Китоби нави шоир Саъдӣ Мирзо (Мирзоев Саъдӣ Қутбиддинович) бо номи «Чор фасли меҳрубонӣ» ба нашр расид, ки фарогири ашъори ватандӯстона, тасвири табиати зебои Ватан, ишқу садоқат ва вафодориву инсондӯстӣ мебошад. Муаллиф бо забони шевою равон ва истифодаи ибораҳои ҷолибу муассир ашъоре офаридааст, ки басо хотирмон мебошад. Дар сарсухани китоб муҳаққиқ ва шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб ба ашъори шоир баҳои баланд дода, таъкид кардааст: «Саъдӣ Мирзо ба ғайр аз ашъоре дар мавзӯи сирф ғиноӣ ва васфию тараннумӣ, ба муҳимтарин ва доғтарин мавзӯъҳои шеъри рӯз рӯй меорад ва дар сурудани онҳо ҳамчун шоир ва ҳамчун андешаварзу таҳлилгар муваффақ бадар меояд».
Дар зер ду ғазали ватандӯстонаи С. Мирзоро пешкаши хонандагон мегардонем:
Ин Ватан моли ману туст
Ҳамватан, маслиҳат он аст, ки бо ҳам бошем,
Ҳамнафас, ҳамқадаму ҳамдилу ҳамдам бошем.
Ин Ватан моли ману ту, пару боли ману туст,
Баҳри ободии он чорагари ҳам бошем.
Ҳамватан, маснади Симурғ ҳамин синаи мост,
Сар ба Ҳудҳуд назанем, сӣ тани дар ҳам бошем.
Бори мо рехт зи андуҳу зи ғам бех шикаст
Чун Ватан сӯхт, дигар беху бари ҳам бошем.
Хуни мо рехт басе, хуни Ватан рехт басе,
Ришта бигсехт басе, бас! Ҳарами ҳам бошем.
Ҳамватан, гар дами Исои Набӣ мехоҳем,
Бувад ин ҷо дами Исо, чу ба ҳам дам бошем.
Ҷуз Ватан, хоки дигар хоки зароған бошад,
Дар дили хоки Ватан чашмаи Замзам бошем.
Дар дили хоки Ватан чашмаи Замзам бошем!
Ватан
Ватан олами бошу буди ман аст
Ки як зарраи он вуҷуди ман аст.
Ватан гар набошад, маро марг беҳ,
Дарахти қадам бе бару барг беҳ.
Ки модар дар ин ҷо фурӯ монда сар,
Дилу дида дар он нуҳуфта падар.
Ба ҳар пуштааш ҳафт пушти ман аст,
Зи ҳар пушта хоке ба мушти ман аст.
Маро гарди хоку пари коҳи ӯ,
Хасу хору хошоки даргоҳи ӯ,
Сафедии ҳар саҳраи мармараш,
Сиёҳии хоки самарпарвараш.
Зи ҳар чӣ ба дунё бувад, беҳтар аст,
Маро ин Ватан олами дигар аст.
Маро мулки Хатлон, бародар, бас аст,
Зарафшони бо ҷон баробар бас аст.
Бадахшон маро хуштар аз ҷон бувад,
Ҳисораш маро ҷузъи имон бувад.
Зи Раштонзамин дидаам равшан аст,
Дилу ҷон фидои чунин Меҳан аст.
Бояд гуфт, ки «Чор фасли меҳрубонӣ» китоби дуюми Саъдии Мирзост. Ӯ 1 июли соли 1963 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Соли 1986 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, дар рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» ба сифати мудири шуъбаи адабӣ, омӯзгори мактаби миёна ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Файзобод фаъолият кардааст. Аз соли 1999 то соли 2015 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва айни замон корманди шуъбаи Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр