Нашрияи Омӯзгор

Ба панди ту ташнаем, эй мироби адаб

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Таваралӣ Мирзоҳомидов аз зумраи омӯзгоронест, ки шогирдонро дар рӯҳияи илмдӯстӣ, худшиносиву ватанпарастӣ, эҳтиром доштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намуда, дар рушди маорифи ноҳияи Рашт саҳми арзанда мегузоранд.

Номбурда соли 1934 дар деҳаи Навдии ноҳия ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоию ҳафтсоларо аз мактаби деҳааш гирифта, бо роҳнамоии падараш ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳия (ҳоло коллеҷи омӯзгорӣ) супорида, донишҷӯ гардид. Чор соли донишҷӯӣ ҳам зуд  паси сар шуд. Роҳхаташ доданд барои кор ба ноҳияи Тоҷикобод. Пасон, дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) ва даҳ соли дигар дар мактаби №1 - и маркази ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) дар вазифаҳои гуногун кор кард. Дар ин давра шуъбаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғоибона хатм намуд.

Ифтихор дорад, ки аз олимони шинохтаву устодони варзида Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Холиқ Мирзозода, Воҳид Асрорӣ, Худоӣ Шарифов, Саид Ҳалимов, Эргаш Шоев, Баҳриддин Камолиддинов илму дониш омӯхтааст.

Бо тақозои қисмат, бо бонуе аз ноҳияи Нуробод оила барпо карда, он ҷо соҳиби ду фарзанд шуд. Баъди 17 соли фаъолият дар мактабҳои ноҳияҳои гуногун, соли 1973 ба ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба кор омад. Се сол дар вазифаи мушовири шуъбаи маориф ва 11 сол дар вазифаи директори мактабҳои №37 ва 27-и ноҳия адои вазифа намуд...

Таваралӣ Мирозоҳомидов ҳамқадами замон аст. Аз зиндагӣ сабақи зиёде омӯхтааст ва мехоҳад, ки аз ин дарс дигаронро низ баҳравар гардонад. Синни муборакаш ба 87 расид ва номбурда аз ин 63 солашро сарфи фаъолияти омӯзгорӣ намудааст. Дар айёми камолоти умр марги падару модар ва баъдан марги ҳамсару писари ғуррамаргаш Фаррухҷон, ки дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ беному нишон гаштааст, барояш хеле гарон афтод. Дилу ҷигараш месӯзад, вале рӯҳан шикаста нест.

- Ободии Ватан, ободкориҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароям қуввату неруи тоза мебахшад, - мегӯяд дар суҳбатҳояш Таваралӣ Мирзоҳомидов.

Ҳамкасбон аз таҷрибаи бою рангини ин омӯзгори асил бисёр омӯхтаанду ҳанӯз ҳам меомӯзанд.

Бардам-бардам қадам зада, ҳар субҳ бо пайроҳаи шинос сӯи таълимгоҳ меравад. Ҳамсолонаш, ки акнун давлати пирӣ меронанд, гоҳҳо таги чинори азими деҳа ҷамъ омада, аз воқеаҳои солҳои ҷавонӣ ёдоварӣ мекунанд, ки муҷиби дилхӯшиашон мебошад. Вале ӯ ба зиндагӣ нигоҳи дигаре дорад. Бекор нишаста наметавонад.

- Инсон аз гаҳвора то гӯр бояд дониш омӯзад, - мегӯяд ӯ ба хонандагон. Шогирдонашро пайваста талқин месозад, ки бештар мутолиа намуда, касби дӯстдоштаи худро интихоб кунанд.

Дар баробари муаллим будан ӯ инсони хеле одӣ ва хоксор аст. Ҳеҷ гоҳ ба касе ва ба чизе бо нигоҳи “тамаъ” ва “хушомад” нанигаристааст. Дар як ҷамоат зиндагӣ дорем. Айёми директори мактабҳои деҳаҳои худ буданамон мо ӯро “директори генералӣ”-и мактабҳои ҳудуди ҷамоат интихоб карда будем ва аз ӯ бисёр нозукиҳои самти роҳбариро омӯхтаем. Хостам, ки оид ба ҳаёт ва фаъолияташ чизе нависам. Наздаш рафтаму мақсадамро гуфтам.

- Коре накардаам, ки шоёни нашр дар саҳифаи рӯзнома бошад. Он чи ки ман кардам, ин вазифа ва қарзи шаҳрвандию инсониям аст, - гуфт ӯ.

Хоксорӣ мекунад, устод. Агар саҳифаҳои ҳаёт ва фаъолияташро варақгардон кунем, шояд садҳо варақ корномаҳои мондагор бошад. Ба умеди илова гардидани саҳифаҳои нав ба нави ҳаёти муаллим ва зиёд гардидани чунин ашхоси баору номус ва фидоии касби худ дар ҷомеа ин ҷо нуқта мегузорам ва барояш мегӯям:

Ба сад дарову ба мактаб рафта биё,

Ба панди ту ташнаем, эй мироби адаб.

 

Ривоҷиддин ТОҶИДДИН,

ноҳияи Рашт,

собиқадори соҳаи маориф


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш