Нашрияи Омӯзгор

Эҳтироми забон эҳтироми Ватан аст

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Забондонӣ муҳимтарин фазилати инсон аст ва донистани забонҳои дигар аз хуб омӯхтану донистани забони модарӣ ибтидо мегирад. Дар омӯзишу аз худ кардани фанҳои таълимӣ донистани истилоҳот ва равону саҳеҳ сухан гуфтан нақши муҳим мебозад. Ҳар қадар хонанда истилоҳоти зиёдро вобаста ба фанҳои гуногун азхуд намояд, ҳамон қадар доираи забондонияш васеъ, маҳорати суханвариаш баланд хоҳад шуд. Барои ин, омӯзгоронро зарур аст, ки ба нутқи худу шогирдон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғалатҳои забонии хонандагонро саривақт ислоҳ намоянд ва талқингари муҳаббату эҳтиром ба забони модарӣ бошанд.

 Албатта, дар ин миён нақши омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик барҷастатар аст. Ӯ парчамбардори арҷгузорӣ ба забони модарӣ дар таълимгоҳ мебошад. Ҳар як дарси омӯзгори забону адабиёт дар мактаб бояд таҷассумгари тавонмандиву бузургии забони тоҷикӣ, ҳидоятгари омӯзиши амиқи ин забон, тақвиятбахши ҳисси эҳтиром ба забони миллат бошад. Нутқи омӯзгори забон бояд барои шогирдон вобаста ба саҳеҳию равонию ҷозибадорияш нақши аёниятро бибозад, онҳоро шефтаю мафтун кунад, муҳаббату эҳтиромашонро ба забони модарӣ биафзояд. Истифода аз шоҳбайту ҳикматҳо, мақолу зарбулмасалҳо сухани омӯзгорро муассир ва ҷозибаашро дучанд мекунад. Муқоиса кунед, ки як матлаби одии “сухан тавоност ва корҳоеро мекунад, ки ҳеҷ неруе қодир нест”-ро ба гунаи дигар, масалан, ба тариқи зер ифода кардан чӣ қадар муассир ва ҳадафгир аст: “сухан неруест бузургу тавоно ва ин нуктаро шоире ба гунае таъкид карда:

 Корҳо рост кунад оқили комил ба сухан,

 Ки ба сад лашкари ҷаррор муяссар нашавад.

 Дар ҳар як дарси забону адабиёт хонандагон бояд луғатҳои бисёреро омӯхта, байтҳои зиёде азёд кунанд ва чанд ҳикмати тозаро ба хотир бигиранд. Омӯзгор бояд ба хонандагон таъкид намояд, ки яке аз муҳимтарину самаровартарин василаи забономӯзӣ, ҳар чӣ бештар мутолиа намудани китоби бадеӣ мебошад. Бояд бо китоб ҳамдам шуду аз ин хазинаи дониш пайваста баҳрабардорӣ кард. Ман дар дарсҳои худ анъанаеро пайгирӣ менамоям; дар оғози ҳар як дарс байте ё ҳикматеро дар ситоиши забони тоҷикӣ мегӯям (онро бо воситаҳои электронӣ дар лавҳи синф инъикос менамоям) ва мухтасаран тавзеҳ мебахшам. Аз хонандагон хоҳиш менамоям, ки ин байт ё ҳикматро ба хотир гиранд ё дар дафтарашон ёддошт кунанд. Ин амалро метавон ҳусни оғози дарс номид.

Воситаҳои тақвиятбахшии меҳри хонандагон ба забони тоҷикӣ рангину гуногунанд. Махсусан, корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва маҳфилҳои адабӣ дар омӯзиши забони модарӣ нақши барҷаста доранд.

Гулнисо РАҲМАТОВА,

омӯзгори мактаби №12-и

ноҳияи Мастчоҳ      


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш