Нашрияи Омӯзгор

Расми беҳтарин қадрдонӣ мешавад

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Ба истиқболи Рӯзи байналмилалии муҳити зист ширкати «Помир энерҷӣ» бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни расми беҳтарин таҳти унвони «Об барои ҳаёт»-ро байни хонандагони таълимгоҳҳо эълон дошт. Расми ба ҳакамон пешниҳодшуда бояд тарғиби ҳифзи муҳити зист ва бахусус, ҳифзи воситаҳои марбутаи обро фарогир бошад.

Тибқи талаботи низомномаи озмун мусаввараҳо бояд аз 20 апрел то 20 май ба ҳакамон пешниҳод гарданд. Маҳсули эҷодии хонандагон аз 24 май то 2 июн санҷида шуда, баҳогузорӣ мешавад.

Ғолибони гурӯҳҳои синну солӣ бо ифтихорномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва туҳфаҳои қиматбаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.

 

«Ватанпарвар» фаъол аст

Муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва қисми ҳарбии 01123 байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ бо унвони «Ватанпарвар»-ро баргузор намуд.

Тибқи талаботи шартҳои мусобиқа хонандагон бояд дар сафороӣ, фасл ва васл кардани яроқи оташфишон (автомат Калашников), вазнбардорӣ, дорбозӣ, танобкашӣ ва ба рӯй кашидани ниқобро бо чолокӣ ва саҳеҳ ба ҷо оваранд.  Таҳия ва бо маводҳои ҷолиби мансуби соҳа мураттаб намудани рӯзномаи «Ватанпарвар» низ яке аз шартҳои мусобиқа маҳсуб ёфт. Ширкати фаъолонаи хонандагон дар мусобиқа нишон дод, ки таълимдиҳии фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар таълимгоҳҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

Хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон барои иҷрои хуби шартҳои мусобиқа ҷойи аввалро соҳиб шуда, ҳуқуқи ширкат дар мусобиқаи ҷумҳуриявиро пайдо намуданд.

Дар ҷои дуюм хонандагони ноҳияи Роштқалъа ва зинаи сеюмро толибилмони шаҳри Хоруғ ишғол намуданд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков дар ҷамъбасти мусобиқа арз дошт, ки чунин мусобиқаҳо шавқу завқи хонандагонро ба хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ватандӯстию хештаншиносӣ ва фаъолияти эҷодӣ афзун мегардонад.

 

Мансур ва Гулбаҳор ғолиб омаданд

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар олимпиадаи байналмилалӣ таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо саҳми Донишгоҳи муштараки Қазоқистону Олмон баргузор гардид, фаъолияти хуб нишон доданд. Донишҷӯи курси сеюми факултаи биология Мансур Нодиршоев аз рӯи бахши дуюм - «Тағйирёбии иқлим ва энергияи тоза» сазовори ҷои якум шуд. Гулбаҳор Қодирова, донишҷӯи курси чоруми ҳамин факулта ҷои сеюмро ҳимоя кард. Олимпиада ба тариқи онлайн бо забонҳои русию англисӣ баргузор гардид.

Ғолибон дар ҷамъомади тантанавӣ бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ қадр шуданд.

Қисмати ниҳоии мусобиқа охири моҳи май дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон бо намоиши гӯшаҳои табиат ва мушкилоти ҷойдоштаи иқлими ҷаҳон доир мегардад.

 

«Сайёраи кӯдакон» дар сафи пеш

Бо иқдоми омӯзгори варзида Паризод Салимова дар маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ муассисаи томактабии «Сайёраи кӯдакон» ба фаъолият оғоз кард. Тибқи ҷадвали расмӣ дар муассиса омӯзиш бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, малакаандӯзӣ бо технологияи нав, бозиҳо ва дигар машғулиятҳо шавқовару аҷоиб баргузор мегарданд. Ҳар саҳар пеш аз оғози машғулиятҳо бо кӯдакон машқҳои варзишӣ гузаронида, ба онҳо алифбои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, мисли одоби салом додан, ҳурмату эҳтироми калонсолон, дӯст доштани падару модар, ватан, тарзи дуруст пӯшидани сару либос, одоби тановули таом ва ғайраро ёд медиҳанд.

5 нафар омӯзгор бо кӯдакон сару кор дошта, машғулиятҳо аз соати 8-и саҳар оғоз шуда, соати 5 рӯз анҷом меёбанд. Дар муассиса 3 вақт ба кӯдакон хӯроки серғизо дода мешавад.  Дар «Сайёраи кӯдакон» шумораи тарбиятгирандагон рӯз аз рӯз меафзояд.

Ба гуфти директори муассиса аз оғози таҳсили соли оянда кӯдакони аз оилаҳои ниёзманду маъюб ба таври ройгон фаро гирифта мешаванд.

 

 Ҷ. Қозибеков,

 «Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш