо сабаби надоштани манзили зист тӯли чанд сол мешавад, ки дар замин ва хонаҳои тағояш иҷоранишин мебошад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Валиев гуфт, ки ба масъалаи дастгирии омӯзгорони ҷавон дар ноҳия диққати махсус равона гардидааст. Ба 211 нафар омӯзгори ҷавоне, ки дар деҳот бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, 10 фоиз иловапулӣ ба музди меҳнат дода шуда, 6 нафар омӯзгори ҷавон аз қарзи имтиёзнок (ҳар яке ба андозаи аз 5 то 6 ҳазор сомонӣ) бархӯрдор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Фотима Шерализода, сокини ноҳияи Кӯшониён мегӯяд, теъдоде аз омӯзгорон барои бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидан ва эҳтиёҷ доштан ба замин бо ариза муроҷиат кардаанд, вале барои ноҳияи калоне, ки беш аз 1000 нафар омӯзгор, аз ҷумла, зиёда аз 200 нафар омӯзгори ҷавон дорад, дастгирии танҳо 5 – 6 нафар дар як сол қонеъкунанда намебошад.

Умед Назаров, омӯзгор аз шаҳри Бохтар иброз дошт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон» ба мақомоти маҳаллӣ ариза пешниҳод кардам. Як сол мешавад, ки дар навбати гирифтани қитъаи наздиҳавлигӣ мебошам, чун масъулин иттилоъ дода буданд, ки аризаи маро дар навбат гузоштаанд…

С.АЗИЗӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш