Вақте раванди гирдоварии ашё барои таъсиси осорхонаи мактабӣ шурӯъ мешавад, мавзӯъ барои фаъолияти лоиҳавии толибилмон метавонад бисёр бошад. Ҳар ашё таърихи хосе дорад (аз таърихи сохтани ашё то ба кӣ тааллуқ доштани он), ба эҳтимоли зиёд, заминаи корбурд, мавод, технологияҳо, ташобеҳот (аналогӣ), ки қабл аз пайдошавии ашёи мавриди назар, ба кадом давра тааллуқ дорад ва ғайра.
Дар ин самт толибилмон метавонанд бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва бидуни он ҳам лоиҳаҳо таҳия намоянд. Агар ба ин аз нуқтаи назари истифода аз компютер дар омода намудани лоиҳа нигоҳ кунем, пас таҳияи муаррифиномаҳо, сомонаҳо, наворҳо, навиштани мақолаҳо доир ба ашёи алоҳида дар рӯзномаи муассисаи таълимӣ маҳсуб мешавад. Баъди ҳамаи инро таҳия намуданд муҳим аст, ки толибилмон ба корҳои пажӯҳишӣ шурӯъ кунанд, мавод ҷамъоварӣ созанд, онро ҳамаҷониба таҳлил намоянд.
Аммо замоне фаро мерасад ва ошкор мешавад, ки як ҳуҷраи ба душворӣ барои осорхона ҷудошуда имкони ғунҷоиши ҳамаи ашёро надорад. Пас дар оянда чӣ бояд кард? Мумкин аст, ба ҳамаи ин қонеъ шуд ва аз он намоише, ки онро ҷамъоварӣ ва таҳия намудаед, лаззат бурд: дар он сайрҳо ва машғулиятҳо гузаронд. Аммо баъзан сайрҳо барои толибилмон ба боздиди дилбазани ашё ва машғулиятҳо бо хондани рефератҳо ба гуфтугӯи хастакунандаи омӯзгор табдил меёбанд.
Технологияҳои компютерӣ, албатта, дар чунин лаҳзаҳои ҳассос ба имдоди мо мерасанд. Фурсате фаро мерасад, ки метавон аз муаррифиномаҳо, сомонаҳо ва мақолаҳои гирдоваришуда осорхонаи маҷозӣ (виртуалӣ) таъсис дод. Барои осорхонаи маҷозӣ ҳуҷра лозим нест. Ин маънои онро дорад, ки метавон дар баробари ин корҳои пажӯҳиширо бо ашёи нав идома дод ва ҳамчунин, метавон наворҳо оид ба ёдгориҳо, мавзеъ ва ашёи таърихӣ сабт карда, дар он ҷой дод, ки барномаи осорхонаи маҷозиро шавқовар месозад. Инчунин, ба ҳамин восита метавон сайри маҷозии толибилмонро дар шакли бозии омӯзишӣ роҳандозӣ кард.
Осорхона дар мактаб бояд тавре фаъолият намояд, ки дар ҷараёни он идея ва барномаҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои нав пешниҳод шаванд, ки ҳам барои толибилмон ва ҳам барои омӯзгорон ҷолибу шавқовар бошанд. Агар фаъолияти осорхонаи мактаб танҳо барои сайрҳо бошад, пас он, ба эҳтимоли зиёд, аз фаъолият бозмемонад, зеро тадриҷан таваҷҷуҳи толибилмон ва омӯзгорон ба он коҳиш меёбад.
Бо назардошти масъалаҳои мазкур ва ҷой доштани мавзӯъҳои баҳсталаб Шӯрои илмии осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент тасмим гирифт, ки дастуре омода намояд. Дар он роҳу усулҳои осорхонаи мактабӣ, самтҳои фаъолият, ҳадафу мақсадҳои таъсиси он ба таври рӯшану возеҳ баён шудааст. Дастурамали методӣ таҳти унвони «Осорхонаи мактабӣ, самтҳои фаъолият» аз ҷониби банда тадвин ва таҳия шудааст, ки дар он тарзҳои ҷолиб ва самаровари фаъолияти осорхонаи мактабӣ пешбинӣ шудаанд. Роҳбарони осорхонаҳои мактабии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ метавонанд бо истифода аз он машғулиятҳои осорхонавии хешро такмил бахшида, мафҳилҳои ҳадафгиру муассир баргузор намоянд.
Мақсудҷон Васихов,
корманди илмии Осорхонаи
ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент
Иловакунӣ
Иловакунии фикр