Нашрияи Омӯзгор

Вусъати фаъолияти адиб

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Сулаймон Эрматов ин шоҳбайти машҳури устод Абулқосим Лоҳутиро шиори зиндагиаш интихоб кардааст ва мудом бо риояти мазмуни он  фаъолият дорад:

Ҳар шаб  зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К - имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Ҳаёти ӯ ба мафҳуми томаш ҳамбаста бо эҷодкорист. Чи тавре ки моҳӣ бе об зиста наметавонад, устод С.Эрматов бе эҷодкорӣ ҳаёташро тасаввур карда наметавонад. Мурғи илмҳои ӯ пайваста дар парвоз аст. Ин қаламкаши варзида ҳамеша пуркору сермаҳсул асту фикри бикру андешаи тоза, нияти неку амали пурсуд дорад. Нигоштаҳояш  зуд ба қалби хонанда роҳ ёфта, завқи  ӯро ба мутолиа афзун менамоянд. Устод С.Эрматов фаъолияти серсоҳаю доманадор дорад.  Мавсуф ҳам барои кӯдакону ҳам барои калонсолон эҷод мекунад.  Асарҳояшро хурду калон мутолиа менамоянд ва ӯро доираи васеи хонандагон дӯст медоранд. Банда ҳангоми мудири маорифи ноҳияи  Шаҳритус буданам бо акаи Сулаймон аз наздик шинос шудам. Ман ӯро ҳамчун шахси ҳалим, хоксор,  меҳнатдӯст, фидоӣ ва маслиҳатгари беғараз дарёфтам.

Дар ноҳияи Шаҳритус қисман муассисаҳои таълимӣ ба забони ӯзбекӣ фаъолият менамоянд. Натиҷаи санҷишҳо (солҳои 2003-2007 дар назар аст) нишон медод, ки норасоиҳои китоби дарсӣ ба сатҳу сифати дониши хонандагон бетаъсир намемонанд. Нависандаи хушсалиқа, устод Сулаймон Эрматов рӯзномаю маҷаллаҳои «Устоз», «Уқувчилар газетаси» ва «Сирдош»-ро таъсис дода, пешкаши хонандагону омӯзгорон намуд, ки  боиси ислоҳи ҳамин норасоӣ гаштанду ҳамчун маводи иловагии таълимӣ низ истифода мешуданд ва дар баланд гаштани сифати дониши хонандагон кумак мерасонданд. Рӯзномаю маҷаллаҳои устод ҳамчун воситаи иловагии таълим ба хонандагони ӯзбекзабон хизмат мекарданд ва дар баланд бардоштани сатҳи дониши эшон нақши бориз доштанд.

Дар яке аз суҳбатҳоямон бо устод Сулаймон Эрматов маслиҳат кардем, ки ҳар се нашрияи дар боло зикршударо ба ду забон-ӯзбекӣ ва тоҷикӣ чоп намоянд, беҳтар мешавад. Ин амал ба хонандагон дар омӯзиши забони давлатӣ ҳамчун маводи иловагии таълимӣ кумак хоҳад расонд ва боиси ғанӣ гардидани захираи луғавии онҳо хоҳад шуд. Хонандагони ӯзбекзабон бо асарҳои адибони классику муосири тоҷик бештар шинос мешаванд. Хушбахтона, ин таклифро дигар ноҳияҳо низ  дастгирӣ намуданд ва инак, зиёда аз понздаҳ сол боз ин рӯзномаю маҷаллаҳо ба ду забон нашр шуда истодаанд.

Маҷаллаи рангаи «Кичкинтой» («Хурдакак»), ки ҳоло ба ду забон ба нашр мерасад, низ маҳсули маслиҳати мо бо устод Сулаймон Эрматов мебошад. Ғайр аз ин, ба нашри дуюми китоби дарсии «Алифбо»-и ӯзбекӣ, ки яке аз муаллифони он С.Эрматов мебошад, бо пешниҳоди камина луғати тоҷикӣ-ӯзбекиро замима намуданд. Чунки яке аз василаҳои муҳими забондонӣ луғатомӯзӣ ва луғатдонӣ мебошад. Ба қарибӣ китобчаи тозатаълифам (бо ҳаммуаллифии Ҷамолиддин Амирхонов) «Панди падар»-ро ба устод тақдим намудам ва дидам, ки устод бо таълифи китоби синфи  якуми ӯзбекӣ машғул аст. Хоҳиш намудам, ки як ё ду шеъри содаву равони дар васфи падар эҷодшударо ба забони ӯзбекӣ тарҷума намуда, дар китоби мавриди таълифаш ҷо кунад, кори неку ҳадафрас мешавад. Мутолиаи ашъори ба васфи қиблагоҳ эҷодшуда меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтироми ӯро дар қалби фарзандон зиёд мегардонад.

Заҳматҳои устод Сулаймон Эрматовро хонандагону омӯзгорони ҷумҳурӣ хуб медонанд.

15 сол қабл аз ин ба ифтихори 60-солагии устод Сулаймон Эрматов дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки адибони маъруфи тоҷик Шоири халқии Тоҷикистон  Камол Нас-рулло, Шералӣ Мӯсо, Гулнора Муродалиева, Ҷӯрақул Аҷиб, Зиё Абдулло, Норинисо… маҳфили  адабии пурмазмуну шукӯҳманде баргузор гашта буд.

Инак, устод ба синни мубораки 75 расид ва хушо, ки ҳанӯз дар айни камолоти эҷодист. Устодро ба ин муносибат табрик намуда, барояш тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем ва дар корҳои эҷодияш баракату комёбӣ хоҳонем.

Муҳаммадраҳим

Тошпӯлодов


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш