Нашрияи Омӯзгор

Тоза нигоҳ доштани муҳити зист – вазифаи мо

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

 

Рӯзгори моро бе муъҷизаи олам – об тасаввур намудан нашояд. Агар об нест, зироат намерӯяд. Агар об камчин аст, ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд, об набошад, гандум намесабзад. Биноан,  қиматшавии ҳар гуна маводи ниёзи аввалияи мардум, бахусус, гандум ҳам вобаста ба об аст.

Мо ҳамарӯза ба ин неъмати бебаҳо  эҳтиёҷмандем. Дар халқ ҳам зарбулмасалу гуфторҳои зиёде эҷод шудаанд, ки муъҷизаноку муҳим ва зарур будани обро таъкид мекунанд. Агар шахсе ҳатмӣ будани чизеро ифода карданӣ бошад, мегӯяд: Он ба ман чун обу ҳаво зарур аст. Яъне, бе об наметавон зист ва ё вуҷуд дошт. Ё ин ки дар фолномаҳо омадааст: Оби тоза нӯшидан дар хоб пеш омадани осудаҳолист. Умуман, бе об зиндагонӣ кардан муҳол ва ё худ ғайриимкон мебошад.

Боиси таассуф аст, ки баъзан ба қадри ин муъҷиза намерасем. Худованд бо сифати офарандагияш мегӯяд: «Ӯст, ки (Худованд) аз осмон бароятон борон нозил кард, аз он менӯшед ва бад – он гиёҳ мерӯяд ва чорпоёнро мечаронед». Об дар баробари он, ки нӯшокии одист, софкунандаи ҳамаи палидиҳо ҳам мебошад.

Имрӯзҳо ҳам воситаҳои ахбори омма  барои сарфаю сариштакории об зиёд мегӯянду менависанд. Дар Радиои Тоҷикистон ҳам рекламаи хубе  ҳаст: «Об мерезад, садои резиши он гӯшнавоз аст. Оре, вале чаро об беҳуда мерезад?».

Ин матни кӯтоҳ, вале пурмуҳтаво қариб, ки ҳамарӯза  садо медиҳад, аммо намеандешем, ки воқеан ҳам, чаро об беҳуда мерезад? Ҷумакҳои  обрезаҳо (водопроводҳо), хатҳои обгузаронии хонаҳои баландошёна бе мурватҳои қатъкунандаи фишори об аст ё вайронанд.

Афсӯс, ки чунин беаҳамиятӣ боз бештар аз тарафи калонсолон рӯй медиҳад. «Ташнаро як қатра об аз моли дунё беҳтар аст», - гуфатаст шоир. Воқеан ҳам, ҳар чӣ, ки зиёд аст, ба қадраш намерасем, вале оқибат ин қадрношиносиҳо рӯзе моро ба фалокат дучор хоҳанд кард.

Солҳои охир ҳодисаҳои сербориш омадани сол, дамидани дарёҳоро, ки ба ҷони одамон таҳдид намудаанд, зиёд шунидаву бо чашмони худ ҳам дидаем. Чӣ қадар заминҳои хоҷагиҳои давлатию шахсӣ, боғоту хонаҳоро сел шуста  мебарад ва хисороти зиёде ба буҷаи ҳукумат меорад. Магар ин барои мо намунаи ибрат нест? Пас, чаро ҳамаи инро дидаву дониста обро беҳуда сарф менамоему ба қадарш намерасем?

Баъзан ба андеша меравем, ки чаро солҳои охир сафи беморон дар ҷумҳурӣ хеле афзудааст, вале аз он фикр намекунем, ки аксаран барангезандаи бемориҳо худамон ҳастем. Афсӯс, ки аксари корхонаҳои шахсони алоҳида низ партовҳои хешро ба оби ҷӯйбору дарёҳо мепартоянд. Мутобиқ ба ҷойгиршавии маҳал ва набудани оби нӯшокӣ як иддаи дигар аз ин гуна оби ифлос меошоманд, ки ба бемориҳои мухталиф оварда мерасонад. Гарчӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз панҷоҳ стансияи санитарию  эпидемиологӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ вуҷуд доранду олимони зиёди соҳаи химияю биология ва экология дар он фаъолият мекунананд, боз ҳам тозашавии замину атмосфера ба дараҷаи дилхоҳ нест. Барои он ки худамон ба кори эшон бо амалҳои ношоистаамон халал мерасонем. Ҳатто бархе аз истифодабарандагони об обҳои ҳаммом ва ҷомашӯйхонаҳояшонро ба оби дарё ҳамроҳ мекунанд. Дар ҳақиқат,  бе об ҳаёт нест. Бар замми он ки обро менӯшем, бо он хӯрок ҳам мепазем, дар корхонаҳои бузурги саноатӣ низ ба он эҳтиёҷ доранд, аз он қувваи барқ истеҳсол мешавад.

Алҳол дар ҷумҳуриамон бештар аз сад  корхонаи бузурги саноатӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи онҳо бе истифодаи об фаъолият карда наметавонанд. Масалан, барои истеҳсоли як тонна арзиз (алюминий) 120 метри мукааб об даркор аст, барои  як тонна пахта бошад, 10 ҳазор метри  мукааб ва барои истеҳсоли як тонна моддаи химиявӣ  2000  метри мукааб об сарф мешавад. Дар шароити ҳозира масъалаи асосӣ – тозагии муҳити зист – экология истодааст. Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки аксари бемориҳо аз ифлосии об ва сирояти он ба амал омадаанд. Бинобар ин, ҳоло шуъбаҳои эпидемиологӣ, экологӣ ва ғайра диққатро бештар ба он равона карда истодаанд, ки сари роҳи ин амали номатлубро гиранд. Мутаассифона, аксаран кори  онҳо низ барор намегирад, зеро ки мо, шаҳрвандон, ба ҷойи ёрӣ ба онҳо корашонро вазнин мегардонем. Баръакс, муқобили тавсияҳои онҳо амал менамоем, ки ин, албатта, аз бемасъулиятии мо дарак медиҳад.

Об яке аз чор унсури олам аст. Фалес – файласуфи Юнони Қадим обро низ чун хоку боду оташ сабаби ҳастии  олам номидааст ва табиатро бе онҳо тасаввур намудан муҳол аст. Дар аксари мамолики ҷаҳон об манбаи аввалиндараҷаи ҳаёт ба шумор меравад. Шояд аз ин ҷиҳат бошад, ки дар чунин кишварҳо ба қадри об бештар мерасанд. Дар Тоҷикистони мо бошад, об фаровону арзон аст ва аз ин рӯ, ба қадраш бояд  расид. Оби нӯшокӣ ва  мушкилоти он диққати олимони ҷаҳонро ба худ кашидааст. Беҳуда нест, ки СММ  бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон солҳои 2005-2015-ро «Даҳсолаи байналхалқии оби нӯшокӣ» эълон намуда буд. Инак, боз иқдому ташаббус ва пешниҳоди чоруми    Пешвои миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аст, ки «Даҳсолаи  байналмилалии амал – «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» расман дар Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март барои даҳ соли дигар шурӯъ гардид.   

Бино ба ақидаи олими шинохтаи рус И. И. Лвович,  4 млрд. сол пеш кураи Замин аз оби озод маҳрум будааст. Баъди чор млрд. сол ҳаҷми гидросфера 20 млн. километри мукаабро ташкил медод. Аз захираҳои оби сайёраи Замин танҳо  се фоизаш оби нӯшокӣ аст. Ҳамагӣ як фоизи он дастрас аст, ки агар онро оқилона истифода барем, барои 12 млрд. нафар  одами кураи Замин баҳузур мерасад. Оби сайёра каму беш намешавад, вале дар натиҷаи муносибати нодуруст, исрофкорӣ оби нӯшокӣ кам мешавад.

Агар истифодаи нооқилонаи об, саривақт тоза накардани ҷӯю заҳбурҳо, қисман ё пурра таъмирталаб шудани иншооти гидротехникӣ дар бисёр ноҳияҳо сабабгори баландшавии обҳои зеризаминӣ, шӯрабандии киштзор ва камшавии ҳосилнокии он, хушк гардидани дарахтон, заҳу рутубатнок шудани хонаҳои истиқоматӣ ва боиси пайдоиши касалиҳо гардад, аз тарафи дигар муҳити зист – экологияро вайрон мекунад.  Дар бархе аз нуқтаҳои аҳолинишин аз сабаби афзудани заҳи замин ва наёфтани роҳи ислоҳи он сокинон ҳатто ба ҷойҳои дигар кӯч мебанданд. Тайи чанд соли охир дар баъзе аз ноҳияҳо миёни пахтазору заминҳои  наздиҳавлигӣ шолӣ кишт карда мешуд, ки он боиси болоравии обҳои зеризаминӣ, зиёдшавии заҳ ва аз ҳосил мондани заминҳои атроф гашт. Бинобар он,  бояд оби Тоҷикистони азизамонро муқаддас донему аз он сарфакорона истифода барем.

Чунонки гуфта шуд, об дар баробари он, ки ба мо дар ҳама кор кумаки аввалиндараҷа мерасонад,  ҳамзамон, метавонад, ки зиндагии моро ноором гардонад. Яъне, ҳангоми тоза накардани ҷӯйю заҳбур ва заҳкашҳо, ифлосиҳои зиёде дар он ҷамъ шуда, ба бемориҳои гуногун мардумро мувоҷеҳ мегардонад, зеро пасмондаҳои ҳама чиз дар ҷо – ҷо ҷамъ гардида, атроф бадбӯй,  фазо халалдор ва нафаскашӣ душвор мегардад. Халалдор гардидани муҳити зист боиси ташвиш ва аз даст додани саломатии аҳолӣ  хоҳад шуд. Бинобар он, шогирдони мактабҳо, аҳли ҷамоатчигии мамлакат, новобаста ба синну сол ва касбу корашон  бештар ба ҷавонон ва дигар атрофиён ҳушдор дода шавад, ки  дар кори беҳ гардондани муҳити зист фаъол бошанд.         

 

Ҳотами ҲОМИД,

 рӯзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш