Ба ифтихори 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири тавоно, мунодии сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода ва Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конфронси илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор гардид.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия Усмонҷон Ахмедов таъкид дошт, ки яке аз рукнҳои муҳими соҳибистиқлолӣ ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни кишвар ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни гузаштагонамон мебошад. Бузургдошт ва таҷлили 110 – солагии шоири тавонои миллат Мирзо Турсунзода ва 80 – солагии Лоиқ Шералӣ бозгӯи гуфтаҳои болоист. Шоираи ширинкалом - Фарзона Мирзо Турсунзодаро «мубашшири сулҳу дӯстӣ дар ақсои олам» унвон карда, чанд хотираи давраи наврасиашро аз суҳбати устод нақл намуд.
Мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Замира Ҷӯраева аз осору рӯзгори ин бузургони миллат сухан гуфт. Мирзо Турсунзода ба насли дуюми адибони садаи бисти тоҷик шомил буда, дар радифи С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Ҳ.Юсуфӣ, Ҳ.Карим, М.Миршакар, М.Раҳимӣ, А.Деҳотӣ, Р.Ҷалил, Б.Раҳимзода ба арсаи адабиёт қадам ниҳода буданд. Устод Лоиқ бошад, бо шеъри баланди худ дар қатори дигар шоирони забардасти кишвар, амсоли М.Қаноат, Б.Собир, Гулрухсор, Г.Келдӣ, К.Насрулло ва Фарзонаи Хуҷандӣ шеъри тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни даври донишкадавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Мавлавихонӣ” ифтихорномаи донишкада супорида шуд.
Абдусабур АБДУВАҲҲОБОВ,
рӯзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр