Нашрияи Омӯзгор

Ғазалҳо

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Наздик шуда аз ғами дунё сафари мо,

Ҳайфо, ки кам астӣ бари мардум самари мо.

Дил дар ғами ӯ тангу мушавваш шуда бошад,

Парво накунад дилбари дилбехабари мо.

Дирӯз агар сӯи замон буд назари гарм,

Дигар шуда имрӯз валекин назари мо.

Шабҳо зи дами нури саҳар нур ҳамеёфт,

Бенур кунун  гашта чу шабҳо саҳари мо.

Дар рӯи ҷаҳон дағдағаи беҳунарӣ шуд,

Кам ёд биёранд зи завқу ҳунари мо.

Рӯзе равам аз даҳр, бигӯянд ба ҳасрат:

Афсӯс, куҷо рафт Гурези Сафари мо.

***

Нестам чун роҳпӯе, роҳпоӣ мекунам,

Дар замони бевафоӣ бовафоӣ мекунам.

Гарчи пайванд аст ҷонам бо ғаму сӯзи зиёд,

Аз шикасти қалбу навмедӣ ҷудоӣ мекунам.

Сабз мегардад замини хушки дил аз орзу,

Гарчи баъзан орзуҳои ҳавоӣ мекунам.

Ёди мо бегона гашта баҳри бархе ошно,

Ман вале бо ёди эшон ошноӣ мекунам.

Умри худро сарфи кори нек кардам то кунун,

Баъд аз ин ҳам аз бадиҳо порсоӣ мекунам.

Шодмон аз шеърҳои гуфтаам дил мешавад,

Гумраҳеро андаке гар раҳнамоӣ мекунам.

***

Дидаи оҷиз дигар фарқе насозад рангро,

Тангтар кардаст ҳоли зори бе ин тангро.

Чун дили нармам зи дилсанге зиёд озор дид,

Шукр, ки дигар набинам ранги он дилсангро.

Маснади бисёр бошад дар ҷаҳони зиндагӣ,

Дӯст дорам, мепарастам маснади фарҳангро.

Устухонам шах шуда аз кӯдакӣ бо шири  шеър,

Шеъри хуб аз оҳани дил мебарорад зангро.

 Ҳамчу бенангӣ набошад, хислати пасте дигар,

Хам намегирам сари ору баланди нангро.

Ҷони мо,  ки аз барори Сулҳи мо осуда аст,

Ҳар куҷову ҳар замон маҳкум созад ҷангро.

***

Ин дили бечораам то чанд монад ғамгусор?

Ғам дигар дар он намеғунҷад зи дасти нангу ор.

Чун зимистон сард ҳаст аз сардии ишқу ҳавас,

Бар зимистонаш дигар гӯё намеояд баҳор.

Фарқ дорад, эй бародар, нози ёр аз нози кор,

Кор мемирад туӣ гар рӯба кору дил ба ёр.

Ҳеҷ гаҳ берун нагардад саҳл аз майдони нафс,

Он ки бошад беибо бар аспи бешармӣ савор.

Байни нодоневу доно қуръапартоӣ чаро?

Қуръапартоӣ бувад дар бозии аҳли қимор.

Пир,-гӯянд,- аз канори танг мегардад ҷавон,

Нозанине ку, ки моро танг гирад дар канор?

***

 Ором нагирад дили ошуфтаи мо,

То суфта шавад, гавҳари носуфтаи мо.

Аз дарди ҷигарсӯзи дил огаҳ шавӣ,

Сарфаҳм равӣ агар ба ҳар гуфтаи мо.

Ҳар сатр, ки бо хуни дил эҷод шавад,

Бошад хабаре зи рози бинҳуфтаи мо.

Торикии шабҳои  дарози мардум

Равшан шавад аз дидаи нохуфтаи мо.

Эй боди хазон, раҳм намо, то нашавад

Пажмурда ниҳоли бахти бишкуфтаи мо.

Сад бор агар замона номард шавад,

Дигар накунад роҳи пазируфтаи мо.

 ***

Як дили дардошно дорем,

Бар азийят мубтало дорем.

Шаб зи ранҷу дард месӯзем,

То саҳар дасти дуо дорем.

Дар замони бевафоиҳо

Шукр, ёри бовафо дорем.

Бар тамошои  рухи гулчун

Дидае ҳамчун гадо дорем,

Эҳтироме бар каломи ноб

Аз самак то бар само дорем.

Лаҳзае бекор наншинем,

Гарчи дарди бедаво дорем.

Дилрабоӣ кори осон нест,

Шеърҳои дилрабо дорем.

***

Гарчи дидам беш рӯи зардро,

Мекушад як хандаам сад дардро.

Меҳрбору гарм чун дорам диле,

Дил намехоҳад  каси дилсардро .

Ончунонам зиндагӣ додаст панд,

Мешиносам марду ҳам номардро.

Рӯ ба рӯ оям ба тӯфон, пеши рӯ

Оварам Синбоди  дарёгардро.

Чун дурангӣ нест дар бозияшон,

Мепарастам донаҳои нардро.

Кай фаромӯш кардаам вақти сафар

Баҳри ёру дӯст раҳовардро!

***

Шодмон бод диле, к-аз дили мо ёд кунад,

Аз раҳи меҳру вафо хотири мо шод кунад.

Шукр, сад шукр аз он ҳамдами ширинсухане,

Ки ба  лутфе дили мо аз алам озод кунад.

Мурда аст он каси вайроннигаҳу вайронкор,

Зинда он аст, агар гӯшае обод кунад.

Гар яке об барорад ба деҳи ташналабе,

Беҳ зи он аст дусад майкада бунёд кунад.

Чӣ бигӯям з-амали дӯсти деринаи худ,

Миннате сад бикунад, гар яке имдод кунад.

Ҳайфи он ҳамқаламе, мекушадам аввалу баъд

Гӯиё ғам бихӯрад, марсия эҷод кунад.

 

 

Рубоиҳо

Гӯянд, ки бояд бизиӣ бо уммед,

Аз пушти шаби сияҳ расад рӯзи сафед.

Сад шед бадар омаду сад субҳ дамид,

Аммо шаби дарди мо ба поён нарасид.

 

Аз пастию побӯсии ту дар ҳазарем,

Аз фитнаву ҷосусии ту дар ҳазарем.

Вируси корона омаду мегузарад,

Аз хислати вирусии ту дар ҳазарем.

 

Сӯзи дили мо ду чашми нам медонад,

Бедард азоби дард кам медонад.

Ҳар лаҳза, ки ҷону танам аз ғам сӯзад,

Ҳоли дили мо сӯхтағам медонад.

 

Аз айби пури замона дилрахта шудем,

Афсурдаву афгору ҷигарлахта шудем.

Ҳарчанд ки кам дида ҷамоли шодӣ,

Дар оташи ғам зиёд ғампухта шудем.

 

Бо ин дили  бекинаву беҳад сода

Дар ҳалқаи чанд фитнагар афтода.

Бо фитна ғами зиёд борам карданд,

Охир зи ғами беш шудам ғамбода.

 

Мурғи дилам аз доми ғам озод нашуд,

Вайронаи дил як нафас обод нашуд.

Аз нанги зиёде, ки ба дил ҷо дорад,

Чун ман дигаре ғамкашу ғамзод нашуд.

 

Даҳ баччаи ту то ки бигаштанд калон,

Бедор нишастаӣ ту то рӯз шабон.

Дил реш шавад, агар  маро ёд ояд

Хоби сари остинат, эй модари ҷон.

 

Гӯянд, аҷаб фасли тамошост баҳор,

Берун бибаро, дилбару раъност баҳор.

Ҷонам, ки зи дард мегудозад шабу рӯз,

Бар дидаи дарди ман на зебост баҳор.

Гурез Сафар


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш