Нашрияи Омӯзгор

 Шинохти чеҳраҳои таърихӣ

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Устод Сотим Улуғзода аз зумраи он адибонест, ки дар эҷоди осори бадеии хеш бештар ба равшан намудани масоили таърихӣ-фарҳангӣ пардохта, тавонистаанд, ки ҳаводиси фаромӯшшудаи таърихи гузаштаи халқи тоҷикро хеле мӯшикофона ба қалам диҳанд.

Фаъолияти адабии худро С. Улуғзода аз тарҷумаи осори насрӣ ва драмавӣ (аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ) шурӯъ намудааст.  Яке аз асарҳои тарҷуманамудаи ӯ асари адиби рус М.Алексеев бо номи “Сом ва Дик” будааст. Устод С.Айнӣ ҳангоми дар бойгонии нашриёти шаҳри Самарқанд кор карданаш бо ин тарҷума шинос шуда, ғоибона ба тарҷумон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва ба муҳаррири нашриёт бо мактуб муроҷиат карда, хоҳиш менамояд, ки мутарҷими ҷавонро дастгирӣ намоянд. С. Айнӣ дар мактубаш чунин қайд намудааст: “…тарҷума агарчи айбу нуқсонҳо дорад ва тарҷумонаш ҷавони бетаҷриба менамояд, вале қобили таваҷҷуҳ аст ва тарҷумон матлаби ҳикояро ба хубӣ фаҳмида, маъниҳои борики онро ба таври худ ифода карда тавонистааст ва ҷо-ҷо забонаш ҳам бад нест, бинобар ин, ман дастнависи ӯро таҳрир ва тасҳеҳ карда баромадам, маслиҳат ин ки инро ҳар чӣ зудтар барои бачагон чоп карда бароред ва тарҷумонро аз ин ба баъд ҳам ба кор ҷалб карда роҳбарӣ намоед, ки тараққӣ кунад, саводаш ва таҳрираш такмил ёбад”

С.Улуғзода минбаъд дар навиштаҳояш зикр кардааст, ки “... мактуби устод, боварии маро ба худам, умедамро аз худам зиёд кард ва маро водор намуд, ки минбаъд бо камоли ғайрат ва ҷиддият худро ба кори соҳаи нашриёт ва матбуот ҳозир намоям”. Дар 10 соли аввали эҷодиёти худ С.Улуғзода беш аз 20 асари хурду калонро аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Соли 1936 ӯ бо ҳамроҳии Б.Муҳаммадиев аввалин драмаи худро бо исми “Лашкар ба дарвозаи Бухоро» менависад. Аз сабаби вафоти Б.Муҳаммадиев ин асар нотамом мемонад. Сипас, соли 1939 песаи “Шодмон” ва соли 1940 песаи “Калтакдорони Сурх”-ро менависад.

Муҳтавои асосии песаи “Калтакдорони Сурх”-ро ҳамлаи ғоратгароёнаи Иброҳимбек ва аз ҷониби аскарони сурх торумор шудани ӯ ташкил медиҳад. Мунаққидони адабӣ песаи мазкурро яке аз песаҳои беҳтарини солҳои 30-юм донистаанд.

Мавзӯъҳои асосии осори давраи баъдиҷангии С.Улуғзода, чун дигар адибони Шӯравӣ тасвири ҳаёти колхозӣ, барқарорсозии соҳаҳои харобгаштаи давраи ҷанг ва тимсоли онҳо мебошанд. Маълум аст, ки насри реалистии тоҷик аз повести «Одина»-и С.Айнӣ шурӯъ мешавад ва дуюмин адиби тоҷик, ки дар инъикоси воқеаю ҳодиса ва таърихи куҳани халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст, устод С.Улуғзода мебошад. Дар навиштани романи таърихӣ ба С.Улуғзода маҳорати дар ҷодаи офариниши осори драматургӣ касб кардааш кумаки беандоза расонидааст. Дар романи «Восеъ» нависанда кӯшиш намудааст, ки воқеаҳо ва амалиёти қаҳрамонҳои асарашро воқеъбинона ба қалам диҳад. Чунин нигориши муаллиф ҷаззобияти романро дучанд кардааст. Масалан, дар бораи чӣ тавр ба Самарқанд сафар кардани Восеъ адиб дар хотираҳояш ин тавр нигоштааст: «Боре ба Самарқанд сафар кардани Восеъро ба ман Иброҳим Маҷнунзода гуфт». Нависанда аз ёддоштҳои шахси дуюм низ устокорона истифода кардааст. Хонанда дар роман на танҳо бо қаҳрамонҳо-шахсиятҳои таърихӣ шинос мешавад, балки бо эпизодҳои воқеии ҳаёти тоинқилобии халқи тоҷик ошно мешавад. Масалан, зикри гуфтугӯе, ки Восеъ дар зиндон бо дигар зиндониён кардааст, хеле аҷиб аст: “Аз сӯрохии шифти зиндон хира-хира чашмак задании ду ситора намоён буд. Як зиндонии солхӯрдаи худотарс он ситораҳоро “ду чашми Парвардигор» номид, ки ба зиндон нигоҳ мекунад. “Ду чашми Худо”, - худ ба худ такрор кард Восеъ. - Рост гуфтӣ, Худо ҳеҷ вақт бандагонашро бо як чашм намебинад» ва илова мекунад: “Росташро бигӯям, додарон, ман кори Худоро ҳеҷ нафаҳмидам. Худои таолоро одил аст мегӯянд, пас чаро ӯ доди фақиронро намешунавад? Ба амиру ҳокимон ғазаб намекунад…?»

Повести “Ривояти суғдӣ” низ инъикоскунандаи ҷавонмардӣ ва қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик мебошад. Дар ин повест қаҳрамонҳои асар суғдиёни аслӣ мебошанд, ки бар зидди зулму истибдоди арабҳои ғосиб ҷангидаанд. Фаслҳое, мисли “Иғво”, “Баҳс”, “Бо имом”, “Адолат чист?”, “Баҳс бо Фаррухӣ” ва ғайра таҷассумгари саҳеҳи воқеаҳои таърихиянд. Мубориза бурдани қаҳрамонҳоро баҳри хушбахтӣ дар повести “Ривояти суғдӣ” хеле ибратбахш аст. Дар романи “Фирдавсӣ” С. Улуғзода масъалаҳои асосии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии замони зиндагии Фирдавсиро тасвир кардааст. Адиб дар фаслҳои “Абу Дулаф”, «Ҳусайн Қутайба», “Шоири ноком”. . . хонандаро якбора ҳам бо ҳаёти сиёсиву таърихии гузаштаи миллат ва ҳам бо шахсиятҳои илмиву адабии давр рӯ ба рӯ мекунад. Осори бадеӣ-таърихии Сотим Улуғзода аҳамияти барҷастаи тарбиявӣ ва ватанпарварӣ дошта, махсусан, дар тақвияти ҳисси худшиносии миллии ҷавонон таъсири муҳим мегузорад.

Гулсанам САИДОВА,

омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд,

Нилуфар САИДОВА,

омӯзгор аз шаҳри Гулистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш