Дар нашрияи “Омӯзгор” (№9, аз 4 марти соли 2021) лоиҳаи замонбандӣ (даврабандӣ)-и таърихи халқи тоҷик аз ҷониби профессорони ДМТ Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода ва Раҳмоналӣ Шарипов чоп шудааст. Муаллифони лоиҳа дидгоҳи донишмандонро аз асрҳои XVI-XVII то охири асри ХХ мавриди назар қарор дода, як навъ ба консепсияҳои Жан Боден, Адам Смит, Анри Сен-Симон, Г.Ф Гегел, К. Маркс, Ф. Энгелс, В.И. Ленин, Г.В. Плеханов, А. Грамши, А. Тойнби, В. Дюрант, С. Хантингтон баҳо додаанд.
Дар тӯли таърихи башарият олимон кӯшиш намуданд, ки сохтори таърихро ҳамчун ҷараёни яклухт, ки дорои хусусиятҳо ва қонуниятҳои хос мебошад, омӯзанд, вале ҳамаи дидгоҳҳо вобаста ба даврабандии таърих ба яктарафа омӯхтани раванди таърихӣ сабаб мегаштанд. Масъалаи даврабандии таърих то имрӯз баҳснок аст, интиҳо надорад, зеро ба таври шартӣ роҳандозӣ гаштааст. Ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки омӯхтани таърих бидуни даврабандӣ ғайриимкон аст, зеро даврабандӣ асоси сохтори донишҳои таърихиро ташкил медиҳад. Маҳз муайян намудани хусусияту моҳияти ба худ хоси воқеаву ҳодисаҳо, раванду қонуниятҳои ин ё он марҳилаи таърихӣ-яке аз вазифаҳои асосии таълими таърих ба шумор мераванд.
Таърихнигории ҷаҳонӣ бозгӯи он аст, ки дар давоми ҳазорсолаҳо муносибат ба даврабандии таърихи ҷомеаи инсонӣ тағйир меёфт, зеро аз ҷониби муҳаққиқон андешаву намудҳои гуногуни даврабандии таърих вобаста ба ивазшавии вазъи сиёсиву иҷтимоӣ пешниҳод мегаштанд. Мусаллам аст, ки бидуни даврабандӣ илми таърихро тасаввур кардан номумкин аст. Маҳз даврабандии таърих муҳақкиқро аз субъективизм - душмани асосии илми таърихнигорӣ эмин нигаҳ медорад.
Ҳамаи таърихшиносон бар он ақидаанд, ки омӯзиши сохтори таърих душвортарин муаммои илмӣ ба шумор меравад. Муайян намудани давраҳои таърих аз омилҳои зайл вобастагӣ дорад: а) аз вақти муайян намудани даврабандӣ; б) аз мафкура (идеология) –и дар ҳамон вақт ҳукмронбуда; в) аз мавҷудияти (кам ё зиёд будани) маводи таърихӣ ва ғ.
Аслан, даврабандии таърих падидаи нав нест, аммо бо дарназардошти даврони истиқлолият бояд ба он аз диди нав назар намуд. Масъалаи мазкур соли 2013 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф, муовини вазир, Президенти АТТ, муаррихони машҳур мавриди муҳокима қарор гирифта, даврабандии таърихи халқи тоҷик пешниҳод гашта буд. Ин даврабандӣ дар нашрияи “Омӯзгор” (2013, 22 ноябр) ба табъ расида буд. Ҳафтанома дар шумораи 27 декабри соли 2013 мақолаи доктори илмҳои таърих, профессор Н. Ҳотамов ва корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф М. Шарифовро ба нашр расонид, ки дар онҳо баъзе фарқиятҳои ҷузъӣ дар даврабандии таърихи халқи тоҷик мушоҳида мешавад.
Даврабандии наве, ки олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карданд, то андозае қобили қабул аст. Лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуда, дар баробари ин, баъзе фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳоди худро манзури омӯзгорону устодон менамоем.
Аввалан, давраи ибтидоӣ ё қадимтарини таърихи халқи тоҷикро муаллифони лоиҳа аз ибтидои пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то ҳазорсолаи VII то милод марҳилабандӣ кардаанд, аммо дар кадом асос чунин даврабандӣ пешниҳод шудааст, ба таври мушаххас шарҳу эзоҳ дода нашудааст. Чунки дар ин давра асри санг ҳанӯз идома дошт. Марҳилаҳои неолит, энеолит, ки давоми асри санг аст, аз ин марҳилабандӣ берун монда, ба давраи дигар гузаштааст. Ба андешаи мо, хуб мешуд, ки ду марҳилаи номбаршудаи асри санг (неолит ва энеолит), ки дар даврабандии пешниҳодшуда дар давраи II, зербанди 1 таҳти унвони “Зуҳур ва ташаккули маданиятҳои Ҷайтун (Анав), Ҳисор, Мундигак, Шаҳри Сӯхта ва Саразм” омадааст, ба давраи I ҳамчун зербанди алоҳида (4) илова карда шавад.
Дуюм, давраи чоруми марҳилабандӣ (Замони нав. Таҳаввули халқи тоҷик) аз ибтидои асри XIX то соли 1924-ро дарбар гирифтааст, агар ин давраро аз миёнаи асри XIX то Инқилоби сотсиалистии Октябр (соли 1917) номем, саҳеҳтар мешуд. Инчунин, давраи чорум, зербанди 3-ро “Халқи тоҷик дар оғози асри ХХ: ибтидои талош барои зиндагии навин ва эҳёи миллӣ” (солҳои 1900, октябри соли 1917) номидан мувофиқи матлаб мебуд.
Сеюм, давраи панҷум – Замони навин. Ҷомеаи навин. Ташаккули миллати тоҷик (аз октябри соли 1917 то имрӯз) номида, ба чор зербанд тақсим карда шавад ва зербанди 1 “Барпошавӣ ва мустаҳкамшавии ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон. Қадамҳои аввалин баҳри бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ (солҳои 1917-1924)” номида шавад.
Н. РАҲИМОВ,
профессор,
Ш. ШАРИПОВ,
Ҷ. Исомитдинов,
дотсентони ДДХ ба номи
академик Б. Ғафуров
Иловакунӣ
Иловакунии фикр