Ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чанд ҳамоишу маҳфили рангину хотирмон баргузор гашт. Аз ҷумла, ба ин муносибат маҳфили рӯнамои китоби тозанашри адиби номвари тоҷик Ато Ҳамдам бо номи «Ҷон дар кафи даст» созмон дода шуд, ки дар он адибон, олимон, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни макотиби олии пойтахт ширкат варзиданд.
Равшани Махсумзод, муовини раиси ИНТ, дар оғози маҳфил ба таври фишурда перомуни эҷодиёти Ато Ҳамдам сухан ронда, зимнан зикр кард, ки қисме аз осори ин адиби пуркор ба мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шудааст ва хушбахтона, имсол ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ӯ ин гуна осорашро дар китоби алоҳидае - «Ҷон дар кафи даст» гирд овардааст. Китоб хеле пурмуҳтаво буда, се қисматро фаро мегирад: очеркҳо, драмаҳо ва тарҷумаҳо. Нигоштаҳои ин китоб хеле муассиру ҷолиб ва ҳикматборанд ва муҳимтар аз ҳама, ҷангро шадидан маҳкум мекунанду сулҳу ваҳдатро меситоянд.
Маърӯзаҳои адибон ва донишмандони шинохта Ҷумъа Қуддус (оид ба очеркҳои адиб), Муҳаммадулло Табарӣ (дар бораи драмаҳои адиб) ва Муртазо Зайниддинзода (перомуни тарҷумаҳои адиб) ба аҳли маҳфил хеле писанд омаданд. Дар маҳфил, ҳамчунин, адибон Кароматуллоҳи Мирзо, Сайидалӣ Маъмур, Бахтиёр Муртазо, Ато Мирхоҷа, олими номвар Иброҳим Усмонов ва котиби масъули собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон Элмурод Турсунов суханронӣ карданд.
Дар ҷамъбасти маҳфил адиби маъруф Ато Ҳамдам дар бораи таърихи таҳияву нашри китоби «Ҷон дар кафи даст» мухтасаран ҳарф зада, ба аҳли нишаст барои баҳои баландашон ба ин китоб арзи сипос намуд.
А.ИЛЁСПУР,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр