Нашрияи Омӯзгор

Ҳадаф: беҳтар намудани сифати дониш

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои беҳтар намудани сифати дониши хонандагони синфҳои ибтидоии ҷумҳурӣ, дастрасӣ ба маводи босифати хониш, такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷорӣ намудани навовариҳо лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» - ро роҳандозӣ намудааст.

Вобаста ба ин дар муассисаи давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии китоб чорабинии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Бобомуродов қайд кард, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида мешавад. Ин озмун толибилмонро ба он водор менамояд, то ҳарчи бештар ба китобхонӣ рӯ оваранд ва донишу маҳорати худро сайқал диҳанд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо лоиҳаи ташкилоти байналмилалии USAID - «Ҳамроҳ бихонем» чанд солест, ҳамкорӣ дорад ва маротибаи дуюм аст, ки ташкилот ба муассисаҳои такягоҳии ҷумҳурӣ китобҳои бадеӣ барои кӯдакони синфҳои ибтидоиро тақдим менамояд. Аз амалӣ шудани лоиҳа дар марҳилаи якум зиёда аз 7 ҳазор номгӯй китоб дар шаҳру навоҳии кишвар тақсим гардида, имрӯзҳо хонандагони муассисаҳои қаламрави ҷумҳурӣ аз он самаранок истифода мебаранд.

Сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов аз ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар самти такмил додани маҳорати омӯзгорон ва хонандагон изҳори сипос намуда, арз дошт, ки лоиҳаи мазкур имрӯзҳо аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, то дурдасттарин муассисаи ноҳияи Мурғоб фаъолияти худро ба роҳ монда истодааст.

К. ҶАМШЕДОВА,  шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш