Нашрияи Омӯзгор

Пажӯҳишгари анвои наср

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 911        Шарҳ: 0

 

Холиқ Мирзозода (1911-1992) аз зумраи донишмандони зӯфунун, фарҳехта, хеле сермаҳсул ва пухтакори тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки аз нӯги хомаи эшон осори зиёди илмӣ-таҳқиқотӣ дар бахшҳои гуногуни адабиётшиносӣ, аз ҷумла, таърихи адабиёти классикӣ, матншиносӣ, сарчашмашиносӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷадидӣ, назарияи адабиёт, таълифи барномаву хрестоматия ва китобҳои дарсӣ ба анҷом расидааст. Ҳамаи таҳқиқоти анҷомдодаи Холиқ Мирзозода заминаи амиқ ва назари дақиқ андӯхтан ба сарчашмаҳои адабӣ, тазкираҳо, назари донишмандони назариядони классикӣ ва осори шоирону нависандагон дорад. Таҳқиқоти зиёди адабиётшиносии Холиқ Мирзозода назари ихтилоф бо донишмандон надорад ва аз пажӯҳишу ҷусторҳо ва баҳсу исботи андешаҳои шахсияш асос ёфтааст.

Китобҳои таълифнамудаи ин донишманди мутабаҳҳир оид ба омӯзиши таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ зери унвони «Таърихи адабиёти тоҷик» (аз давраи қадим то асри Х111). Китоби 1 (1). -Душанбе: «Маориф», 1987. - 488 саҳифа, «Таърихи адабиёти тоҷик» (аз давраи қадим то асри Х111).  Китоби 1 (2). -Душанбе: «Маориф», 1989.- 421 саҳифа, «Таърихи адабиёти тоҷик» (асрҳои Х111-ХV). Китоби 2.- Душанбе: «Маориф», 1977. -400 саҳифа, ки аз нашрашон беш аз 50 сол сипарӣ шудааст, то ҳоло ҳамчун китобҳои нотакрори дарсӣ барои донишҷӯёни донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати арзандае мекунанд ва дар мисоли худ беназиранд. Дар ин  китобҳое, ки номбар кардем, таҳаввулу ташаккул ва раванди густариши адабиёти классикии форсии тоҷикӣ дар давоми асрҳои Х-ХV ба таҳқиқу таҳлил фаро гирифта шудааст. Дар ин китобҳо, ки заминаи қавии илмӣ ва пажӯҳишӣ доранд, дар баробари рӯзгору осори шоирону нависандагон ва муҳити сиёсиву иҷтимоӣ густариши анвои мухтасари илмҳо ва пайдоишу инкишофи сабкҳои адабӣ ва ҷараёнҳои мухталифи адабиву фалсафиву мазҳабӣ низ ба таҳқиқ кашида шудаанд, ки аз дониши жарфи муаллиф ва паҳнои афкори ӯ доир ба масъалаҳои таърих, фалсафа, мазҳаб, ҷараёнҳои адабӣ ва мафкураву ақидаи шоирону нависандагон ва донишмандони асримиёнагӣ дарак медиҳанд.

Холиқ Мирзозода дар китобҳои сегонааш доир ба таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва рисолаҳои ҷудогонаи дигараш дар баробари таҳқиқи жарфи назм ба пажӯҳиши мӯшикофонаи осори мансури давраи  классикии адабиёт низ машғул гардидааст. Зарур ба таъкид аст, ки Холиқ Мирзозода  баъд  аз устод Садриддин Айнӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев аз донишмандони пухтакор маҳсуб мешаванд, ки ба таҳқиқи насри сербори классикӣ рӯ оварда, корҳои шоистаеро анҷом додаанд, ки ин пажӯҳишҳои ӯ дар заминаи шинохти саҳеҳи матни осори адибон иҷро гардидаанд.

Холиқ Мирзозода дар китоби “Таърихи адабиёти  тоҷик” (аз давраи қадим то асри Х111). Китоби 1 (1). -Душанбе: “Маориф”, 1987, ки  масъалаҳои инкишофи адабиёти қадимро низ дар бар мегирад, аввал дар бораи ёдгориҳои хаттии қадим маълумот дода, онҳоро ба 2 гурӯҳ: 1.Қайдҳои таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва китобҳои таъриху илмҳои гуногун ва 2.Осори адабии мифологӣ, афсонавӣ, қаҳрамонӣ ва саргузаштҳои динию ошиқона ҷудо мекунанд. Ба сифати китобҳои қадим: “Авасто”, “Бундаҳишн”, “Худойнома”, “Пандномаи Анушервон”, “Ардавирофнома”,  “Дарахти Асурик”,  “Динкард”,  “Ёдгори Зарирон”, тарҷумаи паҳлавии “Калилаву Димна” - ро дохил кардаанд ( саҳ. 58).

Холиқ Мирзозода дар китоби «Таърихи адабиёти тоҷик” (аз давраи қадим то асри Х111). Китоби 1 (2). -Душанбе: “Маориф”, 1989.- 421 саҳифа, роҷеъ ба насри классикӣ ва анвои он назари фарохтаре андӯхта, якчанд асари машҳури насрӣ, ки дар имтидоди қарнҳои Х1- Х11 эҷод шудаанд ва ба намунаи насри ахлоқӣ, таълифӣ ва ривоятӣ дохил мешаванд, таҳлилу таҳқиқ намудаанд.

Бо овардани чанд порча аз намунаи насри асрҳои Х1-Х11 Холиқ Мирзозода ба натиҷае расидаанд, ки насри ин давра аз намудҳои  насри маснӯъ, насри мурсал, насри мавзун, насри мусаҷҷаъ ва шеър дар наср иборат будааст ва тамоюли мураккабнависӣ ҷорӣ буд. Насри маснӯи классикӣ аз истифодаи  масал, калимаву ибораҳои арабӣ, тавсифҳои дуру дароз, ороишҳои лафзиву маънавӣ, мисолҳои  талмеҳ, порчаҳои шеърӣ, истилоҳоти  илмӣ ва тахайюли бадеии рангин иборат буда, ба нависанда имконият медиҳад, ки таассурот, ҳиссиёт ва мушоҳидаҳои аз зиндагӣ гирифтаашро ба воситаҳои гуногуни бадеӣ ва услубӣ ифода намояд.

Холиқ Мирзозода баъд аз баёни  андешаҳои фавқ, ба таҳлилу таҳқиқи якчанд намунаи  насри бадеии асрҳои Х1-Х11 пардохтаанд, ки нахустини он романи “Искандарнома” аст.  Романи “Искандарнома” дар Ғарбу Шарқ вариантҳои гуногун дошта, дар яке симои Искандари ғосиб чун  шоҳзодаи Мисрӣ ва ё шоҳзодаи  Эронӣ қаламдод шудааст, ки Холиқ Мирзозода  ҳамаи вариантҳои ин асарро таҳқиқ карда, симо ва шахсияти  воқеии Искандарро нишон додаанд ва дуруст таъкид намудаанд, ки Искандар шахсу шоҳи ғосиб аст. Ҳар чӣ ки дар осори эронии Ҳахоманишӣ ва баъд аз он дар адабиёти хаттии форсии тоҷикии асрҳои Х-ХV офарида шудааст, ба ҷуз  сохтакорӣ чизи дигаре нест.

Баъд аз таҳқиқи “Искандарнома” таҳлили китоби дигари насрии машҳур “Калила ва Димна” -и  Абулмаолии Насруллоҳи Муншӣ оварда шудааст, ки намунаи  хеле боарзиши насри ахлоқии асри Х11 -и мелодӣ мебошад.

Таҳқиқи насри ривоятӣ ва қаҳрамонӣ, ки дар асрҳои Х1-Х11 намунаҳои зиёди онро ба мушоҳида мегирем, таваҷҷуҳи Х. Мирзозодаро, ки раванди ин марҳилаи адабиёти классикиро пажӯҳиш карданд, ба худ ҷалб намуда, ӯ осори “Самаки айёр”, “Марзбоннома”, “Синдбоднома”, “Абӯмуслимнома”, “Доробнома” ва “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт” -ро пажӯҳиш карда, вижагиҳои адабии ин осорро баён доштааст. Зарур ба таъкид аст, ки насри ривоятии форсии тоҷикӣ аз ҷониби донишманди тоҷик Юсуф Салимов дар рисолаи боарзиши “Насри ривоятӣ” (маҷмӯи мақолаҳо).-Душанбе: “Ирфон”, 1986.-128 саҳ. таҳқиқи ҷомеъ шудааст.

Оид ба асари дигари мансури “Марзбоннома”-и Саъдуддини Варовинӣ, ки асари ҷолиби қаҳрамонӣ аст, Мирзозода   чунин таъкиде кардаанд, ки бори аввал “Марзбоннома”-ро Испаҳбад ибни Рустам ибни  Шарвин ба забони табарӣ дар охири асри Х навиштааст. Ин асар бо услуби тамсил, ки образҳои  он ҳайвонот, парандаҳо, девҳо ва инсонҳо мебошанд, эҷод шудааст. Забони табарӣ дар асрҳои Х1-Х11 азбаски забони маъмулӣ набуд, зарурате пеш омад, ки “Марзбоннома” – ро  ба забони  порсии дарӣ баргардонанд.

“Доробнома” намунаи дигари боризи насри ривоятист, ки дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ мақоми  вижа дорад. Ин романи ривоятии таърихиро Абӯтоҳири Тарсусӣ навистааст ва намунаи хуби насри асрҳои Х1-Х11 мебошад. Муҳтавои ин романро қаҳрамониҳои Доро, Дороб ва Ҳумой ташкил медиҳад, ки воқеаҳои он таърихи дурудароз дошта, дар давраи  қабл аз ислом эҷод шуда, борҳо таҳриру тасниф гардидааст. Ва Абӯтоҳири Тарсусӣ дар асоси нусхаҳои гуногун онро таҳрир ва тасниф кардааст, ки ҳамон нусхаи мураттабнамудаи  ӯ то замони мо расидааст ва ба хатти кириллии тоҷикӣ ба чоп расидааст. Бояд таъкид кард, ки дар асрҳои Х1Vва ХV Муҳаммад ибни шайх Аҳмад ибни мавлоно Алӣ ибни ҳоҷӣ Муҳаммад машҳур ба Беғамӣ низ достони “Доробнома”-ро таълиф кардааст.

Қисмати охири таҳқиқоти Холиқ Мирзозодаро дар китоби “Таърихи адабиёти тоҷик”. Китоби 1 (2), оид ба намунаҳои  насри асрҳои Х111-Х1V китоби Муҳаммад Авфии Бухороӣ “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт” ҷамъбаст менамояд. Дар ин ҷо (саҳ. 410-411) муҳаққиқ қайд мекунанд, ки ин асари машҳур соли 1232 навишта шудааст. “Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт”  аз чаҳор ҷилд  иборат буда, ҳар ҷилд аз 25 боб фароҳам омадааст. Дар ин китоб муаллиф аз  сарчашмаҳои гуногуни ҳикоятҳо, қиссаҳо, воқеаҳои таърих ва порчаҳои  шеърӣ истифода бурдааст. “Ҷавомеъ-ул- ҳикоёт ва лавомеъ -ур-ривоёт”  дорои унсурҳои насри маснӯъ аст, аммо нисбат ба дигар асарҳои дар услуби насри  маснӯъ эҷодшуда бо содагӣ ва равонии баён  фарқ ва афзалият дорад.

Холиқ Мирзозода дар китоби “Таърихи адабиёти тоҷик” (асрҳои Х111-Х1V). Китоби 2. -Душанбе: “Маориф”, 1977.- 400 саҳ. дар баробари таҳқиқу баррасии рӯзгору осори шоирон  ба густариши насри форсии тоҷикии асрҳои Х111-Х1V низ таваҷҷуҳи махсус намуда, дар қисмати баёни масъалаҳои обзории ин асарҳо осори мансурро ҳам баён ва ҳам таҳлил намудаанд. Гузориш ва таҳқиқи насри асрҳои Х111-Х1V дар боби алоҳидаи китоб “Ҳолати умумии адабиёт дар асрҳои Х111-Х1V”, ки саҳифаҳои 27- 43- ро дар бар мегирад, оварда шудааст ва мушаххасан дар саҳифаҳои 41- 43  ба ин масъала таваҷҷуҳ кардаанд.

Насри форсии тоҷикии асрҳои Х111-Х1V давоми анъанаи асрҳои Х-Х11 буда, ҳамаи он вижагиҳои осори мансури гузаштаро дар худ нигоҳ доштааст ва метавон онро ба насри бадеӣ ва илмӣ тақсим намуд, ки ҳамин хусусиятҳоро ба назар гирифта Х. Мирзозода чунин таъкиди арзишманде кардаанд, ки: “Анъанаи насрнависии форсизабонон қадимист ва дар давраҳои гуногун шаклҳои хосе дорад. Насри тоҷику форс аз афсонаҳои халқӣ оғоз ёфтааст. Насри нави тоҷикӣ- форсӣ баъд аз истилои араб дар аҳди Сомониён  аз тарҷума оғоз ёфт. Нависандагон  на танҳо насри бадеӣ, ҳатто асарҳои илмии оид ба таърих, фалсафа, сиёсат, илмҳои табиӣ ва мактуботи давлатиро дар ҷомаи образҳо ва ифодаҳои бадеӣ баён кардаанд. Онҳоро бо намунаҳои хуби шеърӣ, санъатҳои бадеӣ ва ҳатто саҷъ бой гардонидаанд” (саҳ. 41). Осори насрии асрҳои Х111-Х1V ҳам давоми анъанаи насрнависии асрҳои Х-Х11 буда ва дар бисёр мавридҳо такмили он аст, ки дар ин марҳила асарҳои равони мансур ба соҳаҳои насри бадеӣ, иншо, мактубот, илми таърих, ахлоқ, фалсафа, илми шеър, илмҳои умумӣ, тарҷумаи ҳоли сӯфиён ва баъзе масъалаҳои назарии тасаввуф мансубанд.

Ба намунаҳои насри ин давра Х. Мирзозода “Бахтиёрнома”, “Чор дарвеш”, “Тӯтинома” ва “Гулрез” -и Зиёуддини Нахшабиро номбар кардаанд. “Бахтиёрнома” ва “Чор дарвеш” соли таълиф ва муаллифи муайян надоранд. “Тӯтинома”-и Зиёуддини Нахшабӣ аз ҳикояти 52 шаб иборат буда, бо услуби ҳикоят андар ҳикоят, ба насри мусаҷҷаъ навишта шуда, муҳтавои  он аслан аз забони ҳиндӣ ба форсии тоҷикӣ тарҷума шудааст. Х. Мирзозода дар давоми  таҳқиқоти  хеш аз асарҳои насрии “Гулрез”, “Чиҳил номус”, “Номуси Акбар”, “Силк-ул-мулук”-и Зиёуддини Нахшабӣ ёд карда, хусусиятҳои адабӣ ва муҳтавояшонро баён доштаанд. Баъдан, вижагиҳои асари Ҳасан ибни Муҳаммад Шарофуддини Ромӣ “Анис-ул-ошиқин”-ро бозгӯӣ кардаанд. Дар мавриди бозгӯии намунаҳои осори насрии муншаот ё мактубот асарҳои “Эъҷози Хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, “Тарассул-ун-Насрия”-и Шарофиддин Фазлуллоҳи Қазвинӣ, “Дастур-ул-котиб”-и Муҳаммад Ҳиндушоҳи Шамс, “Ҷалолия”-и Муҳаммад ибни Алии Хоразмӣ, “Мунозират-ул-иншо” ва “Равзат-ул-иншо” - и Имодуддин Маҳмуд ибни Муҳаммади Гелониро бо махсусияташон нишон додаанд.

Х. Мирзозода таркиби “Гулистон”-и Шайх Саъдиро дар саҳ. 91-95–и китоби “Таърихи адабиёти тоҷик”. Китоби 2, ба тафсил баён карда, намунаҳои  зиёдро таҳлил намуда, забон ва насри Саъдиро намунаи беҳтарини адабиёти форсии тоҷикии асри Х1V ҳисобидаанд. Дар мавриди таҳқиқи рӯзгору осори Убайди Зоконӣ асарҳои мансури ӯро, аз ҷумла “Ахлоқ-ул-ашроф” -ро низ таҳлилу таҳқиқи муфассал намуда, ҳамаи муҳтаво, муқаддима ва 7 боби асарро дар саҳифаҳои  205-212 ба таври хеле равон бозгӯӣ карданд. Баъд, дар саҳ. 212-221 асарҳои “Рисолаи “Дилкушо”, “Рисолаи “Даҳ фасл”, “Рисолаи “Сад панд”, “Ришнома”-и  Убайди Зокониро бо маводу мадраки асарҳо, хусусияти забониву адабӣ, жанрӣ, образҳои истифодашуда, мавқеи ҳаҷви иҷтимоӣ дар ин асарҳоро бо овардани мисолҳои ҷолиб таҳлил намудаанд.

Х. Мирзозода дар боби “Адабиёти асри  ХV”, ки яке аз бобҳои охирини китоби “Таърихи адабиёти тоҷик”. Китоби 2 аст, дар мавриди баррасии раванди адабии асри ХV, дар саҳифаҳои 312-313 ба таври обзорӣ осори мансури ин марҳилаи адабиёти форсии тоҷикиро баён кардаанд ва чунин асарҳоро намунаҳои беҳтарини насри ин давра ҳисобидаанд: “Баҳористон”, “Нафаҳат-ул-унс”, “Руқаот”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Такмилаи нафаҳот”-и Абдулғафури Лорӣ, “Мақомоти Ҷомӣ”-и Абдулвосеъ Низомии Бохарзӣ, “Анвори Суҳайлӣ”, “Ахлоқи Ҷалолӣ”, “Ахлоқи Мӯҳсинӣ”, “Махзан-ул-иншо”-и  Ҳусайн Воизи Кошифӣ, “Ҳусну Дил”, “Шабистони Хаёл”-и Яҳёи Себаки Фаттоҳӣ, “Девон-ур-расоил”-и Мавлоно Муинуддини Исфизорӣ, “Саррофнома”-и Шаҳобиддин Абдуллоҳи Марворид ибни Муҳаммади Кирмонӣ, “Номаи номӣ”-и Хондамир, “Равзат-ус-сафо”-и  Мирхонд. Воқеан, ин асарҳо, ки намунаи хеле ҷолиби насри асри ХV мебошанд, ба масъалаҳои ахлоқ, тарбия, таърих, илми номанигорӣ, дар бораи шахсиятҳо бахшида шуда, аз намунаҳои аълои насри ин марҳилаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ мебошанд.

Аз баррасии ин мавзӯъ ба хубӣ мушоҳида мегардад, ки Холиқ Мирзозода ҳамчун донишманди пухтакору тавоно дар се китоби беназири “Таърихи адабиёти тоҷик”, ки дар адабиётшиносии муосири тоҷикӣ то ҳоло назири худро надоранд, заминаҳову сарчашмаҳо ва ташаккулу таҳаввули насри форсии тоҷикиро аз осори фолклорӣ, динӣ, мазҳабӣ, таърихӣ ва тарҷумагардида аз сарчашмаҳои гуногуни хаттиву шифоҳӣ ва матни ин осор ҷуста, бо як низоми муайяни илмӣ таҳқиқ кардаанд. Ҳамаи таҳқиқоти ин донишманди пуркор дар заминаи ҷустуҷӯ ва пажӯҳиши сарчашмаҳои боэътимод ва матни ин асарҳо ҷараён гирифтаанд.

Вафо Элбоев, 

профессор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш