Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ва 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ конфронси илмӣ – амалии омӯзгорон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Директори донишкада,  номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Саидӣ аз дастовардҳои илмиву истеҳсолии донишкада ҳарф зада, зикр намуд, ки дар донишкада дар самтҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат, самаранок истифодабарии барқ ва технологияҳои коммуникатсионӣ, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ корҳои илмию тадқиқотӣ иҷро карда мешаванд. Танҳо дар зарфи 5 соли охир дар донишкада 23 рисолаи номзадӣ, 3 рисолаи докторӣ ҳимоя шудааст, ки 70%-и онҳо ба самти илмҳои дақиқ ва техникӣ равона шудааст. Дар давоми 4 моҳи соли ҷорӣ 1 рисолаи докторӣ ва 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.

Сипас, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои ба даст овардани “Ҷоми Академияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”, даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, фестивали ҷумҳуриявии «Мӯд-2021» “Аз Наврӯз то Наврӯз”, олимпиадаи байналхалқии “Электротехника-2021”, “Ихтироъкорон” ва устодоне, ки шогирдонашон дар афзуннамоии дастовардҳои донишкада саҳм гузоштанд, бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти донишкада қадршиносӣ гардиданд.

Дар идомаи кори конфронс маърӯзаҳои илмии коромӯзон ва устодони донишкада шунида шуд.

Дар қисмати дуюми кори конфронс дар бахшҳои “Саноатикунонии босуръати мамлакат, фаъолияти иқтисодӣ, молиявӣ ва сайёҳӣ ҳамчун омилҳои рушди устувори иқтисодиёт”, “Нақши сохтмон, нақлиёт ва энергетика дар рушди иқтисодиёти миллӣ”, “ Нақши соҳаи хӯрока ва кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ”, “ Нақши илмҳои риёзию табиатшиносӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ” ва “Масъалаҳои мубрами забон ва улуми ҷомеашиносӣ” беш аз 70 мақолаи устодон, муҳаққиқони ҷавон, докторантони PhD, магистрантон ва донишҷӯён шунида шуд.

 

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш