Нашрияи Омӯзгор

Дониш фурӯғафзои зиндагист

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 776        Шарҳ: 0

 

Дар дунё миллату халқиятҳои зиёде умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо забону алифбо, урфу одати хосаи худро доранду узви ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.

Миллати тамаддунсозу бофарҳанги мо замоне дар сафи пеши арсаи илму дониши олам қарор дошт. Фарзандони фарзонаи он - шоирону нависандагон, олимон ва донишмандон, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ал-Хоразмӣ дар рушду нумӯи илмҳои замонаашон (забон, адабиёт, кимиё, кайҳоншиносӣ, ҳисобу риёзӣ, табиатшиносӣ, тиб…) саҳми босазою мондагор гузоштаанд.

Олимон барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ Арасту, Ч.Дарвин, Эйнштен дар заминаи бардошт аз осори классикони мо фаъолият намуда, ба мартабаҳои баланд расидаву кашфиёти пурарзиш кардаанд. Дар яке аз  суханрониҳояшон Пешвои миллат оид ба қаноатбахш набудани донишу малакаю маҳорати аксар хатмкунандагони мактабҳои олии мамлакат изҳори норозигӣ намуданд. Бо дохил шудан ба мактаби олӣ бояд донишҷӯ кӯшиш намояд, ки барномаи пешниҳодгаштаро сидқан, пурра ва бо маҳорати баланд аз бар сохта, панҷ-шаш соли ҳаёти пурқимати худ ва орзую омоли падару модар ва миллаташро барбод надиҳад.

Мо - омӯзгорон вазифадорем, ки донишу маҳорат ва таҷрибаи кории худро пайваста сайқал дода, дар таълиму тарбия ва забономӯзии шогирдони худ саъю кӯшиши судманд намоем. Талош созем, ки хонандагонамон дар баробари забони модарӣ-забони англисиро дар пояи баланд аз худ намоянд. Омӯзгорони фанни забони тоҷикиро зарур аст, ки шогирдонашонро саводноку бофаҳм тарбия созанд.

Маҳина Саидова,

омӯзгори забони англисии

мактаби №6, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш