Нашрияи Омӯзгор

Умеди садсолаҳо аз тарбияи шогирд

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори  химия ва биология будан аз кас ранҷу меҳнати ҳамвора, омӯзишу ҷустуҷӯ ва тозакориҳои пайваста талаб мекунад. Омӯзгори варзида Шариф Арабов ин рисолат-ро амиқу неку дарк кардааст.

Ӯ қолабгароӣ ва дар чаҳорчӯбаи методҳои маъмули солҳои пешин дарс гузаштанро хуш надорад ва паҳлуҳои наву шавқовар ва ҷолиби ташреҳи мавзӯъҳои дарсиро аз фанни химия ва биология ҷустуҷӯ мекунад. Эҷодкор аст. Як шевае, ки ҳангоми таълими мавзӯоти дарсии химия ва биология аз он устод корбурд мекунад, истифодаи бозиҳои шавқовар мебошад. Ҳини ташкили чунин бозиҳо шогирдони Ш.Арабов формулаҳои химиявиро ба зудӣ аз худ карда, реаксияву масъалаҳои марбути ин фанро бо ёрии устодашон ҳал мекунанд. Натиҷаи ҳамин заҳмату талошҳои устод аст, ки шогирдонаш ҳамасола дар олимпиадаҳои гуногун аз фанҳои химияву биология дар сатҳи ноҳия ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Устод Ш.Арабов фарди эҷодкору ҷӯянда аст. Дар хусуси тарзу усулҳои  судманди таълими мавзӯоти гуногуни химия ва биология таҷрибаю бардоштҳои худро дар шакли мақолаҳо таълиф ва дар нашрияҳои «Омӯзгор»-у «Маърифати омӯзгор» ба чоп мерасонад. Силсилаи мақолаҳои худро ҳамчун китобу дастурҳои алоҳида ба табъ расонда, пешкаши омӯзгорони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мегардонад. То ин дам дастурҳои таълимию методии мавсуф бо номҳои «Робитаи генетикии пайвастагиҳои ғайриорганикӣ», «Истифодаи чистонҳо дар дарсҳои химия», «Растаниҳои шифобахши маҳал», «Чашмро эҳтиёт кунед!», «Сад саволу сад ҷавоб аз фанни биология», «Самараи таҷриба», «Мақолаҳо, чистонҳо ва бозиҳои биологӣ» ва амсоли инҳо нашр гардидаанд, ки аз ранҷу заҳматҳои шабурӯзии устод дарак медиҳанд. Омӯзгори соҳибмактаб шиори кору зиндагии худро дар заминаи андарзи мазкур роҳандозӣ намудааст:

«Дар фикри як сол бошӣ, ғалла бикор, дар андешаи даҳ сол бошӣ, ниҳол шинон ва дарахт парвариш намо, агарчи умеди садсолаҳо дошта бошӣ, шогирд тарбия намо, ки кору шуғли муносиб пайдо намояд ва ҳосили тиллоӣ ба бор оварад». Воқеан, ақлу тафаккури пешрафта ба кашфу ихтироъ ноил мешавад, чизе меофарад. 40 соли фаъолияти пурбори муаллим дар мактаби №21-и ноҳияи Варзоб далели гуфтаҳои болост. То ин дам зиёда аз 60 мақолаи методии устод Шариф Арабов ба табъ расидааст.

Як усули писандидаю мақбуле, ки Ш.Арабов дар дарсҳои химия ва биология ба таври мунтазам аз он истифода мекунад, пешниҳоди ребусу муаммоҳо ба хонандагон мебошад. Вай шомгоҳон, фориғ аз  кор ребусу муаммоҳо тартиб медиҳад, варақаҳои супоришҳои тестӣ таҳия мекунад, аёният месозад ва аз дастуру китобҳои нашри русӣ истифода мекунад. Хаста намешавад устод. Барои гузарондани корҳои лабораторӣ, новобаста аз нарасидани моддаю реактивҳои химиявӣ ба ину он донишгоҳ ва донишкада ташриф оварда, мавод ба даст меорад, ҳаддалимкон таҷрибаҳоро ба таври амалӣ ба хонандагон намоиш медиҳад. Аз биология бошад, саёҳатҳои фанниро ба роҳ монда, хонандагонро мустақиман бо гулу гиёҳ ва алафҳои давоӣ шинос менамояд. Хосиятҳои биологии нашъунамо ва сабзиши растаниҳоро дар асоси дастовардҳои илмӣ ба шогирдон мефаҳмонад. Табиати  биҳиштгунаи зодгоҳи устод – Варзоб, ки дар байни кӯҳҳои сар ба гардун ҷойгир шудааст, баҳри омӯзиши беҳтари фанни биология имконияти фаровон медиҳад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш