Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии М. Имомзода бо Ю. Мазей

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

14-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Юрий Мазей - проректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи В.М. Ломоносов, Давлат Нидоев - ҷонишини проректори ДДМ ба номи В.М. Ломоносов ва Сергей Трофимов -директори филиали ДДМ ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ба вазъи кунунии филиали ДДМ ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки ҷиҳати рушди фаъолияти он бояд чораҳои дахлдор андешида шавад.

- Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот дарёфти омӯзгорони варзида ва омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби хатмкунандагони муассиса, коркарди барномаҳои таълимӣ, таъсиси ихтисосу факултаҳои нав ва шуъбаи магистратура, таъсиси маҷаллаи илмӣ, бо технологияи муосир таъмин намудани муассиса, ташкили анҷуману конфронсҳои муштарак аз ҷумлаи корҳоеанд, ки бояд амалӣ карда шаванд,-зикр кард Юрий Мазей.

Ҳамзамон, М.Имомзода-вазири маориф ва илми кишвар таъкид намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми филиал бояд Барномаи рушди филиали ДДМ ба номи В.М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳия карда шавад.

Суннатуллоҳи Мирзо


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш