Нашрияи Омӯзгор

Омӯзиши техника кафолати комёбист

Сана: 2021-05-12        Дида шуд: 853        Шарҳ: 0

 

Дар соҳибҳунару соҳибкасб гардидани наврасону ҷавонон коллеҷу литсейҳои касбу ҳунаромӯзии ҷумҳурӣ нақши барҷаста доранд. Яке аз ин гуна муассисаҳо коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мебошад, ки соли 1997 дар заминаи техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе таъсис ёфтаааст.

Баъдан бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1997 техникуми индустриалии шаҳри Душанбе ва соли 2009 коллеҷи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ (собиқ политехникум) низ ба коллеҷи техникӣ ҳамроҳ карда шуданд.

Директори коллеҷ Рустам Холматов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар муассисаи мазкур 2 шакли таҳсил: рӯзона ва ғоибона роҳандозӣ гардида, донишҷӯён тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ илму ҳунар меомӯзанд. Аз соли таҳсили 2020-2021 дар таълимгоҳ 5 факулта, 1 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 14 кафедра фаъолият доранд. Дар коллеҷ мувофиқ ба 54 ихтисос, аз қабили графикаи компютерӣ, таъминоти барномавии технологияи иттилоотӣ, неругоҳҳои барқӣ, таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ, меъморӣ, низоми технологияи иттилоотӣ, техника ва таҷҳизоти тиббӣ, иқтисодиёт ва таъмини ҳуқуқии соҳибкорон, автоматикунонии кори бонкӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Ворид шудани фаъолияти таълимии коллеҷ ба низоми кредитии таҳсилот ва тибқи нақшаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба роҳ мондани раванди таълим, эҷоди заминаи замонавии таҳсилот ин пеш аз ҳама пайвасти устувори ҷараёни таҳсилоти миллиро бо фазои байналмилалии таҳсилот таъмин менамоянд.

Айни замон дар коллеҷи техникӣ зиёда аз 3700 нафар донишҷӯ таҳсил дошта, ба онҳо 308 нафар устоди соҳибтаҷриба ва унвондор таълим медиҳанд. Таҷҳизонидани кафедраҳо бо воситаҳои техникии муосир, аз нав таҳия ва тасдиқи силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ, аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорону кормандон, мувофиқи ихтисос ҷо ба ҷо кардани кормандон, барои такмили ихтисос ба курсу семинарҳои омӯзишӣ сафарбар намудани омӯзгорон, ташкили давраҳои омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои омӯзгорони коллеҷ, ҷорӣ намудани назорати қатъӣ оид ба омодагии омӯзгорон ба дарсҳо ва гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, ташкили дарсҳои иловагию машваратӣ бо донишҷӯёни лаёқатманд ва сустхон аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар муассиса пайваста анҷом мепазиранд. Лоиқи зикр аст, ки китобҳои дарсӣ, методӣ, тавсиявӣ ва дастурамалҳои омӯзгорону устодон мавриди истифодаи донишҷӯёни коллеҷ ва дигар муассисаҳои таълимӣ қарор доранд.

Фаъолияти муассиса дар самти ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимию ҳунаромӯзии дохил ва хориҷи кишвар мусбат арзёбӣ мегардад, зеро коллеҷи техникӣ бо коллеҷу донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, чанде аз муассисаҳои таълимии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Белорус, Чин, Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷӣ робитаҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда, бо Институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи ҷумҳурӣ, КВД Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик», Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд муассисаи дигар барои гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва гузаронидани дарсҳои амалии донишҷӯён дар корхонаҳои мазкури ҷумҳурӣ шартномаҳои дутарафа бастааст.

 Ба фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар коллеҷ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то соли 2023 тасдиқ карда шуда, асосан, 10 самти илмӣ-тадқиқотиро дар бар гирифтааст. Соҳаҳои тадқиқоти илмӣ дар коллеҷ ба ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандӣ доранд. Дар давоми 5 соли охир 16 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 6 устоди коллеҷ барои кашфиёташон соҳиби патент гардидаанд. Ҳамчунин, аз тарафи омӯзгорони коллеҷ зиёда аз 600 мақолаи илмӣ, 110 дастури таълимӣ ва беш аз 300 адад мақолаи илмӣ, сиёсӣ, оммавӣ ва ғайра дар нашрияҳои соҳавӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр шудаанд.

Озмоишгоҳи истеҳсоли мебели коллеҷ бо дастгоҳҳои технологии универсалӣ ва дигар таҷҳизоти соҳаи мебелсозӣ таъмин карда шудааст, ки дар раванди дарсҳои озмоишӣ ва амалӣ донишҷӯён ба таври васеъ аз ин озмоишгоҳ истифода мебаранд. Инчунин, озмоишгоҳҳои кафедраи физика ва телекоммуникатсия, кафедраи электроэнергетика, кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозӣ бо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти лабораторӣ муҷаҳҳазанд.

Донишҷӯёни муассиса дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ, олимпиада, озмунҳои фаннию эҷодӣ, намоишҳои театрикунонидашуда ва мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гардидаанд. Солҳои 2018 ва 2019 муассиса аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар байни 73 коллеҷи ҷумҳурӣ беҳтарин муассисаи таълимӣ дониста шуда, бо Ҷом ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ қадрдонӣ гардид, ки боиси ифтихори аҳли заҳмати муассиса мебошад.

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва сифати таълиму тарбия ва фаъолияти самараноки минбаъда роҳбарияти коллеҷ чунин пешниҳодҳо доранд:

- барои такмили ихтисос ва пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҷрибаҳосилкунӣ ва омӯзиши техника ва технологияи муосири таълим устодон ва омӯзгорони ҷавони лаёқатманд ба институтҳои соҳавии тадқиқотии мамлакатҳои хориҷӣ равон карда шаванд;

- таъсиси парки технологӣ дар назди муассиса вобаста ба ихтисосҳои сохтмон, нақлиёт, энергетика ва дигар ихтисосҳои техникӣ;

- бастани шартнома оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-эҷодӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва хориҷ аз он;

- таъмини муассиса бо барномаи антиплагиат барои муайян намудани ягонагии (уникальность) матни мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, оммавӣ, дастурҳои таълимию методӣ ва дигар маводи аз тарафи омӯзгорон ба нашр пешниҳодшуда, барои дубора нусхабардорӣ нашудан ва пешгирӣ аз асардуздӣ;

- таъсиси маҷаллаи тақ-ризшаванда барои нашри мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ вобаста ба имконоти потенсиали кадрӣ;

- таъсиси озмоишгоҳи химия, технологияи мошинсозӣ, сохтмон, нақлиёт ва техникаи тиббӣ дар назди муассиса.

 

Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш