Дар суҳбати мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Лайло Раҷабова
Чун вориди дафтари кори мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Лайло Раҷабова шудам, рӯйи мизашро пур аз варақаҳо дидам ва дар даст ҳам чанд варақа дошт ӯ. Таваҷҷуҳамро ба ин ҳолат дарк карда посухам гуфт: - Имсол мо дар ҷамъбасти соли таҳсил таҷрибаеро бо номи «Назарсанҷӣ» роҳандозӣ кардем. Ин варақаҳо ҳамбаста бо ҳамин таҷрибаанд.
Мо ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва ба кулли хоҳишмандон варақаҳоеро, ки ҳар яке дорои чаҳордаҳ суоланд, дастрас намудем. Суолҳо вобаста ба вазъи таълиму тарбия дар шаҳр, сатҳи фаъолияти масъулини соҳа ва чанде аз масоили умдаи рӯз тартиб дода шудаанд. Масалан, пурсида мешавад, ки «оё шумо аз ҳолати кунунии таълиму тарбия дар дабистонҳои шаҳру деҳотамон қаноатмандед?», «ба фаъолияти мудири шуъба чӣ баҳо медиҳед?», «муносибату ҳамкории мушовирону мутахассисони шуъба бо шумо дар кадом сатҳ аст?», «оё дар таълимгоҳи шумо ҳодисаҳои пулҷамъкунӣ аз хонандагон ба мушоҳида мерасад?», «барои такмили фаъолияти шуъбаи маориф ва бартарафсозии норасоиҳо чӣ пешниҳоде доред?» ва амсоли инҳо. Ба роҳбарони мактабҳо ва омӯзгорон таъкид шуда буд, ки метавонанд бидуни ошкор кардани ному насабашон ба суолҳо посух бинависанд. Инак, ман чанд рӯз аст, ки беш аз дусад варақаро меомӯзам. Бовар кунед, як ҷаҳон таассуроти судманд бардоштам. Ин қадар арзу ниёз, ошкоргӯӣ, пешниҳодоти ҷолиб, баъзан гилагузорию баъзан арзи сипос. Як мактаби такмили ихтисосу фаъолиятро мемонанд ин пурсишу посухҳо. Барои мисол, сатрҳои зерро ман бо камоли мамнуният мутолиа кардам: «Солҳои охир корбарии мутахассисони шуъбаи маориф хеле дигар ва беҳтар шудааст. Эҳсос мешавад, ки онҳо бо омодагии комил, бо кӯлбори ғании маънавӣ ба назди мо – омӯзгорони одӣ (на роҳбарон) меоянд. Ба дарсҳоямон иштирок мекунанд, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Хеле хоксору хушмуомилаанд ва аз навгониҳои соҳаи маориф, махсусан, методҳои навини таълиму тарбия огаҳии хуб доранд. Солҳои пешин чанде аз мутахассису мушовирон ба назди мо чун муфаттиш меомаданд, ҳоло бошад, ҳама чун дастгиру мададгору роҳнамои беғаразу беминнат наздамон ҳозир мешаванд, ки ин барои мо хеле мақбулу хушоянд аст».
Ман, ба вижа, қисмати пешниҳодот ва ифшои камбудиҳоро бодиққат мутолиа кардам. Бисёр нуктаҳои аҷибу ҷолиб. Чунончи, омӯзгоре пешниҳод кардааст, ки дар ҳар соли таҳсил омӯзгорони варзидатарини шаҳр дар мактабҳои алоҳида барои омӯзгорони ҷавон дар ин ё он синфе дарсҳои намунавӣ баргузор намоянд. Аз сад сухани тавзеҳӣ як амали воқеӣ муассиртар, судмандтар. Ин пешниҳод бисёр ҷолиб ва қобили қабул. Омӯзгори дигаре таклиф мекунад, ки дар заминаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули таҷриба байни таълимгоҳҳои манотиқи ҳамсояи ҷумҳуриҳо ба роҳ монда шавад…
Ният дорем, ки ҳамаи пурсишварақаҳоро амиқ омӯхта, дар ин замина як машварати кормандони шуъбаро баргузор намоем.
Мудири шуъбаи маориф иброз дошт, ки дар оянда мо чунин намуди назарпурсиро байни шогирдони синфҳои болоии таълимгоҳҳоямон низ баргузор хоҳем кард.
Ман ба муаллима ёдовар шудам, ки як суоли пурсишнома ба масъалаи пулҷамъкунӣ аз шогирдону волидон марбут будаасту мутаассифона, чунин амалҳои номатлуб дар баъзе аз таълимгоҳҳо (ба вижа, дар шаҳрҳо) ба мушоҳида мерасанд. Аҳли маориф ба ин пурсиш чӣ посухе додаанд? Мудири шуъба иброз дошт, ки метавонед, худ чанде аз варақаҳоро интихобан аз назар гузаронед. Ҳодисаи маблағгирдоварӣ аз шогирдон, ки солҳои қаблӣ гоҳ – гоҳе ба вуқӯъ мепайваст, ҳоло дар мо тамоман аз байн рафтааст. Замоне барои харидани таҷҳизоти мактабӣ, таъмири ҷорӣ, баргузории ҷашнвораҳо, дастрас кардани китобу нашрияҳои бачагона ва монанди инҳо аз хонандагон овардани миқдоре маблағро талаб мекарданд. Ҳоло барои ин ҳама корҳо (ба ҷуз обуна) мактаб худ маблағгузорӣ мекунад. Дар зарурат волидони тавонманд, сарпарастон, идораву муассисаҳои дахлдор, ашхоси доро ба таълимгоҳҳо дасти мадад дароз мекунанд.
Ҷумлаи охири муаллима мазмуни хабареро дар кадом як нашрияи ҷумҳуриявӣ дар ёди ман рӯшан кард. Иттилоъ дода мешуд, ки дар шаҳри Турсунзода соҳибкоре аз ҳисоби пасандозҳои хеш мактабе бунёд сохтааст. Чун аз ин боб ба муаллима сухан кардам, бо мамнуият ва як дараҷа ифтихоромез идомаи сухан бинмуд.
– Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияташон ҳамчун Сарвари кишвар соҳаи маорифро афзалиятнок ва ислоҳотро дар ин соҳа кори ҳамагонӣ эълон карда буданд.
Ибтикороти мазкур аз ҷониби аҳли мамлакат самимона пазируфта шуданд ва аз ҷумла, дар шаҳри Турсунзода як зумра соҳибкорони саховатпеша рӯй ба соҳаи маориф овардаву онро алоқадри имкон дастгирӣ карданд. Яке аз ин саховатмандон, ки дар хабари хондаи шумо номаш омадааст, Ҷӯрабек Муҳибов мебошад. Ӯ аз соҳибкорони накупешаест, ки гаравиш ба аҳли маориф доранд. Соли гузашта дар деҳаи Қипчоқи Ҷамоати деҳоти Работ барои мактаби №33 бинои нав бунёд намуд иборат аз бист синфхона ва чандин ҳуҷраи алоҳида. Масоҳати мактаб беш аз як гектарро фаро мегирад. Барои обод кардани атрофи ин таълимгоҳ (ҳамвору гулзоркунӣ, дарахтшинонӣ, оростани роҳравҳо…) қариб ҳамаи омӯзгорони шаҳр ҳиссагузорӣ намуданд. Намояндагон аз мактабҳои гуногун беш аз як моҳ ин ҷо ба ҳашар машғул шуданд. Мо, кормандони шуъба, низ ин муддат аксар рӯзҳо либоси корӣ ба тану белу каланд дар даст доштем. Дар ин кор ваҳдату ҳамдилии аҳли маорифи шаҳри моро мушоҳида карда, ҳар бинанда ба ваҷд меомад.
Вазорати маориф ва илм ба ин мактаби навбунёд 150 баста мизу курсӣ тақдим намуд. Дар маросими ифтитоҳи таълимгоҳ, ки ҳамоиши тантанавии аҳли маорифро мемонд (охири августи соли 2017), муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, раиси ноҳия Абдуқодир Вализода ва гурӯҳи калони омӯзгорону волидону хонандагон ширкат доштанд. Бо ибтикори вазири муҳтарамамон ба Ҷӯрабек Муҳибов нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Воқеан, бо маблағгузории ин соҳибкори маърифатпарвар ҳоло дар назди мактаби рақами 25 бунёди 25 синфхонаи нав идома дорад…
Мудири шуъбаи маориф пас аз ин суханонаш иброз дошт, ки агар дар бораи соҳаи маорифи шаҳри мо чизе навиштаниед, як-ду нуктаи дигарро гуфтаниям, то илова намоед. Ва зикр кард, ки имсол дар озмунҳои гуногун шогирдони мо ба комёбиҳои шоиста ноил гаштанд. Сиву шаш хонандаи таълимгоҳҳои мо дар даври минтақавии озмунҳои фаннӣ ба пирӯзӣ расида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин давр шаш нафар соҳиби ҷойҳои аввал (1-ҷои якум, 1-ҷои дуюм ва 4-ҷои сеюм) гардиданд. Вақеан, панҷ сол боз мо дар орзуи медали тиллои шогирдонамон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ будем. Ниҳоят, соли равон хонандаи литсейи Президентии шаҳр Эзоза Абулхайрова дар олимпиада аз фанҳои забон ва адабиёти рус чунин ҷоизаи бонуфузро ба даст овард. Дар олимпиадаи байналмилалӣ оид ба лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ ду шогирди таълимгоҳҳои мо - Азимҷон Азимҷонзода ва Аҳмадҷон Назаров бо пешниҳоди лоиҳаи фарогиру муҳтавоманде дар иртибот ба фанни математика (механика) сазовори ҷойи аввал ва соҳиби медали тилло гардиданд.
Дар соли таҳсили сипаришуда фаъолияти омӯзгорони таълимгоҳҳои мо низ бештар тақвият ёфт. Ҳамбаста бо боло бурдани сатҳи таълиму тарбия зумрае аз онҳо дар конфронсу ҳамоишҳои илмию методӣ, дар озмунҳои гуногун фаъолона ширкат варзиданд. Масалан, яке аз устодони варзидаву навовари мо Мавлуда Бақоева (аз мактаби № 59) дар озмуни байналмилалии омӯзгорони забони русӣ дар Россия ба пирӯзӣ расида, ҷоизаи пурарзиш ва диплом ба даст овард. Мураббии боистеъдодамон Саъбагул Мингназарова дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол» сазовори ҷои сеюм гардид.
Воқеан, имсол мо чор шогирдамон – хатмкардагони синфи 11-ро ба дарёфти аттестати аъло ва медали тилло пешниҳод намудем…
Ман луқма андохтам, ки дар бораи дастоварду комёбиҳо сухан гуфтан ҳамеша ва барои ҳар кас хушу гуворост. Муаллима Лайло Раҷабова бо табассум посухам гуфт, ки дар ҳақиқат, ҳамин тавр аст. Комёбӣ фараҳмандӣ, ифтихору эътибор эҳдо мекунад. Инро ҳам дар назар бояд дошт, ки ҳама гуна комёбиҳо дар заминаи бартарафсозии камбудиҳо ё пешгирии онҳо ба вуқӯъ мепайванданд. Агар мо баъзе норасоиҳои дигарро ҳам дар соҳа бартараф созем, дастовардҳоямон боз ҳам меафзоянд.
Муаллима ин ҷо худ суол ба миён гузошта, худ посух гуфт: Кадомҳоянд норасоиҳои дигар? Норасоиҳои дигар инҳоанд: нокифоягии ҷойи нишаст барои хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ, эҳтиёҷмандӣ ба мизу курсиҳо дар синфхонаҳо, таъмирталаб будани теъдоди муайяни компютерҳои мактабҳо, таъмини нокифояи таълимгоҳҳои деҳоти дурдаст бо омӯзгорон, ба таъмир ва ҷиҳози бештар эҳтиёҷ доштани кӯдакистонҳо. Ҳамчунин, моро мебояд, ки минбаъд ба масъалаи ба таълимгоҳҳо бештар дастрас намудани аёниятҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Вақти он расидааст, ки буғхонаҳои тамоми мактабҳоро ҷиддан таъмир намуда, ба истифода бидиҳем. Оид ба ду масъалаи дигар - муҷаҳҳазонидани кабинетҳои фаннӣ (лабораторияҳо) бо ашёи зарурӣ ва таъмини мактабҳо бо китобҳои дарсӣ (махсусан, китобҳои дарсии забони ӯзбекӣ) моро мебояд, ки корҳои зиёдеро сомон бубахшем.
… Суҳбатамон ба дарозо кашид. Оид ба навгониҳо дар соҳаи маориф, сабақҳои соли таҳсили 2017-2018, сатҳи маърифати шогирдон, нақши технологияи муосир дар таълим, фароғати тобистонаи омӯзгорону хонандагон, дастгирии истеъдодҳо, мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, таъмири ҷории мактабҳо, даъвати омӯзгорони ҷавон, чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ… суҳбат кардем. Зимни суҳбат ман Лайло Раҷабоваро чун бонуи бомаърифату соҳибхирад, донандаи мумтози соҳаи маориф, пурмутолиаву огоҳманд дарёфтам. Аз рӯи ихтисос омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик аст ва дорои ихтисоси дигар – ҳуқуқшинос низ мебошад. Дар кори роҳбарӣ собиқаи дерин дорад; дар вазифаҳои мудири шуъбаи умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, мудири шуъбаи САҲШ ва директори Хонаи кӯдакон кор кардааст. Ду сол боз дар вазифаи имрӯзааш фаъолият дорад. «Аълочии маориф ва илми ҶТ», «Аълочии фарҳанги ҶТ» ва дорандаи медали «Хизмати шоиста» мебошад. Дар фарҷоми суҳбатамон иброз дошт, ки дар қатори омилҳои дигар ду омили асосӣ – сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва номи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзодаро доштани шаҳрамон ҳам масъулиятбахш ва ҳам неруафзои ҳамешагии аҳли маорифи шаҳри моанд.
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр