Нашрияи Омӯзгор

Баррасии масоили таҳқиқоти педагогӣ

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар толори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир» баргузор гардид. Конфронсро директори ПРМ, профессор Лутфия Иматзода ифтитоҳ намуда, дар бораи масъалаи баррасишаванда ва аҳамияти он дар пешрафти соҳаи маориф ва беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия мухтасар ҳарф зад.

Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академик Ирина Каримова дар суханронии худ зикр кард, ки таҳқиқоти илмии педагогӣ ва таълифи рисолаҳои илмӣ, ки бевосита ба маорифу мактаб дахл доранд,  рисолати асосии аввалиндараҷаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомӣ ба шумор меравад.

-Дар замони Шӯравӣ  муассисаи мазкур Инситути тадқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон ном дошт,-гуфт И.Каримова ва афзуд, ки ҳам дар он замон ва ҳам дар шароити кунунӣ таҳқиқоти педагогӣ дарёфту ҷустуҷӯйи корҳои илмии бунёдӣ, коркарду таҳрир ва пешниҳоди он барои доираи васеи омӯзгорону устодон мебошад. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бояд асосноку бунёдӣ бошанд. Таҳқиқот, ҷустуҷӯ намудани роҳҳои нави дидактикаи педагогӣ, методу шеваҳои судманди таълим ва амсоли инҳо имрӯз дар соҳаи маориф муҳим ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, таҳқиқоти илмии солҳои охир номукаммал буда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Доктори илмҳои педагогӣ, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Муҳаммад Лутфуллоза дар мавзӯи «Педагогика-илми зиндагиофар» суханронӣ намуда, дар зимн қайд кард, ки афкори педагогии шоирону нависандагон ва мутафаккирони гузаштаи форсу тоҷик сарчашмаи  муътамади тарбияи ахлоқии инсонҳо ба шумор меравад. Дар эҷодиёти шоирону нависандагони гузаштаи тоҷик панду ахлоқ василаи муҳими ба камолоти маънавӣ расидани  инсон дониста шуда, ин омил аз «Авасто» сарчашма мегирад, ки асоси зиндагии бани башарро дар ин панди  ҳакимона: «гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек» таҷассум намудааст. Ходими пешбари шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ, сиёсат ва стратегияи рушди маорифи ПРМ АТТ, доктори илмҳои педагогӣ Табаралӣ Зиёзода дар бораи рушду такомули илмҳои дақиқ ва табиию риёзӣ дар кишвар ҳарф зада, аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бо вуҷуди вусъат ёфтани раванди тадқиқотҳои илмӣ, бахши аъзами рисолаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ аз масоили мураккабии таълиму  тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дур  буда, амалан ба нудрат аҳамияти педагогию дидактикӣ доранд.

Муаллими калони кафед-раи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи С.Айнӣ Саттор Қувватов  дар мавзӯи «Мушкилоти таълими кӯдакони ношунаво ва роҳҳои ҳалли он» батафсил ҳарф зада, қайд кард, ки таълиму тарбияи кӯдакони ношунаво яке  аз  масъалаҳои муҳими соҳаи маориф буда, аз мутахассисони варзида вобастагии калон дорад.

Директори мактаби №1-и ноҳияи Мастчоҳ, унвонҷӯи ПРМ  ба номи А.Ҷомии АТТ О.Шарифова дар мавзӯи «Таҳаммулпазирӣ ва сабру шикебоӣ аз нигоҳи дини мубини ислом» маърӯза намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки зиндагии инсон роҳи ҳамвору бемонеа набуда, балки пур аз шебу фарозҳост ва дар ҳаёт ҳар як шахс ба мушкилӣ ва мусибатҳо рӯ ба рӯ меояд. Бинобар ин, инсон бояд дар худ иродаи қавӣ ва устувориро тарбия  карда, аз мушкилӣ ва мураккабиҳо натарсад. Барои сабру тоқат мукофот таъйин гардидаву барои гуноҳ  ҷазо.

Омӯзгори ДҶТИБКСМ Заррина Норова дар хусуси корҳои илмии анҷомдодашуда иттилоъ дода, афзуд, ки дар донишкада Шӯрои илмии муҳаққиқони ҷавон амал мекунад. Феълан 4 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои илмӣ қарор доранд.  Корманди АТТ Ҷ.Ҳакимова перомуни раванди таълиму тарбия дар мактабҳои махсус андешаронӣ намуда, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар мактабҳои мазкур мушкилоти фаровоне мавҷуд аст, ки нарасидани барномаҳои нави таълимӣ ва китобҳои дарсии созгор ба талаби замони муосир аз ҳамин қабил маҳсуб меёбад. Ходими калони ПРМ АТТ Д.Имомназаров таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он масъала ҷалб намуд, ки норасоии мутахассисони варзида (омӯзгорони донишманд ва дорои ҷаҳонбинии фарох) ба пешрафти таълиму тарбия, дар маҷмӯъ, соҳаи маориф монеа эҷод мекунад. Мавсуф пешниҳод  кард, ки дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курсҳои вижа барои омӯзгорони мактабҳои махсус (ношунавоён, кару гунгҳо…) ташкил карда шавад. Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо, конфронс дар се бахш кори худро идома дод.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор» 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш