Нашрияи Омӯзгор

Донистани забони хориҷӣ ифтихор аст

Сана: 2021-05-19        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ дар машғулиятҳо ва ё дар корҳои беруназсинфӣ ба ташкил намудани корҳои мустақилона  аҳамияти махсус дода мешавад. Малакаҳои умумитаълимиро дар хонандагон ташаккул дода, майлу хоҳиши доимии такмил додани сатҳи забондонии онҳоро тарбия намудан айни муддаост. Ба ин васила дар дарсҳо роҳу усулҳои гуногуни корҳои мустақилона истифода мешаванд. Барои ин ба мисолҳо, суратҳои ранга ва нақшаҳо бояд бештар такя кард. Маводи дидактикӣ ва сабти овозҳо низ хеле муфид мебошад. Ба хонандагон ёд додани истифодаи мустақилона аз луғат, китобҳои дарсӣ, маълумотномаҳои грамматикӣ, кишваршиносӣ ва инчунин, воситаҳои таълимӣ зарур аст. Истифодаи доимии ҳуҷраи лингофонӣ ва компютерӣ барои корҳои мустақилонаи талабагон, ташаккули  талаффуз, нутқи шифоҳӣ ва техникаи дониш зарур шуморида мешавад. Корҳои беруназсинфиро вобаста ба синну соли хонандагон, майлу рағбат ва сатҳи забондонии онҳо ташкил кардан ба мақсад мувофиқ мебошад.  Вазифаҳои асосии кори беруназсинфӣ аз такмил додани қобилияти нутқ, ки дар рафти машғулиятҳо ба даст оварда мешавад, иборат буда, хонандагонро ба худомӯзӣ тайёр менамояд.

Се намуди асосии корҳои беруназсинфии забони хориҷиро фарқ кардан зарур мебошад: фардӣ, гурӯҳӣ ва умумӣ. Яке аз шаклҳои корҳои беруназсинфӣ маҳфилҳо ба шумор мераванд. Маҳфилҳо моҳиятан ташаккули маҳорати нутқи шифоҳӣ, хониши матнҳои бадеӣ ба забони хориҷӣ ва муҳокимаи онҳоро бо забони хориҷӣ дар бар мегирад.

Дар тарбияи шахсияти мактаббача омӯзиши забони хориҷӣ нақши муҳим бозида, ҷаҳонбинӣ, тафаккур, хотира, эҳсос ва ҳиссиёти хонандаро афзун  мегардонад.

Омӯзиши забони англисӣ ба тарбияи ахлоқӣ, ки мақсади тарбияи инсон аст, мадад мерасонад. Ҳангомии таълими забони хориҷӣ муҳимтарин сифатҳои ахлоқии инсон – ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия карда мешавад. Эҳсоси ҳамдилӣ бедор мегардад, чунки омӯхтани забони хориҷӣ ҳамчун воситаи муомилаи байниҳамдигарии хонандагону омӯзгор тавассути забони омӯхташаванда амалӣ мешавад. Ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ тарбияи меҳнати фикрӣ инкишоф меёбад. Хонандагон усулҳои меҳнати фикрӣ, мазмуну муҳтавои китобҳои таълимӣ, машқҳои лингофонӣ, сабти овоз, истифодаи маълумотномаҳои гуногуну асбобҳои аёнӣ, маҳорати худназораткунӣ ва худислоҳкуниро аз бар  менамоянд. Ҳамзамон, хонандагон бо чеҳраҳои шинохтаи аҳли ҳунар, аз ҷумла, рассомон, меъморон, шоирон ва нависандагону олимон шиносоӣ пайдо мекунанд.

 

Мавзуна ВОҲИДОВА,

 омӯзгори забони англисии

мактаби №46,  ноҳияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш